Экспедитсияи мардумшиносӣ ва санъатшиносӣ дар Бадахшон ба анҷом расид

Як гуруҳи таҳқиқотии Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки бо фармони Вазири фарҳанг 16 рӯз саргарми корҳои пажуҳишӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон буд, ба Душанбе баргашт.
Ҳашт нафар кормандони шуъбаи эҷодиёти мардумӣ ва таҳлилӣ-методии Пажуҳишгоҳ, аз ҷумла Д. Раҳимов, Н. Қличева, А. Аминов, З.Холмуродов, Л. Носирова, Ш. Бердиева, П. Абдувоҳидов ва М. Ниёзова  ба ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим, Рўшон ва шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон  сафар карданд. Ҳадаф бар асоси “Барномаи давлатии Ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ барои солҳои 2013-2020”  гирдоварии мавод доир ба рақси тоҷикӣ ва ҳунарҳои бадеии халқӣ буд.
Дар ин сафар ҳамаи кормандон ба соҳаҳо ва мавзўъҳои муайян сафарбар шуда, бо намояндагони касбу ҳунарҳои гуногун мулоқот карданд, мусоҳибаҳо анҷом доданд, аксҳо гирифта, наворҳои овозию видеогӣ сабт намуданд.
Аз ҷумла, маводи этнографӣ доир ба ақоид ва боварҳои мардуми Бадахшон, бозиҳои анъанавии бачагон, санъати мадҳиясароӣ, ҷашни Наврўз (Шогуни баҳор), маросими чароғравшан, ҳунарҳои тоқидўзӣ, ҷўроббофӣ, созтарошӣ, кандакорӣ, чўбтарошӣ, оҳангарӣ, сабадбофӣ ва ғайра гирдоварӣ шуданд.
Рақсҳои “Раҳпои шуғнонӣ” занона ва мардона, рақси занонаи “Се зарб”, “Аспакбозӣ”, “Рақси махарабозӣ”, “Рақс бо най”, “Рақс бо ғижак”, Рақс бо рубоби бадахшонӣ”, “Раҳпои вахонӣ” занона ва мардона, рақсҳои мардонаи вахонӣ “Калтакбозӣ” “Раҳпои рушонӣ”, рақси мардонаи “Раҳпои бартангӣ”, рақси сўгвории “Пойамал”, рақсҳои “Чуббозӣ”, “Кошуқ”, “Шамшер”, “Най”, “Раҳпо”, “Қадам”, “Кўза” ва ғайраҳо бо дастгоҳи видео сабт шуданд.
Роҷеъ ба таомҳои анъанавии маҳаллӣ: хувдашав (ширравған), қамочтарӣ (чикаш), ширчой, ношхўхпа, ғавзамағз, тачтигарда, боҷ, бат, хихц, амоч (умоч), ғубай, хомнигул, кочӣ, далия, хочхарво, ширкаду, зоғбат, боҷ, фувгарда, хакбармак, ширфатир, маҳинош ва чанде дигар маълумоти муфассал навишта гирифта шуд.
Натиҷаҳои умумӣ аз экспедитсия чунинанд:

  • Омӯзиши 190 ҳунарманд ва санъаткор;
  • Миқдори аксҳо – 1672 адад;
  • Сабти видео – 633 дақиқа;
  • Сабти овозӣ – 667 дақиқа;
  • Маводи фолклорӣ – 85 матн;
  • Варақаҳои инвентаризатсионии касбу ҳунарҳо – 16 адад.

Маводи ҷамъоваришуда ба бойгонии ПИТФИ супорида хоҳад шуд. Бо истифода аз мавод таълифи мақолаҳои илмӣ ба шакли китоб дар нақша мебошад. Инчунин маводи ба даст омада дар такмили Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ (барои соли 2018), таълифи номинтсияҳо барои ЮНЕСКО ва тартиб додани ҳуҷҷатҳои инвентаризатсионӣ истифода хоҳанд шуд.

Зафар Холмуродов,
Ходими калони илмии
Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии
фарҳанг ва итиллоот

барчасп: