Дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ба муносибати 70-солагии истиқлолияти Ҳинд дар Тоҷикистон Фестивали фарҳанги ин кишвар баргузор мешавад. Манбаъ мегӯяд ин нукта дар мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг ва Сомнатх Гош, сафари Ҳиндустон дар Тоҷикистон мавриди суҳбат қарор гири фтааст.
Ба гуфтаи Сомнатх Гош, ҷониби Ҳинд тасмим гирифтааст ба муносибати 70-солагии Истиқлолияти ин кишвар ва 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин 25-солагии ба роҳ мондани робитаҳои дипломатии Душанбе ва Деҳлии нав Фестивали фарҳангии Ҳиндро дар Тоҷикистон баргузор созад. Ў аз вазири фарҳанги Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки дар ташкили фестивали мазкур мусоидат намояд.
Шамсиддин Орумбекзода гуфт, фарҳанг ва маданияти Ҳинд байни мардуми тоҷик маҳбубияти беназир дорад. Ў гуфт, ки ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ на танҳо дар пойтахт, балки дар дигар шаҳру манотиқ низ боиси боз ҳам ғанӣ гардонидани фазои фарҳангӣ хоҳад гашт.
Инчунин ташкили барномаҳои консертии муштарак бо иштироки сарояндагони муосир, намоишҳои театрӣ аз ҷониби ҳаводорони санъат хуш пазируфта хоҳанд шуд.