Фестивали фарҳангиву сайёҳии Мероси Роҳи Абрешим дар “Боғи Ирам”

Имрӯз, 3-уми сентябри соли Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» -и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали фарҳангиву сайёҳии Мероси Роҳи Абрешим таҳти унвони «Рангоранг» баргузор гардид.
Дар Фестивали мазкур роҳбарият ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, масъулини соҳаи сайёҳии давлатҳои хориҷӣ, коршиносон, сафирону кормандони корпуси дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва намояндагони васоити ахбори оммаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.
Барои меҳмонону сокинони пойтахт ҳунармандони вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон намунаи ҳунарҳои дастии худро ба намоиш гузоштанд.
Ҳамчунин дар фестевали мазкур сафоратҳои ҷумҳуриҳои Афғонистон, Покистон, Чин, Қирғизистон, Ҳиндустон, Русия, Қазокистон ва дигар сафоратҳо таомҳои миллии худро пешкаш намуданд.
Сокинони пойтахт ва меҳмонон аз фестивал дидан намуда, як ҷаҳон таассуроти нек бардоштанд. Хусусан, ба меҳмонон ҳунарҳои зардӯзӣ, кандакорӣ, ва таомҳои миллӣ писанд омаданд.
Бояд қайд намуд, ки дар доираи Фестивали фарҳангиву сайёҳии Мероси Роҳи Абрешим «Рангоранг», Озмуни ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ доир гардид, ҷамбаст карда шуда, ба ғолибон диплом ва тӯҳфаҳо тақдим карда шуданд.

барчасп: