«Абёти шашмақом» рисолаи мусиқӣ оид ба «Шашмақом», ки охири асри XYIII – ибтидои асри XIX дар Бухоро таълиф гардидааст.
Муаллифаш номаълум. Рисола сохт ва шакли анъанавӣ дошта, аз муқаддима ва шаш фасл иборат аст ва бо хати хонои настаълиқ ба забони тоҷикӣ навишта шудааст.
Дар муқаддима тафсири муъҷази мусиқӣ чун илму санъат ва мавқеи он дар байни илм ва ҳунарҳои дигар, инчунин мақсади таълифи рисола зикр ёфтааст. Дар рисола (одатан дар ибтидо) аз соқиномаҳои классикони адабиёти форсу тоҷик порчаҳо оварда шудаанд ва онҳо то андозае пайвастагии банду басти оҳангиро ифода мекунанд.
Рисолаи мазкур асосан аз таркиби шӯъбаҳои овозии мақомҳои «Рост», «Бузург», «Наво», «Дугоҳ», «Ироқ» баҳс намуда, адади мақомҳоро хотирнишон месозад.
Фасли аввал бо мақоми «Бузург» оғоз ёфта, муаллиф роҷеъ ба таърихи пайдоишу моҳияти мавзӯӣ, ҷанбаҳои мусиқӣ ва сохту таркиботи шӯъбаҳои якуму дуюми овозии ин мақом тафсири мухтасаре додааст. Матни шӯъбаҳо бештар аз ашъори Рӯдакӣ, Анварӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Исмати Бухороӣ, Мушфиқӣ, Бедил, Зебуннисо ва инчунин шоирони асрҳои XYIII -XIX тартиб ёфтааст.
Дар қисмҳои «Уфар», «Тарона» рубоиёт ва дубайтиҳои халқӣ низ дохил шуда, баъзе тағйироти ба вуҷуд овардаи аҳли мусиқии он давра баён гардидаанд.
Фасли дуюм аз шарҳи мақоми «Рост», шӯъбаҳои асосӣ, шохаҳои таронавии ин маққом, тафсири муъҷази ҳар яки он ва тағйироти аҳли мусиқӣ дар такомули мақоми мазкур иборат аст.
Фаслҳои сеюм, чорум, панҷум ва шашуми «Абёти шашмақом» таркиботи овозҳои аслӣ ва фаръии мақомҳои «Наво», «Дугоҳ», «Сегоҳ», «Ироқ»-ро дар бар гирифта, ҳар қисмат тавзеҳоти шӯъбаю гӯшаҳои ин мақомҳо, такомули дохилкардаи аҳли мусиқии Бухороро зикр мекунад. Матни сурудҳои ин қисмҳо низ аз ашъори классикони форсу тоҷик гирифта шудааст.
Рисолаи «Абёти шашмақом» асари нисбатан мукаммал буда, анъанаҳои беҳтарини санъати овозхонии ниёгонамонро ифода менамояд. Рисола таҳти рақами 4632 – 1, 3059 – IV дар Институти дастнависҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфуз аст.