Ташаккули фарҳанги насли наврас

Китоб дар таърихи халқи мо ҷойи сазовореро мақом намуда, аз замонҳои қадим то ба имрўз барои ҳар фарди тоҷик ҳамчун яке аз арконҳои муқаддас шинохта шудааст. Китобу китобдорӣ пешаи қадимаи аҷдодони мост. Ниёгони мо ба китоб арҷгузорӣ намуда онро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳдорӣ менамудандва аз насл ба насл интиқол медоданд. Да ҳаёти рўзмарраашон ҳатто ҳангоми дар гаҳвора будани кўдак, баҳри рафъи ноҳинҷории ў китобро дар болои са-раш мегузоштанд, ки имрўз низ ин анъана дар аксари минтақаҳои тоҷикнишин давом дорад. Ба ақидаи ниёгонамон шахсе, ки китобхон буд «чун офтоб медурахшид» ва ба ў «фар»-и эзидӣ ҳамроҳ мегашт ва дар ҷомеа бо пиндори хуб, гуфтори хуб ва рафтори хуб ҷойгоҳи хосро ишғол менамуд. Ин ҳамон «фар»- е мебошад, ки бо мурури замон ба «фарҳанг» табдил ёфт. Аҷдодони мо баҳри пайдоиши алифбо ва баъдтар китоб ҳазорсолаҳо заҳмат кашидаанд ва онро дар ганҷинаҳои худ ҳамчун гавҳари ноёб ҷой доданд ва аз он мефахриданд, ки соҳибкитоб ва соҳифарҳанганд. Онҳо тайи ҳазорсолаҳо фарҳанги худро такмил дода, онро ба халқу миллатҳои дунё паҳн намуда ва ба ин васила дар ташаккули тамаддунҳои нахустин саҳм гузошта, ҳамчун миллати соҳибтамаддун дар ҷаҳон шинохта шудаанд. Мисоли равшани он нахустин алломаҳои (энсиклопедистони) баргузидаи ҷаҳонӣ аз шумори онҳост, ки ҳангоми Аврупо дар давраи ҷоҳилият қарор доштан, фархундафарзандони тоҷик мақому мартабаи илми Шарқро то ба сурайё расониданд. Ҳамаи ин дастовардҳои аҷдодӣ вобаста ба китоб ва китобдўстии онҳо буд, ки номи худро дар саҳифаҳои таърих бо хатти зарин сабт намудаву фарзонафарзандони бохирадро ба ҷаҳониён додаанд. Аммо, оё имрўз китоб ва китобдорӣ дар ҳаёти ҷумҳурӣ чунин мақомро соҳиб аст?

Ин соҳа дар кадом вазъ қарор дорад? Чаро таваҷҷуҳ ба китоб кам шудааст? Дар ин мақола муаллифон кўшиданд то ба ин ва амсоли ин саволҳо посух ёбанд.

Солҳои аввали истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон ба буҳрони фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ гирифтор гашт. Ҷумҳурии ободу зебои мо, ки дорои ҳазорҳо китобхона ва муассисаҳои фарҳангӣ буду аз он шаҳрвандон бе мамониат истифода менамуданд, насли наврас дар рўҳияи созандагиву ободкорӣ тарбият меёфтанд. Мутаассифона, кашмакашиҳои шаҳрвандӣ ба фарҳанг, иқтисодиёт таъсири манфӣ расонид. Садҳо кормандони болаёқат ва соҳибкасбии соҳаҳои фарҳанг ва маориф аз набудани имкони таъминоти оила дар мамолики гуногун коргари иҷборӣ гаштанд ва ин раванд на танҳо ба фарҳанг ва иқтисодиёт, балки ба тарбияи насли наврас низ таъсири нохуш расонид. Мафҳуми китоб, китобхона ва китобхон ба маънии гўшхарош мубаддал гашт ва мақоми омўзгору китобдор дар ҷомеа коҳиш ёфт.

Аммо ин масъала аз назари Ҳукумати кишвар дур набуд. Хусусан, аз соли 2000-ум инҷониб Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри рушди фарҳанг, аз ҷумла китобдорӣ иқдомҳои хуб ба миён овард ва як қатор қонуну қарорҳо, консепсия ва барномаҳои рушд дар ин самт қабул гардид, ки то андозае ҳолати соҳаро беҳбудӣ бахшид.

Аз ҷумла, қабули Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», 13 декабри соли 1997, № 519; «Дар бораи иттилоотонӣ», 6 августи соли 2001, № 40; «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ», 10 майи соли 2002, № 51; «Дар бораи иттилоот», 10 майи соли 2002, № 55; «Дар бораи ҳифзи иттилоот», 2 декабри соли 2002, № 71; «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», 1 августи соли 2003, № 32; «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», 18 июни соли 2008, № 411, ки аксаран ба кору фаъолияти китобдорӣ алоқамандӣ доранд, таҳкурсии боэътимоди рушди соҳа гардид. Барои рушди бемайлони соҳа ва дарки муҳиммият ва таъсири он даррушди соҳаҳои гуногуни ҷомеаи имрўза ҳамчунин қабули «Консепсияи рушди фарҳанги Тоҷикистон» ва «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006 – 2015», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ барои солҳои 2006 - 2015», «Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 - 2013» заминаи хубе муҳайё намуд.

Ҳамзамон бунёди биноҳои нави фарҳангӣ бо тарҳи замонавӣ ва муҷаҳҳазонидани онҳо бо таҷҳизоти пешқадами иттилоотию иртиботӣ, аз ҷумла бинои Китобхона ва Осорхонаи миллӣ, Наврўзгоҳ, Боғи Ирам ва даҳҳо муассисаҳои дигари фарҳангӣ-фароғатӣ дар гўшаву канори кишвари соҳибистиқлол, далели равшани сиёсати хирадмандонаи Президенти малакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Инкишофи ҷомеа ва рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва ба ин васила баланд шудани сатҳи зиндагии мардум аз ҳар ҷиҳат ба фарҳанг ва маънавиёт иртибот мегирад, ки он дар натиҷаи хониши дуруст ва пайгирона ба амал меояд. Ин аст, ки инкишофи бонизоми ин соҳа, гиромидошти анъанаву суннатҳои аҷдодӣ, ба вуҷуд овардани шароит ҷиҳати рушди он ва ба халқиятҳои дигари кишвар ва хоса ба хориҷиён муаррифӣ намудани дастовардҳои фарҳангӣ, аз ҷумла китобдорӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи ҳукумати кишвар қарор дорад. Ба ин мазмун, дар Паёми имсола низ Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки «Ҳукумати кишвар ба инкишофи бонизоми фарҳанг ва, махсусан, масъалаи боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳтиром ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, эҳёи анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, рушди санъату мусиқӣ ва театр таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд».

Воқеан дар ҳар гуна кишвари соҳибистиқлол фарҳанг истиқлолият мехоҳад. Истиқлолияти ҳастӣ, анъанаву суннатгароӣ, инкишофу рушд ва мавқеъпазирӣ  дар фазои фарҳангии ҷаҳонӣ. Дар ин радиф мо - тоҷикон низ ҳуқуқи комил ба истиқлолияти фарҳангиро дорем. Дар ин самт истиқлолияти кишвар шароит ва имконоти хуберо фароҳам овард.

Вале, тавре дар Паём мазкур омадааст, «бо вуҷуди тадбирҳои то ба ҳол андешидашуда ҳануз ҳам баъзе масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили костагии фарҳанги гурўҳҳои алоҳидаи ҷомеа ва гароиши онҳо ба мафкураи бегона мавҷуданд».

Воқеан мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳад, ки аксари нафарони ба мафкураи бегона гараванда он нафаронеанд, ки дар мактаб дуруст таҳсил накардаанд, касбу пешаи муайяне надоранд, аз мутолиаи китоб дуранд, аз фарҳанги худӣ огаҳии камтар доранд, дар интихоби фикру ақида муносибати мустақилона карда наметавонанд. Гумон мекунем, агар кас китобхонда, тарбиядида, меҳнатхўрда ва фарҳангӣ бошад, ҳеҷ гоҳ фирефтаи гурўҳҳои ихтилофхоҳ, моҷароҷўй ва исёнгар намешавад ва манфиатҳои миллати худро ба чизе иваз нахоҳад кард. Бинобар ин моро зарур аст, ки барои баланд бардоштани фарҳанги мардум ва ба ин васила гирифтани пеши роҳи гароишҳо ба фарҳанги бегона ҳамагон масъул бошем.

Дар шароити ҷаҳонишавии фарҳангҳо иҷрои ин вазифаро ба души як ҷониб вогузор намудан натанҳо самара намедиҳад, балки манфиате намеорад. Гумон мекунем дар ин раванд танҳо ҳамдастии оила, мактаб, муассисаҳои фарҳангӣ, ҷамоатҳо, ҳукумат ва дар умум ҷомеа нақшгузор буда метавонад. Зеро фарҳанг ҳудуди фарох дошта, ба тамоми аркони ҷомеа ва марҳилаҳои ташаккули шахс алоқамандӣ дорад. Ҳамчунин манобеи фарҳангпазирӣ гуногун аст, ки мо ин ҷо доир ба яке аз он андеша хоҳем ронд.

Ин манобеъ китоб ва китобхонӣ мебошад, ки ҳамчун ганҷи бебаҳо муаррифӣ мешавад. Хушбахтона, дар фарҳанги мо китоб ва китобхонӣ мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Агар китобхонаҳои бузурги таърихӣ аз муҳаббати ниёгони мо ба ин ганҷ дарак диҳад, мавҷудияти китобхонаҳои зиёди имрўзаи кишвар далелиидомаи ин муҳаббат дар зиндагии имрўз аст. Имрўз кулли навоҳии кишвар ва бештари рустоҳои он вобаста ба имкону шароит китобхонаҳои худро доранд, ки аз онҳо хонандагони зиёде истифода мебаранд. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки на ҳамаи китобхонаҳо дар биноҳои хуштарҳи замонавӣ қарор доранд. Масалан, сафари экспедитсионии мо ба минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон нишон дод, ки “биноҳои китобхонаҳои марказии ноҳияи Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Темурмалик, деҳаи Панҷосиёи ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кўлоб, деҳаи Сафобахши ҷамоати деҳоти Оқсу ва марказии ноҳияи Данғара, деҳаи Боғи Ҳабиб ва Тутқавули ҷамоати деҳоти Балхобӣ ва Деҳи баланди ноҳияи Муъминобод, деҳаи Гулшан ва Сомониёни ҷамоати деҳоти Гулшан ва Зафари ноҳияи Фархор, деҳаи Охбулоқи ҷамоати деҳоти Тоҷикистони ноҳияи Балҷувон таъмирталаб буда, хонаҳои фарҳанги деҳаи Ҳакимобод, Лағмон, Даҳанаи ҷамоати деҳоти Кўлоб, Зиракӣ, Даҳана, клуби деҳаи Тоқакаппаи ҷамоати деҳоти Даҳана ва китобхонаи деҳаи Хоноободи шаҳри Кўлоб, Қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти Чўбек, клуби ҷамоати деҳоти ба номи Турдиеви ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, клубҳои деҳаи Чавроқ, Ҷайралӣ, Қушқия, Сартез, Чилчаии ҷамоатҳои деҳоти Кангурт, Танобчӣ, ба номи Л. Қармишев, Бобоюнус, китобхонаҳои деҳаҳои Шибанай, Товашар, Ҳалқаёри ҷамоати деҳоти Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик, хонаи фарҳанги деҳаи Хоҷа Шақики Балхии ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара, китобхонаҳои деҳаи Лангар, Дегрез, Сангдара, Боғгаӣ, Шаҳринави ноҳияи Муъминобод, деҳаи Сафармад, Ҳисор, Сурхоб, Пучкоки ҷамоати деҳоти Зафар, Ватан, Ғалаба ва Дарқади ноҳияи Фархор, клубҳои деҳаи Лоҳутӣ, Шехон, Доробӣ ва Ҳалқаёри ҷамоатҳои деҳоти Xомбахт ва Лоҳутии ноҳияи Ховалинг ба талаботи рўз ҷавобгўй набуда ба таъмири асосӣ ниёз доранд.” Шубҳае нест, ки чунин ҳолат дар китобхона ва ё муассисаҳои фарҳангии навоҳии дигари кишвар низ вуҷуд дошта бошад. Ба ростӣ бо дидани чунин ҳолат дили кас аз китобу китобдорӣ мемонад, завқи китобхониаш паст мегардад.

Соҳаи китобдорӣ, ки яке аз самтҳои ҷудонопазири фарҳанги аҷдодист, хусусан дар минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ ба дастгирӣ ва ёрӣ муҳтоҷ аст. Агар дар маркази кишвар дастоварҳои назаррас дар ин самт ба амал омада бошанд ҳам, дар минтақаҳо аксари кулли китобхонаҳои деҳот, ки дар замони шўравӣ фаъол буданд, имрўз ё баста шудаанд ва ё дар ҳолати ногуворе қарор доранд. Гузашта аз ин сохтори китобхонаҳои имрўза ва таъминоти моддиву техникии онҳо ба талаботи ҷомеа ҷавобгў нест. Натиҷаи тадқиқоти фаъолияти китобхонаҳои минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби шуъбаи китобшиносӣ, китобхонашиносӣ ва библиографишиносии Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба сомон расид начандон хуб ва дар аксар маврид ғамангезанд. Аксари китобхонаҳои деҳот ба ҳоли худ вогузошта шуда, аз ҷониби ҳукуматҳои маҳаллӣ дастгирие намебинанд ва як қисми ин китобхонаҳо таъмирталаб ва қисми дигар дар биноҳои мактаб, хонаи шаҳрвандон ва дигар ҷойҳо иҷоранишинанд.

Дар ноҳияҳое, ки зиёда аз 100 деҳа доранд, ҳамагӣ аз 25 то 35 китобхона амал менамояд, ки аз он 70% аҳолии деҳот бебаҳраанд. Китобхонаҳои амалкунада аз ҷиҳати таъмини мутахассис, китобҳои нав, таҷҳизот, дастраси ба иттилоот ба талаботи замони муосир ҷавобгў нестанд. Ҳукуматҳои маҳаллӣ танҳо ба китобхонаҳои марказии ноҳиявӣ маблағи ночизе ҷудо менамоянд, ки аз ин китобхонаҳои дигари деҳот бебаҳраанд. Бо чунин муносибат мо наметавонем фазои фарҳангии солимро дар гўшаву канори ҷумҳурӣ рушд диҳем.

Китобхона, пеш аз ҳама, таҳрикдиҳандаи ғояҳои пешқадам мебошад, ки он ба ахлоқ ва маънавиёти ҷомеа таъсири муфид мерасонад, ҷомеаро аз таъсири номатлуби ҷаҳонишавӣ ҳифз менамояд ва ба рушди фарҳанги милли мусоидат мекунад.

Ба назари мо китобхона ва ё муассисаи фарҳангӣ бояд дар бинои аз ҳама зебои бо ашёву ҷиҳози замонавӣ, таҷҳизоти компютерии бо шабакаи интернет пайваст муҷаҳҳаз қарор дошта бошад, ки таваҷҷуҳи касро ба худ ҷалб созад, завқи мутолиаи ўро бедор кунад, ҳисси кунҷковиашро афзояд. Аз ин рў, моро зарур аст, ки чунин биноҳои фарсудаи китобхонаҳоро бо тарҳи шарқӣ таъмиру тармим намуда, онҳоро бо таҷҳизоти замонавӣ, технологияи компютерӣ, китобҳои тозанашри бадеӣ, адабиёти бачагона, ҳам дар шакли хаттӣ ва ҳам электронӣ, таъмин намоем. Дар таъмини адабиёт метавонем аз китобҳои тариқи маблағҳои захиравии Президент нашршуда, ки дар анборҳо маҳфўзанд, истифода намоем. Ин амали хайр агар, аз як тараф, боиси рағбати китобхонӣ ва баланд шудани маърифати аҳолии минтақаҳои дурдаст шавад, аз сўи дигар, фазои иттилоотию фарҳангии минтақаҳоро аз ҳисоби арзишҳои худӣ пур хоҳад кард.

Ҳамзамон вақти он расидааст, ки дар китобхонаҳои деҳот толори мутолиаи интернетӣ ташкил ва ба талаботи замон мувофиқ гардонида шавад, то хонандаи деҳот низ аз сомонаҳои ғании ватанию хориҷӣ бе мамониат истифода карда, аз вазъи кишвару ҷаҳон ҳамеша воқиф бошад.

Вазифаи китобхона танҳо таъмин ва тарғиби китоб нест. Он ҳамчунин маркази мутолиаи матбуоти даврӣ – рўзномаву маҷаллаҳо низ ҳаст. Дар аксари китобхонаҳои деҳот ба истиснои нашрияҳои расмӣ ва нашрияи ноҳияи худ, бастаи нашрияҳои дигар ба назар намерасад. Ҳол он ки инъикоси рангоранги воқеиёти рўзро танҳо бо як типи нашрияҳо наметавон ба вуҷуд овард. Дар ин ҷода нашрияҳои дигар низ нақш доранд. Таъмини китобхонаҳо бо нашрияҳои гуногун метавонад ҳам боиси таваҷҷуҳи бештари хонанда ва ҳам ташаккули афкори рангини ҷомеа гардад. Пас сари масъалаи обуна ва дастрасии ин гунна нашрияҳо бояд андеша ронем. Аз тарафи дигар, дар шабакаҳои телевизиониву радиоии кишвар барномаҳои таҳлилии сиёсиву иҷтимоӣ ва ё иқтисодиву фарҳангӣ, ҳамчунин силсилафилмҳои таърихиву публитсистии зиёде намоиш дода мешаванд, ки натанҳо моҳияти рўзмарра доранд, балки дар тарбияи минбаъдаи ҷомеа низ таъсири нек расонида метавонанд. Гумон мекунем, ки агар дар шакли фиттаҳои алоҳида сабти чунин барномаҳоро ба роҳ монда, нусхаҳои онҳоро дар толори мутолиаи интернетии китобхонаҳо маҳфуз нигоҳ дорем, барои истифодаи оммавии имрўзу ояндагон аз аҳамият холӣ нахоҳад буд. Агар хонанда ва ё бинандаи омӣ бо истифодаи чунин фиттаи барномаҳо сабақи зиндагӣ, дарси одаму одамгарӣ, эҳтироми ҳамдигарӣ, меҳри ватану ватандорӣ омўзад, барои хонандаи хос, ин гуна мавод метавонад ҳамчун манбаи омўзиш барои таҳқиқу пажўҳиш истифода шавад.

Табиист, ки ҷомеа ҳамеша дар ҳаракат аст ва вобаста ба он муносибатҳои иҷтимоӣ низ дигаргун мешаванд, тарзу тариқаи кору фаъолият тағйир меёбад. Ба ин мазмун, соҳаи китобдорӣ низ рушд ёфтааст. Имрўз роҳу василаҳои дастрасии китоб, тақсимбандии он, муаррифӣ адабиёт ва ҷалби хонанда ба мутолиаро бе донистани техника ва технологияи замонавӣ наметавон амалӣсохт. Яъне, фаъолияти китобдории муосир тақозо менамояд, ки дар муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ихтисосҳои нав амсоли тармимгари дастхату китобҳо, барномарези низомҳои автоматикунонидашудаи китобдорӣ-иттилоотӣ, китобдор-мутахассиси соҳаҳои тифлотехника, медиатехника, дефектология, аз ҷумла сурдопедагогика, тифлопедагогика, продюсер, мутахассиси соҳаи реклама, рассом-декоратор, рассом-бутафор, рассом-пардозгар, режиссураи театрҳои драмавӣ, роҳбари кинофотостудияҳо, эҷодиёти амалӣ-ороишӣ, режиссураи театрҳои драмавӣ-мусиқӣ, мутахассиси ҳифзи мероси фарҳангииғайримоддӣ, корманди бадеии муасисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва амсоли ин ҷорӣ карда шавад.

Хурсандиовар аст, ки имрўз дар кишвар шароит ва имконоти табъу нашр беҳтар гардида, ҳар сол садҳо номгўй китобҳои гуногун чоп карда мешаванд, ки дар бештарини он асарҳои адабӣ мебошанд. Аммо тарғиби чунин адабиёт чӣ дар матбуоти даврӣ ва чӣ тариқи воситаҳои электронии ахбор чандон қонеъкунанда нест. Ҳатто, баъзан масъулияти тарғибу фурўши китоб ба души муаллифи он мемонад, ки ағлаб боиси доманаи басо маҳдудро фаро гирифтани он мегардад. Олимону муҳаққиқон, адибону публитсистон ва рўзноманигорону омўзгоронро мебояд дар ин самт фаъол бошанд, бо навиштани тақриз, ташкили суҳбату мусоҳибаҳо моҳият ва арзиши чунин осорро муайян кунанд, нафосат ва қабоҳати онҳоро нишон диҳанд ва ба ин васила меҳри наврасону ҷаононро ба мутолиаи китоб фузун бахшанд.

Китоб натанҳо манбаи дониш, балки ганҷи бебаҳои одамиятсозӣ аст, ки ҳар касе аз он баҳра бардоштааст аз фазилатҳои хуби инсонӣ баҳраманд гардидааст. Табиист, ки дар кишвари мо нафарони китобдору китобдўст ва китобхондаву пурдон камшумор нестанд. Аммо мардум, хусусан наврасону ҷавонон аз муҳити ибратбахши чунин ашхос хабар надоранд, балки ошно нестанд. Ба ин ҷиҳат рўзноманигорони мо, камтар таваҷҷуҳ доранд. Гумон мекунем, агар тариқи васоити ахбори омма, хусусан барномаҳои телевизионӣ ба тарғиби чунин китобхонаҳо, соҳибони онҳо, майлу рағбати эшон соҳибкасбона машғул шавем, хусусиятҳои хосаи онҳоро ба намо гузорем, иқдоми хубе дар роҳи тарбияи ҷавонон хоҳад шуд.

Дар ин кор муассисоти таҳсилоти умумии кишвар бо ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла хонишҳои бадеӣ метавонанд саҳми боризтар гузоранд. Воқеан, барои дар сатҳи умумикишварӣ ташкил намудани чунин чорабинӣ мо таҳияи “Барномаи давлатии ҷалби кўдакону наврасон ва ҷавонон ба хониш барои солҳои 2016-2020”муҳимму зарур меҳисобем. Бошад, ки тавассути ин барнома дар муассисоти таҳсилоти умумӣ ва олии кишвар ҳафтаҳои хонишҳои осори намояндагони адабиёти тоҷик сурат гирад, озмунҳо ташкил карда шавад, ғолибон ҳавасманд гардонида шаванд...

Ҳамин тавр, дар роҳи баланд бардоштани фарҳанги ҷомеа, қавӣ гардонидани идеалҳои худшиносии миллӣ, ҳисси ватандўстиву ватанпарварӣ, таҳкими сулҳу субот ва ба ин васила боло бардоштани сатҳи зиндагии моддиву маънавии сокинони кишвар то ҳол китоб нақши муҳим ва созанда дорад ва месазад, ки вобаста ба омилҳои замонавӣ муносибатамонро аз ин самт таҷдид намоем. Дар ин самт бо назардошти шароити иқтисодии ҷумҳурӣ, дар навбати аввал, мо ҳалли се мушкилоти асосиро зарур медонем:

1. Бо кадрҳои соҳибтахассус таъмин намудани китобхонаҳои кишвар, ки ба гумони мо дар ҳалли он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани маоши кормандон мусоидат мекунад. Ҳамчунин ҳолати мавҷуда таҷдиди самти тарбияи мутахассисони соҳаи китобдории ДДСТ ба номи М. Турсунзода ва Коллеҷу омўзишгоҳҳои гуногуни ҷумҳуриро тақозо менамояд. Барои ин пурзўр гардонидаани заминаи моддиву техникӣ ва таълимии ин муассисаҳо, ба роҳ мондани фанҳои замонавӣ ва усулҳои нави таълим, боз ҳам қавӣ гардонидани ҳамкориҳои муассисаҳои фарҳангӣ, хоса китобхонаҳо бо муассисаҳои таълимӣ таъсигузор буда метавонад.

2. Раванди ҷаҳонишавӣ дар назди мо вазифаҳои нав ба нав ва мутобиқ гаштан ба пешравиҳои замонро тақозо мекунад. Имрўз соҳаи китобдории ҷумҳурӣдиди нав, таҷдиди сохторӣ ва муҳтавоиро нигарон аст. Ба ин маънӣ, ба замони муосир мутобиқ намудани модели китобхонаҳои деҳотро, ки аз сохтори муттаҳидкунандаи якчанд вазифа ва муассисаҳо, хадамотҳо иборат бошад, зарур меҳисобем.

3. Самти дигари мусоидаткунада ба пешравии ин соҳа ҷалби бештари мутахассисон ба курсҳои такмили ихтисос, бозомўзӣ, таҷрибаомўзӣ, баргузорииконференсияҳо, тренингҳо, семинару чорабиниҳои илмию амалӣ, таҳия ва нашри маводи илмӣ, таълимию методӣ, низомномаю барномаҳои корӣ ва ғайра буда метавонад. Дар ин раванд таҳия ва дастраси китобхонаҳо гардонидани дастурҳои методию библиографӣ аз аҳамият холӣ нахоҳад буд. Ҷиҳати таъмини китобхонаҳои деҳоти ҷумҳурӣ бо маводи роҳбарикунанда, низомномаҳо, сенарияи чорабиниҳо, дастурҳои методию библиографӣ, пеш аз ҳама, Китобхонаи миллии Тоҷикистон метавонад ҳиссагузор бошад.

Умуман, Китобхона аз марказҳои ташаккулдиҳандаи ғояи пешқадами давру замони ҳар як кишвар маҳсуб меёбад. Аз ин рў, низоми ягонаи фаъолияти он бояд ҳамеша дар мадди назари давлат ва ҳукумат қарор гирад.

Баргирифта аз Нашрияи илмию таҳлилии
«Паёмномаи фарҳанг» 2015, № 1 (29)

барчасп: