Рӯзҳои фарҳанги Қирғизистон дар Т оҷикистон 16-уми ноябр оғоз мешавад

Аз 16 то 20-уми ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мешавад.
Дар оғоз қарор аст дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқоти расмии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо ҳайати расмии Қирғизистон ва ба дунболи он нишасти матбуотӣ бо иштироки ҷониби Қирғизистон доир гардад.
Рӯзи 17 ноябр соати 14-00 дар Хонаи кинои Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон Рӯзҳои сенамои Ҷумҳурии Қирғизистон оғоз мешавад.
Худи ҳамон рӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ расми ботантанаи ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон доир мегардад, ки дар он намоиши фарҳангию ҳунарӣ, наққошӣ ва халқии Ҷумҳурии Қирғизистон дар назар аст.
18 ноябр меҳмонони қирғиз аз шаҳри Ваҳдат дидан намуда, як барномаи консертии ҳунарпешагони Ҷумҳурии Қирғизистон барои сокинони ин шаҳр дар назар аст.
19 ноябр  иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳангӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, майдону хиёбонҳои шаҳри Душанбе дидан мекунанд.
Худи ҳамон рӯз соати 17-00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими ботантанаи анҷоми Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

барчасп: