Маэстро Исфандёр Ғуломов

Ҳунарманди маъруф Исфандиёр Ғуломов тӯли солҳо бештар аз 80 нақш дар театр ва зиёда аз 50 нақши хотирмони дигар дар сенамо бозид.
Исфандиёр Ғуломов, ҳунарманди маъруф ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи сенамо ва театри тоҷик ҳафтаи гузашта ба синни мубораки 70 қадам монд. Исфандиёр Ғуломов даҳсолаҳост бо нақшҳои мондагораш дар саҳнаи театрҳои кишвар ва сенамои Тоҷикистону хориҷ аз он маъруфияти зиёд касб кардааст ва яке аз беҳтарин ҳунармандони кишвар аст.

Исфандиёр Ғуломов аз гузаштагони худ, бахусус аз падари марҳумаш қиссаи ҷолибе нақл мекунад. Вай мегӯяд, падараш гузаштагонаш дар вилояти Систони Эрон мезистанд ва падараш Ҳасани Ғулом духтареро дӯст дошт, ки хеле зебо буд. Духтар низ ошиқи  Ҳасан буд. Аммо волидони духтар ба хостгорони ҷониби падар посухи рад доданд ва баҳона ин буд, ки ин духтар ҳоло ба синни балоғат нарасидааст. Ғурури ҷавонӣ барояш иҷоза надод, ки ин посухи манфиро таҳаммул кунад ва шабона савори асп аз зодбумаш фирор кард ва ба Машҳад омад. Ва рӯзи дигар дар гармогармии ғазаб худро ба сафи артиши шоҳ номнавис кард ва ду сол лозим омад ҳам хизмат кунад ва ҳам ҷангад. 

Ин рӯйдоди асри гузашта аст, аниқтараш ба солҳои бистуми асри 20 рост меояд. Падараш Ҳасан Ғулом тадриҷан ба сиёсат ҳам гаравид ва чун аз андешаҳову ғояҳои коммунистӣ пуштибонӣ мекард, қатори садҳо рушанфикрони коммунист  ба Иттиҳоди Шӯравӣ омад. Аз Маскав ӯро ба Тоҷикистон эъзом карданд. Ин ҷо низ ӯро лозим омад дар сафи Артиши Сурх хизмат кунад ва дар ҷангҳо зидди душманони Ҳокимияти Шӯроҳо ҷангад. Баъдан ба корҳои омӯзгорӣ машғул шуд, мактаб бунёд кард ва худи Нусратулло Махсум ӯро дар мактаби бунёдкардааш директор таъин кард. 

Исфандиёр ёдҳои талхе аз гузаштаи параш дорад. Соли 1937 тири тройка ӯро низ ба нишон гирифт. Бунёдгари мактаб, сарбози Артиши Сурхро ба ҷосусӣ барои инглисҳо гунаҳгор медонистанд. Вай мегуфт ҳато бо ягон инглис иртиботе надорад ва дар Британиё низ аслан набуд. Бовуҷуди ҳамаи ин се сол ӯро дар ҳабс нигоҳ дооштанд ва баъдан чун бегуноҳ бо узрхоҳӣ ҷавоб доданд.   

Аммо фоҷеа бо ин ба анҷом нарасид. Вақте падарашро боздошт ва ҳабс карданд, модарашро рӯйи хуш надоданд. Барои шаҳринавиён, ки он ҷо мезистанд, вай зани душмани халқ буд. Таҳқиру озор медоданд, мезаданд. Ва ниҳоят як шаб бо ду духтараш аз хона фирор кард ва дар Ҳисор иронизанеро пайдо карду муддати се сол дар хонаи ӯ зист. Вақте шавҳар сафед шуд ва аз ҳабс озод гардид, омад ва хонаи худро тороҷшудаву валангору беодам дид ва дуд аз димоғаш баромад. Билохила, бо пурсуков ҳамсару фарзандонашро пайдо кард ва онҳо ба хонаи худ баргаштанд. Модараш ҳам духтари кулаке будааст, ки ба Сибир бадарға карда буданд. Дар чаҳодаҳсолагӣ бекас мемонад ва Ҳасан бо дилсӯзӣ баъди чанд сол бо вай издивоҷ мекунад. 

Аз зиндагии муштарак  онҳо соҳиби даҳ фарзанд шуданд. Ду танашон бармаҳал аз олам рафтанд. Фотима, Соҷида, Музаффар, Исфандиёр, Гулчеҳра Шаҳриёр, Гулбаҳор, Бахтиёр фарзандони зиндамондаи онҳоянд. Ҳоло дар Шаҳринав, дар хонаи падарӣ ба гуфтаи Исфандиёр танҳо бародараш Шаҳриёр бо хонаводааш зиндагонӣ мекунад. 

Вуруд ба саҳнаи ҳунар

Вуруди хонаводаи онҳо ба ҳунар аз хоҳараш Фотима шуруъ шудааст. Замоне, ки донишҷӯи соли аввали факултаи химия ва биология буд, намояндагони мактаби олии ҳунарии Маскав ГИТИС меоянд ва аз миёни донишҷӯён афроди шефтаи ҳунарро ҷудо мекунанд. Замоне буд, ки на ҳар падару модар розӣ мешуд духтарашро барои таҳсил ба Маскав ва боз ба донишгоҳи ҳунар фитристанд.  Он замон вазири фарҳанг марҳум Меҳрубон Назаров буд ва ӯ падари Фотимаро розӣ кунонд, ки ба духтараш иҷозат диҳад ба Маскав равад. Аммо гуфт, ки ба институти адабиёт таҳсил хоҳад кард. Падараш розӣ шуд. Баъдтар хоҳари дигари ӯ Соҷида низ ба ГИТИС дохил шуд ва бо ҳамин ин ду нафар аз ин хонадон по ба арсаи санъат гузоштанд.   

Исфандиёр дар суҳбатҳои зиёдаш бо нашрияҳои мухталиф гуфтааст, ки хеле дилбохтаи адабиёти классикӣ буд ва дӯст медошт аз осори саромадони адабиёти форсӣ бихонад. Дӯст дошта буд, ки забони арабӣ биёмӯзад ва баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳ супурд. Аммо ҳамон сол аз тақдир буд ё чизи дигар, ки боз ҳам намояндагони ГИТИС ба Душанбе омаданд ва чуне ӯ таронасароӣ мекард, шеър мехонд ва овози хуб дошт, Фотима пешниҳод кард, ки худро санҷад.  Фотима ба ӯ гуфт, ки ҳоло имтиҳонҳои шарқшиносӣ шуруъ нашудаанд ва ту аввал кушиш кун ба ГИТИС имтиҳон супор. Агар нагузарӣ ҳам чизеро аз даст намедиҳӣ. Ба тавсияи хоҳарбузург Исфандиёр дар имтиҳоноти ГИТИС ширкат кард ва дохил шуд. Мегӯяд, шояд ин сарнавишт буд, ки чунин шуд, аммо ман акнун пушаймон ҳам нестам. 

Писари хоҳараш Фотима Барзу Абдураззоқов аз ҳунармандони дӯстоштанист, аз ҷумлаи коргардонҳоест, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҳамсоякишварҳо маъруфият дорад. Ҷиянаш Моҳпайкар Ёрова низ аз ҳунармандони хеле шуҳратдор дар кишвар ва хориҷ аз он аст. Худи Исфандиёр дар театр ва сенамо шуҳрати ҳамсон ёфтааст. 

 Дар театр ҳунарманд ҳамеша бо қаҳрамонаш зиндагонӣ мекунад

Исфандиёр хеле таҳлили олимонаву амиқ дар бораи сенамо ва театр дорад. Вай мегӯяд дар театр аз оғоз то анҷом дар дохили образи худ бо қаҳрамонад зиндагонӣ мекунӣ. Нафаси бинандаи худро ҳатто эҳсос менамоӣ. Бароят қарсак мезанад ва ту ҳиссае аз гармии худро ба онҳо мебахшӣ ва посухашро ҳам мебинӣ. 

Вай дар театр нақшҳои зиёди хотирмон офаридааст ва барои худи ӯ нақш дар намоишномаи “Фолбинии Афандӣ” яке аз дӯстдоштарин нақшҳост. Ҳамчунин намоишномаи “Дон Жуан”-ро ҳам хеле дӯст дорад, ки дар он нақши Пйери ҷавон ва Диманши солхӯрдаро мебозид.

Аммо мегӯяд, ки сенамо инсонро машҳур мекунад. Вале дар қиёс ба театр дар он нақш ҳисса ба ҳисса наворбардорӣ мешаванд ва ҳунарманд бояд ҳамеша дар ҷараёни нақши худ бошад, дар он чун дар театр зиндагии бидуни танаффус нест.  Ва мегӯяд нақши Мансур Абдураҳимов аз филми “Қиссаи зиндонии Павиак” барояш чун ҳунарманди ҷавон шуҳрат овард. 

Сарвати маънавии хонадон беш аз 1800 номгӯ китоби онҳост

Бо ҳамсараш Бону Ҳусейнова 45 сол аст, ки зиндагӣ мекунад. Ва хушҳол аз он аст, ки дар ин солҳо ҳеч зиддияту ихтилофи хонаводагӣ надошт. “Бону модари фарзандонам, дӯстам, шарики саҳнаи ҳунар, коргардон, мунаққид ва ёварам аст. Вақте ман ба офариниши нақш омодагӣ мегирам, Бону суханони шариконам дар саҳнаро мехонад ва бо ин васила ман худро ба саҳна омода месозам. Бону аз рӯйи тахассус библиограф аст ва солҳои тӯлонӣ дар китобхонаи ба номи Фирдавсӣ кор кардааст. Моро муҳаббат ба адабиёт ва ҳунар ба ҳам овард ва имрӯз китобхонаи хонаводагии мо бештар аз 1800 китоб дорад ва ин сарвати маънавии мост”,-мегӯяд ӯ.

Вай дар идома аз ошноиҳои аввалину соли издивоҷ ва фарзандону тарбияи онҳо бо завқ қисса мекунад. Мо аз хурдӣ бо ҳам шиносем, волидонамон бо ҳам дӯстӣ доштанд.”Вақте ман ГИТИС-ро хатм кардам ва ба Дқушанбе баргаштам, хоҳаронам маҳз ҳамин Бонуро чун арӯси оянда бароям тавсия доданд.

Аввалин мулоқоти мо дар китобхонаи Фирдавсӣ баргузор шуд, ман бо баҳонаи китоб он ҷо рафтам. Мо бо ҳам суҳбат кардем ва баъдан боз ҳам “тасодуфӣ” чанд маротибаи дигар бо ҳам вохӯрдем. Боре ман ӯро ба нахустнамоиши филми “Қиссаи зиндонии Павиак” даъват кардам. Вай бо ҷиянаш Нана омад. Баъди намоиш ҳамаи гуруҳи эҷодӣ ба банкет рафтанд, вале ман нарафтам ва Бонуро то хонаашон гусел кардам. Баъди ин боз чанд маротибаи дигар бо ҳам вохӯрдем ва соли 1971 издивоҷ кардем.

Мо ҳоло соҳиби се фарзанд: ду духтар ва як писарем, 7 набера дорем. Мо аз волидонамон инро ба мерос гирифтем, ки бояд оиларо дӯст дорем ва зҳтиёт кунем. Вақте ман соҳибшуҳрат шудам, хеле духтарон мехостанд бо ман вохӯранд, вале заковати Бону хонаводаи моро солим нигоҳ дошт. Вай маро дӯст медошт ва ба ман бовар мекард”.  

 Оре, зиндагонии як ҳунарманди маъруф шоистаи пайравист. Имрӯзҳо даҳҳо нафарро рашки беҳуда хонавайрон мекунад ва ин хонавайронӣ муҷиби ятиму бепарастор мондани тифлон мегардад, ки ба ояндаи онҳо асароти зиёде аз худ боқӣ мегузорад.

Муаарифии Исфандиёр Ғуломов

Ғуломов Исфандиёр Ҳасанович  15-уми феврали соли 1947 таваллуд шудааст. Хатмкардаи ГИТИС (1971), ҳунарманди театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ. Бештар аз 80 нақш дар театр ва 50 нақш дар сенамо дорад. 

Нақшҳояш дар театр: Федор Иванович («Қатра дар баҳр”-и  М.Холов), Шоҳ  («Фолбинии Афандӣ”-и  А.Баҳорӣ), Ванеев («Эътироз ҳабдаҳ”-и Ю. Лиманов), Собир («Умед»-и Ш.Солеҳов), Муллокарим («Алафҳои бегона”-и  С.Сафаров), Коко («Раҳгумзада”-и М.Хаёлов).

Нақш дар филҳои:  «Камина» (Туркманистон), «Ба хубӣ ҷудо мешавем”,, «Ау! Ғорати қатор”, “Майдони найранг””, “Мулоқот дар Самара”  (Русия); «Гирдбод», «Нақши пойи динозавр ба куҷо  бурд”,Чор нафар аз чорсанг”, “Қиссаи зиндонии Павиак (Тоҷикистон),  «Дарвеши ланг” (СССР, Маҷористон, Туркия) “”Тулуъ дар Ганг” (СССР, Ҳинд), “Шаби охирини Шаҳризод”, “Афсонаҳои нави Шаҳризод” (СССР, Сурия), “Чашмаи гӯё”, “Марзи давлатӣ”, “Реги сурх”, “Хушнудона нигар”, “Сулҳ ба хонаи шумо”, “Ҷаҳиш”, “Оҳангҳои баҳорӣ”, “Муҳосира” (СССР).   

Солҳои зиёде Исфандиёр Ғуломов ҳамчунин дар театри ҷавонон ба номи М.Воҳидов, театри лухтак, театри мусиқӣ-драмавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, театри русӣ-драмавии ба номи Маяковский  низ кор кардааст.

Дар айни замон дар театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ фаъолият дорад.

барчасп: