Пажуҳиши равандҳои инноватсионии фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аввалин натиҷаи таҳқиқоти худ дар мавриди равандҳои иннноватсионии китобдорӣ-иттилоотӣ дар муҳити ҷаҳонишавии фарҳанг (солҳои 2016-2020)-ро расонаӣ кард.
Бо мақсади омўзиши равандҳои инноватсионии китобдорӣ, библиографӣ ва иттилоотӣ вазъи воқеии муассисаҳои китобдорӣ, марказҳои библиографӣ ва иттилоотии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таҳқиқот нишон дод, ки раванди инноватсионӣ дар бунёди китобхонаҳои электронии анъанавӣ ва маҷозии муассисаҳои китобдорӣ, библиографӣ ва иттилоотии кишвар заминаи воқеӣ гузошт. Ин падида имкон дод, ки хизматрасонии китобдориву иттилоотӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад ва талаботи иттилоотии истифодабарандагон дар вақту замони мувофиқ қонеъ гардад.
Таҳқиқ шуд, ки китобхонаҳои электронӣ имконоти дастёбии хонандагони муқимӣ ва маҷозиро ба адабиёти ниёзи хониш, таъмин намуда, дар раванди ҷаҳонишавии хониши адабиёти электронӣ саҳм мегиранд.
Муайян шуд, ки бо таъсири омилҳои гуногун тамоюли дуршавии хонандагон аз китобхонӣ вуҷуд дорад. Натиҷаи таҳқиқотҳои доиршуда собит сохт, ки то имрўз на ҳамаи муассисаҳои китобдорӣ, библиографӣ ва иттилоотии кишвар технологияи нави иттилоотӣ-коммуникатсиониро мувофиқи мақсад истифода мебаранд, бахусус дар шароити деҳот на ҳамаи китобхонаҳо бо биноҳои алоҳидаи замонавӣ ва технологияи нави иттилоотӣ-коммуникатсионӣ таъмин шудаанд, бештари китобхонаҳои мамлакат ба мутахассисони баландихтисоси соҳаи китобдорӣ сахт эҳтиёҷ доранд.
Фишурдаи натиҷаи таҳқиқотҳои анҷомёфта дар шакли мақолаву гузоришҳои илмӣ дар нашрияи илмии Пажўҳишгоҳ - “Осор” ва маҷаллаи муассиса «Паёмномаи фарҳанг» интишор ёфтанд.
Илова бар ин, маводи гирдомада барои таҳияи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ доир ба соҳаи китобдорӣ ва бунёди захираи электронӣ оид ба китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ мусоидат намуда, тавассути сомонаи муассиса (pitfi.tj) дастраси хонандагони маҷозӣ мегардад.  

 

барчасп: