Қадршиносии ҳунарманди маъруф Ҳошим Гадоев

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунарпеша ва коргардони Муассисаи давлатии Театри давлатии академии драмавии ба номи Абӯлқосим Лоҳутӣ Ҳошим Гадоевев унвони фахрии «Арбоби ҳунари Тоҷикистон»-ро тақдим намуданд.
Сомонаи Сарвари давлат ахиран навишт: “Ҳошим Гадоевев зиёда аз 50 сол аст, ки дар рушду нумуи санъати тоҷик, офаридани асарҳои баландмазмун дар саҳнаҳои театр ва кино маҳбуби натанҳо мардуми тоҷик, балки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҳунарманди камназиру нотакрор муаррифӣ гардидааст”.

Ҳунарпешаи нотакрор Ҳошим Гадоев 10-уми майи соли 1937 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст.

Соли 1960 Донишгоҳи давлатии ҳунарҳои театрии Маскав (ГИТИС) ва соли 1965 курсии олии коргардонии театр дар назди ҳамин донишгоҳро ба итмом расонидааст.

Аз соли 1961 дар Театри академии ба номи А. Лоҳутии Тоҷикистон аввалҳо ба сифати ҳунарпеша ва дертар ҳамчун коргардон фаъолият мекунад.

Асарҳои зиёдро рӯи саҳна ҳамчун коргардон овардааст, вале беҳтарини онҳо “Эдип” мебошад, ки зиёда аз сад бор иҷро гардидааст.  Ин асари маъруф, ки Ҳошим Гадоев ба саҳна гузошта буд, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Маскав низ намоиш дода шуда, аз ҷониби муқарризони театр баҳои баланд гирифта, барои ин асар ҳунарпешаи тоҷик соли 1987 Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравиро сазовор шуд ва метавон гуфт, ин ягона асари саҳнавии драматургии тоҷик буд, ки ин ҷоизаи пурифтихорро гирифтааст.

Соли 1988 Ҳошим Гадоев ба унвони баланди Ҳунарпешаи мардумии ИҶСШ (СССР) муносиб дониста шуд ва ин ҳам як навъ эътибор ва эътирофи ҳунарпешаи тоҷик на танҳо дар саҳна, балки дар синамо ҳам мебошад, зеро ӯ дар бештар аз 50 филми ҳунарии коргардонҳои тоҷик ва дигар кишварҳо нақшҳои умдаро бозидааст.

Машҳуртарин кори ҳунарпеша дар синамо, ки қариб ҳар тоҷик медонад, ин бозидани нақши Суҳроб дар филми ҳунарии “Рустам ва Суҳроб” аз силсилафилмҳои коргардони маъруфи тоҷик Борис Кимёгаров аз асари мондагори Абулқосим Фирдавсӣ “Шоҳнома” мебошад.

Барои иҷрои ин нақш соли 1973 Ҳошим Гадоев ба Ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ муносиб гардид.  Ин ва дигар нақшҳои Ҳошим Гадоев дар театр ҳам хеле ҷолиб ва фаромӯшнопазир мебошанд.  Аз ҷумла, симоҳои Ҳамлет, Хлестаков, Эдип ва Исмоили Сомонӣ дар иҷрои Ҳошим Гадоевро мухлисони саҳна дар ёд доранд.

Соли 2008 бахшида ба ҷашни сардафтари адабиёт Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ намоишномаро Ҳошим Гадоев ба саҳна гузошта буд.

Ҳошим Гадоевев муаллифи ҳудудан 20 китоб низ ҳаст, ки бо номҳои «Розҳо», «Асо», «Танҳо», «Андешаҳо», «Я!?», «Кунҷ», «Кометы», «Ҷонбуз», «Ку», «Думы», «Мой Сухроб», "О Сократе" бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ чоп шудаанд.

Профессор Ҳошим Гадоев дар Донишгоҳи ҳунарҳои зебо аз санъати актёрӣ низ дарс медиҳад ва шогирдон ва пайравони зиёде дорад.

барчасп: