Ҳунари намадмолӣ дар кишвар

Тақрибан ҳашт ҳазор сол пеш одамон  ҳунари намадмолиро шурўъ кардаанд. Сохтани намадҳо  баъд аз хонагӣ кардани гўсфандони ваҳшӣ ба вуҷуд омадааст.
Одамон дар аввал кўшиш мекарданд, ки аз пашми ҳайвоноти ваҳшӣ намадмолӣ кунанд, аммо ин чандон кори осон набуд. Аз тарафи дигар, пашми ҳайвоноти ваҳшӣ бо ҳамдигар часпоиш надошт ва барои ғоз додан он қадар мувофиқ набуд. Аз ин сабаб, аз пашми гўсфанд ва барра, ки пашмҳояшон мулоим мебошад, истифода мекарданд. Чунки аз як сар гўсфанд то 5 кг пашм ҷамъоварӣ  намудан мумкин буд.
Дар даврони қадим дар минтақаҳои Помир, Тибет, Қафқоз, Олтой, Афғонистон, Эрон ва ғайра ин навъи ҳунар инкишоф ёфтааст. Қадимтарин маҳсулоти намадинро бостоншиносон аз қабристонҳои қадимаи кўҳҳои Олтой бозёфт намуданд, ки ба асрҳои  4-5-уми қабл аз мелод тааллуқ доштааст.
Дар мавриди қадимӣ будани  ин ҳунар ривояте вуҷуд дорад, ки  гўё, дар киштии Нўҳ рух дода бошад. Вақте ки ҳамаи одамону ҷонваронро аз хавфи тўфон наҷот дода, ба киштӣ савор мекунанд, аз тани гўсфандон пашмҳояшон ба рўи фарш рехта, тар мешаванд. Ҷонварон пашмҳои рехтаро якчанд муддат бо пойҳояшон мекўбанд. Дар натиҷаи сум задан аввалин намад ҳосил шудааст.
Идомаи матлаб: ЧАНД СУХАН РОҶЕЪ БА ҲУНАРИ НАМАДМОЛӢ

барчасп: