Намоишҳои касбу ҳунарҳои мардумӣ – объекти омўзиши муҳаққиқони ПИТФИ буд

Рӯзҳои 13-ум ва 14-уми майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанг Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи Ирам фестивали ҷумҳуриявии ҳунарҳои халқии бадеӣ бо номи “Бозори ҳунар”ва 20-21-уми май бо ибтикори Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳафтаи ҳунарҳои халқии Тоҷикистон” бахшида ба Рўзи ҷавонон дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе бо иштироки ҳунармандони зиёд аз тамоми гўшаву канори кишвар баргузор гардид.

Дар ин рӯзҳо кормандони Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот Д. Раҳимов З.Холмуродов,  А. Абдуллоев, М.Ниёзова, Л. Носирова, Ш. Бердиев, Г.Каримова ва Ҷ. Ғафуров ба тамошои намоишу фестивал баромада, бо ҳунармандон вохӯрӣ ва мулоқотҳо гузарониданд. Муҳаққиқон маснуоти ба намоишҳо пешниҳодгаштаро аксбардорӣ намуда, оид ба ҳар як ҳунар ва ҳунарманд маълумоти мардумшиносӣ гирифтанд. Дар натиҷа аз ҷониби онҳо зиёда 550 акс, сабтҳои овозӣ ва видеоӣ оиди касбу ҳунарҳои халқӣ мавод гирдоварӣ шуда, 4 варақаи инвентаризатсионӣ пур карда шуд.

Аз ҷумла, муҳаққиқ Лайло Носирова бо 17 ҳунарманд аз шаҳру ноҳияҳои кишвар роҷеъ ба касбу ҳунарҳои онҳо мусоҳибаҳо анҷом дода, 226 акс ва 46 дақиқа сабти овозӣ ҷамъоварӣ кардааст.

М. Ниёзова дар маҷмўъ бо 4 нафар ҳунармандон: 2 нафар кулол, Шодиев Исроил аз ноҳия Панҷ, Носиров Фозилҷон аз ноҳияи Шаҳринав, 1 нафар камзўлдўз, Хадамова Ойдиной аз ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва 1 нафар шонатарош Саидов Карим аз шаҳри Истаравшан дар бораи ҳунари суннатии онҳо суҳбат намуд.

Г. Каримова дар маҷмўъ бо 12 нафар ҳунармандон аз ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон – Нурова Садбарг, Ғафорова Тухтагул, аз ноҳияи Ҳисор Тағоева Сайёра, аз вилояти Суғд Исмоилова Меҳрангез, Каримова Дилрабо, Раҳимова Манзура, Қаландарова Мақсуда, Тоҳирова Махфират пазандагони таомҳои миллӣ суҳбат гузаронидааст. Инчунин дар Маркази Исмоилия аз вилояти Суғд бо Раҷабова Марям аз Деваштич гилембоф, ш. Хуҷанд Зокиров Маҳмудҷон, Ҳошимов Суҳроб  ш. Истаравшан кордсоз ва аз шаҳри Душанбе  созтарош Дона Зиёев суҳбат гузаронид.

Ш. Бердиева рўзи 20-уми май дар намоиши таомҳои миллӣ, ки дар Боғи Ирам баргузор шуд, иштирок кард. Ў бо таббохзанон суҳбат ороста, доир ба таомҳои миллии тоҷикон маводи арзандае гирдоварӣ намуд.

А. Абдуллоев бо навозандаи асбобҳои торӣ Қанотов Назир Ҷонибекович (аз ноҳияи Сангвор) суҳбат намуда, оид ба малакаю маҳорати навозандагии ў маълумот гирдоварӣ кард. Лаҳзае аз дуторнавозии ўро, ки ҳангоми навохтан тамошобинон дар тааҷҷуб монданд, ба навори видео сабт кард.

Ҷ.Ғафуров дар давоми рўзҳои чорабинӣ бо Суҳроб Саидов – кулол (ш. Душанбе) вохўрӣ гузаронида, дар бораи намунаи маҳсулоти сохтааш суҳбат намуд. Ғайр аз ин маҳсулоти касбу ҳунарҳои мухталифро аксбардорӣ намуд.

Маводи аз мусоҳибаҳо гирдоваришуда ва аксу лаҳзаҳои сабти видеоӣ ба бойгони Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот супорида мешаванд ва дар оянда барои таълифи мақолаҳову таҳияи феҳристҳо истифода хоҳанд шуд.

Дар фестивал кулолон, оҳангарон, дуредгарон, сангтарошон, заргарон, дўзандаҳо, рассомон, ошпазон, нонпазон, мусиқинавозону созтарошон, адрасбофону атласбофон, наққошон ва намояндагони дигар ҳунарҳои мардумӣ иштирок карданд.  Аз мушоҳидаҳо маълум гардид, ки сафи ҳунармандони ҷавон низ афзудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷавонон ба ҳунари миллии ниёгон арҷ мегузоранд ва онро барои наслҳои оянда мерасонанд.

Мақсади баргузор намудани чорабиниҳои мазкур барои ҳавасманд гардондани ҳунармандон ва эҳё кардани ҳунарҳои миллии мероси ниёгон буд. Дар охири чорабинӣ ба ҳунармандони беҳтарин сертификатҳо, тӯҳфаҳо ва ифтихорномаҳои рамзии фестивал тақдим кардашуд.

Ҷамшед Ғафуров
ходими илмии ПИТФИ

барчасп: