Чанд сухан роҷеъ ба ҳунари қуроқдӯзии тоҷикон

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ шароити мусоид фароҳам овард. Чуноне, ки медонем имрӯзҳо дар тамоми минтақаҳои кишвар марказҳои ҳунарҳои мардумӣ фаъолият намуда, дар он наврасону ҷавонон барои омӯзиш ҷалб гардидаанд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд кардаанд: «Фарҳанг ва ҳунари воло дар ҳама давру замон ҳамчун василаи муҳими муаррифии халқу кишвар ба ҷаҳониён шинохта шудааст. Фарҳанг чун падидаи бузург ва арзишманду муассири рўзгори иҷтимоӣ дар таърих ва рушди маънавии ҷомеаи муосири Тоҷикистон нақши босазо дорад».  (Иқтибос аз «Баҳори Аҷам» №26-27, 6 сентябри соли 2016)

Ҳанӯз аз замонҳои қадим мардуми тоҷик бо касбу ҳунарҳои анъанавии худ қариб дар тамоми рўи дунё маъмулу машҳур буданд. Чеварӣ, заргарӣ, бофандагӣ, гулдўзӣ, зардўзӣ, қолибофӣ ва даҳҳо ҳунарҳои дигарро метавон номбар намуд, ки тоҷикон офаридаву то кунун ба онҳо машғуланд. Яке аз ҳунари зебою пурмаънӣ, ки бонувони тоҷик аз замонҳои қадим то кунун ба он шӯхрат доранд, ин ҳунари қуроқдўзӣ мебошад.

Қуроқдӯзӣ як навъ ҳунарест, ки аз пораҳои матоъ нақш офарида, онҳоро бо тахаюлоти аҷибе бо ҳам пайваст мекунанд. Бонувон аз латапораҳо ҷиҳозҳои гуногуни қуроқӣ - дастурхон, чодари арўсӣ (чимилиқ), кӯрпаву кӯрпача, болишту рӯйпуш ва ғайраро медӯзанд. Санъати қуроқдӯзӣ ин тавлиди (дӯхтани) маснуоти мухталифи хонагӣ бо тариқи дӯхтани порчаҳо ё резаҳои матоъ мебошад. Ин тарзи дӯхтани матоъ дар байни халқҳои дигари дунё низ то андозае вуҷуд дорад. Дар замони муосир бошад, дар қатори дигар пешравиҳо ин пешаро ба сатҳи боз ҳам олитар расондаанд.

Вобаста ба ҳунари қуроқдўзӣ олимону мардумшиносони русу тоҷик, аз қабили Н.Ершов, Пещерева Е.М., А.К.Писарчик, М.А.Хамиджанова, З.А.Широкова, М.Акимова, М. Аминова, Л. Носирова, Ф. Азизӣ ва дигарон дар мақолаву асарҳояшон андешаронӣ намудаанд.

Дар Осиёи Марказӣ қуроқдӯзӣ оину суннатҳои хоси худро дошта, аз давраҳои қадим то замони мо омада расидааст. Қуроқ - лиёф ё порчае мебошад, ки аз онҳо ҷома ё яктаки дарвешу қаландарҳо дӯхта мешуд, ки бо номҳои “мурақаъ” ё ҳирқаъ” маъруф буд. Намояндагони тасаввуф низ ҳамин бар тан мекарданд.

Муҳаққиқ М.Акилова дар китоби Нақшу нигори бофандагӣ ва кашидадўзии водии Зарафшони Тоҷикистон” роҷеъ ба ҳунари қуроқдўзӣ чунин ибрози ақида менамояд: “Бисёриҳо аҳамият ва таъйиноти қуроқро дуруст дарк намекунанд, ҷавонон бошанд, гумон мекунанд, ки маснуоти қуроқӣ барои зебу зинат истифода бурда мешавад. Бисёриҳо мефаҳманд, ки қуроқро дар хона нигоҳ доштан фоиданок аст. Аксарияти одамони куҳансол бовар доранд, ки қуроқ хонаро аз ҳама «балову офатҳо» нигоҳ медорад”. (саҳ.57)

Дар расми мардуми тоҷик шаклҳои мухталифи қуроқдӯзӣ мавҷуд аст: дӯхти навъи варақӣ, чашмӣ, қуӣ, осиёбӣ ва қуроқи  ба шакли омезиш.  Дар байни тоҷикони водии Фарғона маснуоте, ки аз порчаҳои газвор ва матоъ дуруст мешуд, дар оин ва суннатҳои худ аз таваллуди одам то ба давоми умраш истифода мекарданд. Масалан, дар рӯзи ҳафтуми таваллуди кӯдак аз хонаводаҳое, ки дар он пирони кордида маскан доштанд, порчаҳои хурди матоъ ҷамъоварӣ намуда ва бо нияти нек (ки дар оянда умри тӯлонӣ ва дорои фарзандон ва наберагони зиёд шавад) аз он порчаҳо пироҳани хурд дӯхта, ба кӯдак то баромадани чилрӯзагӣ мепӯшонданд. Инчунин, пештар онҳое, ки тифли дардманд доштанд гаҳворапӯши гаҳвораро аз қуроқ медӯхтанд ва умед доштанд, ки бо ин роҳ тифлро аз дард наҷот диҳанд.

Дар маросими азодорӣ бошад, болишти қуроқӣ (қуроқболишт) дӯхта мешуд. Дар ҳар як маснуоти қуроқдӯзӣ на фақат ҷиҳати эстетикии он, балки хусусиятҳои хоси маҳаллӣ низ зоҳир мегардад. Дар қуроқдӯзӣ манзараҳои табиат, хусусиятҳои таҳҷоӣ, нақшҳои геометрӣ тасвир меёфтаанд. Бо василаи қуроқдӯзӣ - нақшҳои қадимӣ, рамзу нишонаҳое, ки дар эҷодёти мардумӣ (истифода) тасвир шудаанд, зинда мегарданд. Бо василаи рангҳои матоъ, мазмун ва ғояи ороиш ва нақшҳои тасвирӣ фосеҳ ва равшан зоҳир мегарданд. Дар замони муосир санъати қуроқдӯзӣ ба манзалати умумиҷаҳонӣ расида, хусуситҳои хосаи фарҳангии ҳамаи халқҳоро инъикос мекунад.

Бояд қайд кард, ки санъати қуроқдўзӣ таърихи дурудароз дорад. Бонувони чирадаст мекўшиданд, ки пораҳои матоъ ҷамъ овардаву аз онҳо як навоварӣ биофаранд. Бо воситаи матоъҳои пора онҳо дастурхон, ҷома, гаҳворапўш ва барои арўсон кўрпаю болишт медўхтанд. Ин ҳунар заҳмати зиёду пуртоқатеро талаб менамояд. Ба ин нигоҳ накарда, аксари бонувоне, ки сину солашон ба ҷое расидааст, ба ин ҳунар то ҳол машғуланд ва мекўшанд, ки ҳунари худро ба ҷавонони имрўза омўзонанду онро боз ҳам бо диди наву тоза сайқал диҳанд. Мо гуфта метавонем, ки қуроқ ҷиҳози хубу то як андоза зарӯрӣ дар ҳар як хонадон ба шумор меравад. Занони қуроқдўз барои наварўсон кўрпаю кўрпача ва болиштҳои қуроқӣ медўзанд ва дуо мекунанд, ки бигзор навхонадорон хушбахту ба пою қадам бошанд. Ин ақидаро аксари мардум дар минтақаҳои Тоҷикистон иброз намудаву ба он ҳунар машғул мешаванд. Ин нуқтаро муҳаққиқи ҷавон Лайло Носирова низ ҳангоми омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Истаравшан мушоҳида намуда, аз ҷумла менависад: «...Дар Истаравшан ҳангоми нишастани арўс ба таги чодар кўрпачаи «қуроқи турна» мепартоянд ва арўс ба пою қадам шавад гуфта дуо мекунанд».

Бонувони ноҳияи Ашт бошанд, қуроқро ҳамчун зиндагии рангини арўсу домод, нигаҳдорандаи кинаву чашми бад маънидод намудаанд. То имрўз дар ин минтақа маҳсулоти қуроқӣ аз қабили болишт, дастархон ва кўрпаю кўрпача ҳамчун ҷиҳози арўс истифода бурда мешавад. Мувофиқи маълумоти экспедитсияҳо дар Шаҳритўс маҳсулоти қуроқиро ҷиҳози пурарзиш ва давомнокии зиндагии навхонадорон мешуморанд. Ҳангоми сартарошон ба зери пойи домод ва дар таги чодар барои арўсу домод кўрпачаи қуроқиро мепартоянд. Ҳатто солҳои пеш арўсро либоси қуроқикарда мепўшониданд. Аз ин ҷост ки ҳунармандон то ҳол ба ин ҳунар машғул буда, онро сайқал дода истодаанд. Имрўз дар иду ҷашнҳои баҳорӣ ба монанди Наврўз занону духтарони тоҷик дар баробари истифодаи куртаҳои чакан, атласу адрас инчунин куртаҳои қуроқиро низ ба бар менамоянд. Имсол дар яке аз бузургтарин толорҳои фарҳангии шаҳри Пекин - осорхонаи Ҷинтай ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли ҷавонон дар баробари намоиши сӯзанию гулдӯзиҳо ва дигар ҳунарҳои дастӣ, ҷиҳозҳои қуроқӣ низ гузошта шуданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳунарҳои мардумии мо на танҳо дар дохили кишвар, ҳатто берун аз он ҳам муаррифӣ гардида, мақоми хосаеро касб кардаанд.  

Қуроқро дар ҳар минтақа ҳар гуна бо намудҳои гуногун омода месозанд, ки аз ҳама маъмули он қўӣ ва чашми гов, дар баъзе ноҳияҳо онро секунҷа ва чоркунҷа мегўянд. Қуроқдўзӣ як қисми ҳунарҳои занона буда, дар қатори дигар ҳунарҳо рушду инкишоф ёфта истодааст. Занони ҳунарманд ба мушкилии ин ҳунар нигоҳ накарда тавассути он ҳам ниёзи мардумро ва ҳам рўзгори худро таъмин менамоянд.

Саховат Мирзоева
ходими илмии Шуъбаи
таърих ва назарияи
фарҳангшиносии ПИТФИ

 

барчасп: