Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот ва Институти Мероси Федератсияи Русия

Рӯзҳои Анҷумани дуюми байналмилалии “Мероси ҷаҳонии кишварҳои ИДМ: дастрасии наслҳо чун ангеза барои рушд ва муколама” Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти Мероси Федератсияи Русия аввалин созишномаи ҳамкориро имзо карданд. Ҳамчунин роҳбарони ду ниҳоди илмӣ-таҳқиқотӣ Евгений Бахревский ва Шариф Комилзода бо табодули туҳфаҳои хотиравӣ аз талошҳо ва ниятҳои дар мавриди ҳамкориҳои судманд дар самти ҳифз ва тарғиби мероси фарҳангии ду кишвар изҳори назар намуданд. 

Ин Анҷуман охири моҳи гузашта дар шаҳри Маскав баргузор шуд ва дар кори он бештар аз 50 нафар афроди касбӣ: таҳлилгарон аз кишварҳои ИДМ, намояндагони  НК ИКОМОС  Русия , мутахассисони Маркази байналмилалии ҳифз ва барқарорсозии арзишҳои фарҳангӣ (ИККРОМ), намояндагони объектҳои мероси байналмилалии Русия дар кишварҳои ИДМ, намояндагони идораҳои тахассусӣ, ташкилотҳои динӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони Сафоратҳои кишварҳои ИДМ дар Федератсияи Русия, ҳамчунин таҳлилгарони хориҷӣ, ки дар самти ҳифзи мероси фарҳангӣ ва табиӣ фаъолият мекунанд, ширкат карданд.

  Созмондиҳандаи анҷуман Институти илмӣ-таҳқиқотии мероси фарҳангӣ ва табиии Русия ба номи Д.С.Лихачёв буд ва он бо дастгирии Вазорати фарҳанг ва Комиссияи Федератсияи Русия дар умури ЮНЕСКО роҳандозӣ шуд.

Макони баргузории Анҷуман Палатаи Аверкий Криллов дар соҳили Берсеневск, ки як иншооти беназири охири асри XVII буда, яке аз аввалин намунаи “русии барокко” маҳсуб мешавад, таъин шуда буд. 

Дар рӯзи аввали анҷуман бо суханони муқаддамотӣ аз Институти Мерос врио-директор  Е.В. Бахревский, ҳамчунин ҷонишини Директори Департаменти ҳифзи давлатии иншоотҳои мероси фарҳангии вазорати фарҳанги Русия А.В. Работкевич,  директори Департаменти ёдгориҳои Марази байналмилалӣ оид ба ҳифз ва таъмири арзишҳои фарҳангӣ (ИККРОМ) Ҷозеф Кинг,  сармушовири Комиссияи Федератсияи Русия дар умури ЮНЕСКОВ. К.В.Ринза, ноиб-президенти Шӯрои байналмилалӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳо ва маконҳои таърихии Русия Н.М.Алмазова суханронӣ карданд.  

Дар доираи Анҷумани байналмилалӣ имзои тантанавии созишнома миёни Институти Мерос ва Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Миёни роҳбарони ду ниҳоди илмӣ-таҳқиқотӣ Евгений Бахревский ва Шариф Комилзода табодули туҳфаҳои хотиравӣ баргузор шуд ва онҳо аз ниятҳои худ дар мавриди ҳамкориҳои судманд дар самти ҳифз ва тарғиби мероси фарҳангии ду кишвар изҳори назар карданд. 

Аз Сафорати Ҷумҳурии Белорус мушовир-фиристода Ю.Г. Ярошевич суханронӣ кард ва ташаббуси Белорусия оид ба силсиланоминатсияҳои баъдиҷангии меъмории сотсиалистии кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Марказиро муаррифӣ намуд. 

Ҳамчунин ширкаткунандагон роҷеъ ба ҷараёни рӯйдодҳо дар самти мероси умуиҷаҳонӣ дар соли 2017 табодули афкор намуданд ва суханронии роҳбари Маркази мероси умумиҷаҳонӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Институти Мерос Надежда Филатоваро шуниданд.  

Дар рӯзи аввали анҷуман муаррифии ҷамъбасти аввалин курсҳо зери сарпарастии ИККРОМ “Таъмири ёдгориҳои меъмории чӯбӣ” баргузор шуд, ки онро барои ширкаткунандагон намояндаи ИККРОМ Ҷ. Кинг, намояндаи ИККРОМ ва роҳбари хадамоти  таърихӣ-меъморӣ ва этнографии осорхона-мамнуъгоҳи “Кижи” О.Ю.Титова муаррифӣ намуданд. 

Мавзуъи муҳими анҷуман, ки мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт, ташаббуси Вазорати фарҳанги Русия оид ба баргузории Рӯзҳои мероси кишварҳои ИДТ бо равиши Рӯзҳои мероси аврупоӣ (лоиҳаи Шӯрои Аврупо) буд.  Корманди илмии Маркази умумиҷаҳонӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ Л.М. Бузина лоиҳаи аврупоиро муаррифӣ кард ва ба имкониятҳои истифодаи бомуваффақияти таҷрибаи аврупоии рӯзҳои мерос дар қаламрави ИДМ таъкид намуд. 

 Рӯзи дуюми анҷуман рӯзи баргузории мизҳои гирд буд. Ҳамчунин дар ҷамъбасти анҷуман қарор дар бораи маҷмуъи чораҳои амалӣ оид ба пешниҳоди номинатсияҳои иншоотҳои минтақаҳои Русия ва икшварҳои ИДМдар Рӯйхати мероси умумиҷаҳонӣ таҳия гардид.

барчасп: