Пешвои миллат ва давлатдории миллӣ

Силоҳ, қудрат ва тавоноиву сармоя ягон арзиш надорад, вақте дар ҷомеа худшиносиву ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ҷойгоҳи худро соҳиб нест. Миллатҳоро таърихашон месозад ва Эмомалӣ Раҳмон баъди аввалин фурсати баъди сулҳ ба ин ҷабҳа рў овард. Гиромӣ доштани арзиши таърихии Давлати Сомониён алифбои худшиносиҳои фаррохи миллати тоҷик ба ҳисоб мерафт.  

Нақш ва имкони иҷлосияи сарнавиштсоз

Тафриқа андозу ҳукмронӣ намо» - қоидаи «боақлона» аст, аммо «ваҳдат сохтану бо он ҳукмронӣ кардан» болотар аз он аст. И.В.Ҳуте

Қабл аз ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон аз сангарҳои гуногун мегуфтанд: «… садҳо ҳазор тоҷик қурбон мешавад, ду миллион тоҷик ба гуреза табдил меёбад, давлат харобу миллат пароканда мегардад…». Ин «пешгўии сард» хато набуду ҳақиқати баъзе ҷузъиёти ин пешгўиро дидем ва эҳтимолияти комил дошт, ки нуқтаи ниҳоӣ – парокандшавии давлат низ ба миён ояд. Он ҳолат барои аксари шоҳидони он рўзҳо пўшида нест. Чанде пештар аз он дида будем, ки аз ғафлати ҳокимони ғофил давлати абарқудрате бо номи шўравӣ пароканда шуда буд. Вақте давлате бо ин бузургӣ фано шуда буд, барои «тарроҳон» пароканда сохтани ҷумҳурии хурде ҳеҷ душворие надошт. Аммо нотавонбинони дохиливу хориҷӣ аз як чиз бехабар буданд ва хато карданд. Онҳо намедонистанд, ки миллати роҳгум дар атрофи як фарзанди бонангу номус ва боҷуръати худ ҷамъ меояд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамон шахсияту фарзанди худфидову ҷасури миллат буд, ки дар муқобили ҳама ҳадафҳои нопок чун як сипари миллат қарор гирифту халқро дар атрофи худ сарҷамъ намуд. Аз дохилу аз хориҷ чӣ мегўянду намегўянд, аммо ин шахсият барои ҳазорсолаҳо чун наҷотбахши миллат боқӣ мемонад. Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он арзиш шинохта мешавад ва эътироф мегардад, ки заминаи сулҳу ваҳдати миллиро ба вуҷуд оварда буд. Аммо ин иҷлосия нуқтаи аввалину ниҳоии сулҳу ваҳдат ба ҳисоб намерафт. Душманони миллат гумон доштанд, ки ин иҷлосия низ чун иҷлосияҳои пешин танҳо назарфиребист. Ин гумон низ то ҳадде  ҳақиқат дошт ва саҳифаҳои таърих гувоҳ аст, ки баъди баргузории он ва як навъ «оши оштӣ» низ ҳаммилатони мо боз ба майдони набардҳо рафтанд. Ин иҷлосия танҳо имконе буд, ки барои наҷоти миллат бо амри тақдир ба миён омада буд. Хушбахтона ин имконро миллати тоҷик бо роҳнамоиву устувории як нафар истифода бурда тавонист. Ин устувориву шуҷоат аввалин қадами Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ буд.

Худфидоӣ дар роҳи таҳкими давлату миллат

Дар иҷлосияи таърихии Хуҷанд қариб 30 нафар вакилон  иштирок надоштанд. Шоҳидон бевосита иброз медоранд, ки ду нафар собиқ роҳбарони ҷумҳурӣ, ки бо айби онҳо низоъҳои дохилӣ сар зада буд, дар иҷлосия ширкат накарданд. Баъзеҳо интихоби онрўзаи Эмомалӣ Раҳмонро чун дигар роҳбарони собиқ муваққатӣ мепиндоштанд. Ин гумон низ ҳақиқатҳо дошт ва бешубҳа барои Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 то соли 1997 мушкилтарин давраҳо ба ҳисоб мерафтанд, ки ба гумон буд, ки нафари дигар ба ҷои ў ин ҳама мушикилотро таҳаммул мекард. Сулҳофарию ваҳдатсозӣ кори осон набуд. Тамоми даври музокироти гуфтушунидҳои сулҳро назорат мекарду суръат мебахшид. Ҷон дар каф ба майдонҳои набард мерафту бо силоҳбадастон мулоқот менамуд. Дар он солҳо ва феълан низ ба Афғонистони ҷангзада ба миёни силоҳбадастону қумондонҳои саҳроӣ рафтан аз ҳар ҳар як роҳбари давлати ҷаҳон ҷуръату далериву аз баҳри ҷони худ гузаштанро талаб менамояд. Ин ҷасоратҳо қадами дигари Пешвои миллат ва миллати тоҷик дар роҳи таҳкими давлати миллӣ буд.

Имрўз собит гашт, ки тақдири миллат бештар аз хориҷи кишвар мавриди таъсиру бозиҳо қарор дода мешуд. Агар дар он солҳо як нафари камиродаву ноустувори дигар ба сари қудрат меомад, яқинан миллат ва давлати тоҷикон ба нобудӣ рафта мерасид. Ин шахсият буд, ки аз баҳри амнияту ҷони худ сарфи назар карда буд ва чун як пояи устувори давлатсозии милли тоҷикон бо амри тақдир оташи низоъ ва бархурдҳоро нест мекард. Таърих собит менамояд, ки танҳо он нафаре роҳбару пешвои як миллат гашта метавонад, ки агар аз ҷангу мухолифат пешгирӣ намояду онро барҳам занад. Ин омил дар таърихҳо бунёди давлат ва нигаҳдошти он номида мешавад. Дар ҳақиқат боз ҳам таърих таълим медиҳад, ки то фарде бо як истеъдоди Худодода аз баҳри ҷони худ дар байни як миллат нагузарад, наметавонад, ки он миллат сарҷамъ ояду ташаккул ёбад. Ин рисолатро Эмомалӣ Раҳмон иҷро карда тавонист ва ин худфидоӣ омили дигари таҳкими давлатдории миллӣ то имрўз дониста мешавад.

Давлати миллӣ ва сулҳу дўстии давомдор

Орифе мегўяд, ки «ба сулҳ имкон диҳед, подоши онро хоҳед дид».  Миллати тоҷик бо Пешвои худ то имрўз бо мухолифони сулҳ мубориза мебарад. Дар ҳақиқат сулҳ аст, ки имрўз миллати мо ташаккулу такомул меёбад. Дар минбарҳо, майдонҳо, саҳнаҳо шарофати сулҳ аст, ки парчами миллии мо барафрохта мешавад ва суруди миллии мо тантана меорояд. Вақте муҳаббат ба ватан дар дили як миллат меафзояд, ин маънии салтанати сулҳ дар он кишварро дорад. Хушбахтии милии мост, ки имрўз дар байни ҳамаватанон дарди маҳал нест гардид. Хусусияти давлати миллӣ забон ёфтан бо тамоми мардум ва қишрҳои сиёсиву иҷтимоии ҷомеа аст, ки онро Пешвои миллатамон муваффақона амалӣ кардааст. Пешвои миллат бо ҳимоя аз пуштибониҳо аз мавқеи мардум ва зиндагии шоистаи онҳо ин мақомро ёфтааст.

Маълум аст, ки «…барои ҳимояи давлат нерўи бузурги ҳарбӣ шарт нест. Дар ин роҳ нерўи бузург он аст, ки агар халқи ваҳдатдўст ба давлати худ муҳаббат дораду дар ҳимояи он талош мекунад.» Раванди имрўзаи ҷаҳонишавӣ собит сохта истодаст, ки аз мухолифат кишварҳои бузург пора мешаванд ва аз ваҳдат кишварҳои хурд ташаккул меёбанд. Дар ин раванд ватандўстӣ, муҳаббат ба Пешво, ваҳдат ва сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ба идеяи миллии мо табдил ёфта истодааст, ки аз он болотар дастоварду силоҳе нест.

Худшиносӣ ин миллатсозиву нигаҳдории он аст

Халқе ки худшиносии миллӣ надорад ва бо гузаштаи худ ифтихоре карда наметавонад, ба партовгоҳе монанд мешавад, ки дар гирди он лошахурҳо ҷамъ мешаванд. Хушбахтона, худшиносиҳои миллии мо зеро роҳбарии як нафар вусъат меёбад. Миллатҳо гули худрў нестанд ва мисоли чашма яку якбора ташаккул намеёбанд. Барои ташаккули як миллат дар ҳама замонҳо ваҳдату худшиносӣ нақши калидӣ дошт. Силоҳ, қудрат ва тавоноиву сармоя ягон арзиш надорад, вақте дар ҷомеа худшиносиву ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ҷойгоҳи худро соҳиб нест. Миллатҳоро таърихашон месозад ва Эмомалӣ Раҳмон баъди аввалин фурсати баъди сулҳ ба ин ҷабҳа рў овард. Гиромӣ доштани арзиши таърихии Давлати Сомониён алифбои худшиносиҳои фаррохи миллати тоҷик ба ҳисоб мерафт. Таҳкими забону фарҳанги миллӣ як унсури муҳими давлатсозии миллии мо гашт. Бо забони тоҷикӣ аз баландтарин минбарҳои байналхалқӣ имрўз муҳимтарин проблемаҳои рўи сайёра ироа мешаванд, ки гувоҳи яқини давлатдории миллии имрўзаи мост.

Андешаи дигаре ҳаст, ки бадбахт он миллатест, ки қаҳрамонони худро надошта бошад. Бо ибтикори хоси Эмомалӣ Раҳмон дар замони истиқлолият Тоҷикистон қаҳрамонони худро шинохт. Чунин шароите дар кишвар ба миён омадааст, ки шеваи худшиносӣ дар ҷомеа баланд равад.  Вақте як миллат ба худшиносӣ мерасад, ин маънии онро дорад, ки он миллатро аҳли башар мешиносад. Тоҷикистонро чун як миллати соҳибтамаддуну соҳибмулк дар чорчўбаи СММ, ИДМ, СҲШ, СААД, БРИКС ва дигар ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ эътироф кардаанд, ки шаҳодати олии давлатдории миллии мост.

Қонунмандӣ низоми давлати миллист

Пешвое ки давлатро дар заминаи қонунҳо идора менамояд ва он қонунҳоро халқ пазируфтааст, ин маънии бақо доштани миллату давлатро дорад. Миллате ки ҷангу ихтилофро нест намесозад, ба он бо чашми нафрат наменигарад ва қонунҳоро поймол месозад, маълум, ки дар рух додани он мусоидат менамояд. Афкори солим қонунҳои имрўзаро ба вуҷуд оварда истодааст. Тариқи раъйдиҳиҳо ва тағиру иловаҳо такмилу таҳрири қонунҳо аз ҷониби халқ сурат мегиранд. Ба қавле дар кишвари мо қонунияти «инсон на барои қонун, балки қонун барои инсон аст» таҳким меёбад. Ҳанўз дар оғози фаъолияти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон таҳкими давлатдории миллӣ бо вуҷуди мушкилотҳо бо низому ҷараёни хос сурат мегирифт. Парчам, Суруди миллӣ, Конститутсия, Асъори миллӣ дар даҳсолаи аввали мушкили давлатсозӣ поягузорӣ гашта буд, ки самари худро додаанд.

Ифтихори миллӣ - роҳ ба сўи фардои нек

Имрўз мо ифтихор аз сулҳу оромиву таҳкими давлатдории миллати худ менамоем. Бузургтарин ва эътирофгаштатарин ифтихорҳо ин ифтихори миллист, ки онро имрўз бояд ҳар як фарди тоҷикзабон соҳиб бошад. Ҳар як миллат гумон мекунад, ки аз дигар миллат беҳтар аст, ки ин омил аввалин қадам дар роҳи ватандўстист. Ҳеҷ гоҳ мавриди тамасхури миллати тоҷик набуд ва намебошад, ки дар ин ё он нуқтаи ҷаҳон як миллат дар гирдоби низои дохилӣ қарор дорад. Танҳо қаноатмандиву ифтихори мо он аст, ки оташи ҷанги дохилии худро нест кардем. Давлатсозиву таҳкими рукнҳои устуворсозандаи давлати миллӣ дар партави сиёсати Пешвои миллат дар кишварамон бомаром ҷараён дорад. Имрўз ва аз оғоз низ таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ - вазифаҳои стратегии таъмини амнияти дохилӣ ва хориҷӣ  ба шумор мераванд, ки симои давлати миллии мост. Яъне бо ифтихор ин миллат ҳадафмандона ба пеш қадам мениҳад.

Бахтиёри Қутбиддин,
номзади илмҳои филологӣ

барчасп: