Дар Китобхонаи миллӣ дуюмин рӯзи нишасти сарварони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви СҲИ идома дорад

Субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллӣ чорумин нишасти раисони китобхонаҳои миллии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) оғоз шуд. Ин дуюмин рӯзи ҳамоиш аст, ки қарор аст баъд аз зуҳр бо имзои ячанд санадҳои ҳамкорӣ ба кори худ поён диҳад.

Дар нишасти субҳгоҳӣ масъалаи роҳандозиисомонаи китобхонаҳои миллии кишварҳои узви СҲИ ва мубоҳисот оид ба таркиби он мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад.

Қабл аз зуҳр дар ҳузури меҳмонон миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Озарбойҷон  Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Қарор аст баъд аз зуҳр миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Туркия низ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо шавад.   

Дар нимаи дуюми рӯз ҳамчунин бахши фарҳангии СҲИ ду китоби тозачопи худ “Як байти парниён” ва “Бозгашти Хоҷа Насриддин” (муаллиф Темур Зулфиқоров)-ро муаррифӣ мекунад.

Дар поёни ҷаласа ширкаткунандагон замон ва макони баргузории ҷаласаи панҷуми раисони китобхонаҳои миллии кишварҳои узвро муайян мекунанд.

Ҳамчунин тибқи барнома гузориши видеоии намояндаи доимии ЮНЕСКО дар Теҳрон хонум Лароше дар назар аст.

Дар нишаст Директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Шариф Комилзода низ ширкат дорад.

барчасп: