Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» Амр ба имзо расид. Хабари мазкурро субщи имрӯз дафтари матбуотии Сардори давлат расонаӣ кард.
Дар он аз ҷумла омада:
1. Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати ба боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» иваз намудани номи боғи «50-солагии ҷавонон», воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе, ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод манзур намояд.
2. Дар боғи мазкур пайкараҳои Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гузошта шавад.
3. Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати таҳияи лоиҳаи муҷассамаҳои мутафаккирони номбурда озмун эълон намояд.
Гуфтанист, ки ин иқдоми Пешвои миллат бидуни шак ба таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстӣ ба хотири гиромидошти фарзандони баруманди ду миллати дӯсту ҳамсоя — Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ ва қадршиносии онҳо баҳри саҳмгузорӣ дар пойдории дӯстии халқҳои точику ӯзбек мусоидат хоҳад кард.