Наврўз ва наврўзшиносӣ дар Тоҷикистон

Наврўз ва наврўзшиносӣ дар Тоҷикистон

Наврўз ба ҳайси яке аз унсурҳои барҷастаи фарҳанги ғайримоддӣ бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҷумҳуриҳои  Афғонистон, Эрон, Ўзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ироқ, Покистон, Туркия, Туркманистон ва Ҳиндустон рўзи 30 ноябри соли 2016 дар Ҷаласаи 11-умини байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия баргузор гардид, расман ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд.

Наврўз яке аз маъмултарин ва қадимтарин ҷашнҳои миллӣ буда, дар ҳаёти фарҳангии тоҷикон нақш ва мақоми хосса дорад. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Наврўз ҳамчун мероси фарҳанги миллӣ ва ҷашни муқаддаси ниёгон мазмуну шукўҳи тоза пайдо кард. Боиси ифтихор аст, ки ҷашни Наврўз ҳамасола дар сарзамини камназирамон дар фазои мубораки истиқлолу ваҳдати миллӣ бо самимияти хосса ва шукргузории том таҷлил мегардад.

Баъд аз мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврўз (соли 2010) таваҷҷуҳ ба омўзишу таҳқиқи он ва нашри маводи наврўзшиносӣ тадриҷан боло рафта, теъдоди асарҳои ҷудогона ва рисолаву мақолаҳои илмӣ афзуданд. Махсусан татбиқи банди 3 ва 4-и иҷроии қатънома оид ба «Рўзи байналмилалии Наврўз» барои шинохти воқеӣ, пажўҳишу таҳқиқи таърих ва расму оинҳои наврўзӣ мусоидат кард. Аз ҷумла дар қатънома омадааст, ки «Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид давлатҳои аъзоро даъват кардааст, ки сатҳи огаҳии худро дар бораи Наврўз баланд бардошта, бо мақсади интишори донишҳои марбут ба мероси Наврўз дар ҷомеаи байналмилалӣ таърихи пайдоиш ва суннатҳои онро мавриди омўзиш қарор диҳанд ва дар сурати зарурӣ ҳамасола барои бузургдошти ин ид чорабиниҳо доир намоянд». Дар ин робита, таваҷҷуҳи муҳаққиқонро бештар масоили таърихи пайдоиш ва фалсафаи Наврўз, ҷойгоҳи Наврўз дар фарҳанги миллӣ ва тамаддуни башарӣ, давраҳои таҳаввул, расму оинҳо ва суннатҳои наврўзӣ, тарзи тайёр намудани дастархони наврўзӣ ба худ ҷалб намуд.

Доир ба масоили Наврўз ва наврўзшиносӣ аз ҷониби аҳли илму адаб, муаррихону рўзноманигорон, эҷодкорону коршиносон осори зиёди илмиву бадеӣ ва иттилоотӣ таҳияву нашр шудаанд. Дар онҳо натиҷаи муҳимтарин чорабиниҳои ба ифтихори ҷашни Наврўз баргузоршуда, тасвири воқеии худро ёфтаанд. Аз ҷумла, соли 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шудани Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврўз бо иштироки адибони 18 кишвари ҷаҳон, таҷлили ҷашни бошукўҳи идонаи «Корвони Наврўзӣ» дар майдони «Авесто»-и шаҳри Хуҷанд ва амсоли инҳо.

Хушбахтона, Наврўз ба ҳайси яке аз унсурҳои барҷастаи фарҳанги ғайримоддӣ бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҷумҳуриҳои  Афғонистон, Эрон, Ўзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ироқ, Покистон, Туркия, Туркманистон ва Ҳиндустон рўзи 30 ноябри соли 2016 дар Ҷаласаи 11-умини байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия баргузор гардид, расман ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд.

Доир ба таъриху давраҳои таҳаввули ҷашни Наврўз ва вижагиҳои баргузории он то имрўз теъдоди зиёди сарчашмаҳои қаламию чопӣ, савтию электронӣ бо забонҳои гуногуни дунё интишор ёфтаанд, ки қисме аз онҳо дар се китобномаи «Наврўз» номнавис шудаанд.

Китобномаҳои мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши наврўзшиносии мардум ва муаррифию тавсияи адабиёти баргузида оид ба Наврўз ва суннатҳои наврўзӣ таҳия шуда, 4193 номгўи адабиёти чопӣ ва электронии дар солҳои 1947-2017 интишорёфтаро фаро гирифтаанд. Китобномаҳо ба эҳтиёҷмандон барои дарёфти адабиёт марбут ба таъриху давраҳои таҳаввули Наврўз, расму оинҳо ва тавсифу тасвири бадеии он кумак хоҳанд расонд.

Шариф КОМИЛЗОДА, директори Пажўҳишгоҳи
илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот
БОРГИРӢ: Н А В Р Ӯ З (ФЕҲРИСТИ АДАБИЁТ)

барчасп: