Рӯзҳои фарҳанги Белорус дар Тоҷикистон идома дорад

Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон, ки 14-уми май оғоз шуда буд, идома дорад. Қарор аст дар доираи чорабиниҳои тарҳрезишуда вохӯрии ҳайати расмии Рӯзҳо бо роҳбарияти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, нишасти матбуотӣ, Рӯзҳои кинои Беларус, намоишгоҳи асарҳои мусаввирӣ, барномаҳои консертӣ бо иштироки Ҳунарпешаҳои хизматнишондодаи Ҷумҳурии Белорус Владимир Громов ва Алёна Ланская, инчунин ҳунарпешаҳои Ансамбли давлатии академии хизматнишондодаи хореографии «Хорошки» -и Ҷумҳурии Беларус дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат баргузор шавад.

Дирӯз меҳмонон ба шаҳри Ваҳдат сафар карданд ва аз дараи Ромит ҳам дидан намуданд. 

Рӯзи 14 майи соли 2018 дар Хонаи кино Рӯзҳои синемои Беларус дар Тоҷикистон оғоз гардид. Раиси Иттифоқи синемогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов оид ба ҳамкориҳои киностудияи «Беларусфилм» ва «Тоҷикфилм» дар гузашта ва дар бораи нақшаҳои оянда, инчунин дар бораи дӯстиву бародарии мардуми ду кишвар ҳарф зад.

Директори генералии «Киностудияи миллии Беларусфилм» Михаил Карачевский ба мардуми тоҷик барои пазироии гарму самимӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос намуд. Номбурда дар бораи мавҷудияти созишнома оид ба муносибатҳои фарҳангии ду кишвар ҳарф зада, иброз дошт, ки минбаъд ҳамкориҳо бояд дар соҳаҳои гуногуни фарҳанг, аз ҷумла дар соҳаи санъати кино таҳким ёбанд.

Михаил Карачевский ҳозиринро бо фаъолияти «Киностудияи миллии Беларусфилм» шинос намуд: «Мо дар як сол 5- 6 филми ҳунарӣ, 10 - 15 филми анниматсионӣ ва 10-12 филми ҳуҷҷатӣ ба навор мегирем. Дар баробари ин мо кӯшиш мекунем, ки бо киностудияҳои шахсӣ рақобатпазир бошем», - гуфт директории генералии «Беларусфилм».

Субҳти имрӯз бошад дар Китобхонаи миллӣ нишасти матбуотии Юрий Бондар-Вазири фарҳанги Белорус бо ширкати Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода баргузор гардид. Шамсиддин Орумбекзода-Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар сухани муқаддамотии худ баргузории Рӯзҳои фарҳангии Белорус дар кишварро падидаи тоза ва умедбахш хонд. 

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Юрий Бондар иброз дошт, ки минбаъд ҳамкорӣ бояд дар соҳаҳои гуногуни фарҳанг, аз ҷумла дар соҳаи санъати кино таҳким ёбад. Вай аз ҷумла гуфт: «Боварии комил дорем, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанги Беларус барои боз ҳам мустаҳкамтар намудани риштаҳои дӯстии ду кишвар ва муаррифии санъату фарҳанги ҳарду давлат ҳиссаи арзанда мегузорад».

Юрий Бондар дар идомаи суханрониаш дар ҳузури хабарнигорон иброз дошт, ки  Рӯзҳои фарҳангӣ маҳз ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Беларус Александр Лукашенко доир мешавад барои роҳандозии он вазоратҳои фарҳанги ду кишвар талош карданд. 

Шоми имрӯз, 16 май соати 17:30 дар фойеи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоишгоҳи осори санъати тасвирии «Беларус ва белорусҳо» ифтитоҳ меёбад.

Соати 18:00 дар толори театри мазкур барномаи бошукӯҳи консертии ҳунарпешагони болорусӣ манзури тамошобинони тоҷик мегардад.

Рӯзҳои фарҳанги Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фардо, 17 май ба анҷом мерасад.

Зимни нишаст Директори генералии «Киностудияи миллии Беларусфилм» Михаил Карачевский ба мардуми тоҷик барои пазироии гарму самимӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос намуда, дар бораи мавҷудияти созишнома оид ба муносибатҳои фарҳангии ду кишвар маълумот дод. Изҳори умед карда шуд, ки минбаъд ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни фарҳанг, аз ҷумла дар соҳаи санъати кино таҳким меёбад.

Дар нишаст миёни меҳмонон ва хабарнигорон аз равобити ҳасанаи фарҳангӣ миёни ду кишвар табодули афкор сурат гирифт ва Вазири фарҳанги Белорус ва ҳамроҳонаш ба саволҳои кормандони ВАО посух доданд. 

Дар поёни нишасти матбуотӣ Юрий Бондар ва ҳамроҳонаш аз Китобхонаи миллӣ дидан намуданд.

барчасп: