Истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар фаъолияти китобхонаҳо

Дар таҳқиқот роҳҳои истифодаи воситаҳои муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар фаъолияти китобхонаҳо мавриди омўзиш қарор гирифтааст. Ҳамзамон дар таҳқиқот вазъи таъмини китобхонаҳо бо технологияи муосир ва сатҳи дастрасиву истифодаи онҳо аз ҷониби хонандагон таҳлил гардида, роҳҳои рафъи душвориҳо ва ҳалли масоили вуҷуддошта, нишон дода шудааст.

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи иттилоотӣ ворид гардида истодааст ва табиист, ки ташаккули фазои ягонаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионӣ, рушди босуръати технология ва бозори иттилоотӣ, ҳамкориҳои байналмилалии китобдорӣ-иттилоотӣ, мубодилаи илмӣ, техникӣ, фарҳангӣ ҷараёнҳое мебошанд, ки воридшавии мамлакати моро ба ҷомеаи иттилоотӣ инъикос менамоянд. Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 – уми декабри соли 2017 иброз намуданд, ки: «Мо бояд дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар гардонем».

Китобхонаҳо ҳамчун муассисаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва маркази иттилоотӣ дар иттилоотонии ҷомеа нақши калидиро мебозанд ва ҷиҳати пешравии фаъолияти иттилоотии худ роҳандозии равандҳои инноватсиониро муҳим арзёбӣ мекунанд.  Фаъолияти инноватсионӣ – ин яке аз самтҳои пешбарандаи китобхона мебошад.

Татбиқи инноватсия дар фаъолияти китобдорӣ дар шароити имрўзаи китобхонаҳо яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Китобхонаҳоро дар ҷаҳони муосир бидуни татбиқи равандҳои инноватсионӣ тасаввур кардан ғайри имкон аст. Пеш аз он ки дар бораи то кадом сатҳ роҳандозӣ гардидани татбиқи инноватсияро дар соҳаи китобдорӣ аниқ намоем, моро зарур аст, ки сараввал мафҳум ва моҳияти инноватсияро мушаххас намоем.

«Инноватсия» аз калимаи англисии «innovation» гирифта шуда маънои навгонӣ, навигарии ҷоришудаеро мегўянд, ки беҳтаршавии сифату самаранокии равандҳо ё маҳсулотро тибқи талаботи бозор таъмин менамояд [6].

Мафҳуми мазкур дар асри XX дар соҳаи педагогика тавассути асари муаллифи англис бо номи «Инноватсияҳои педагогӣ» ба доираи илмӣ ворид шудааст. Баъдан  ин мафҳум дар соҳаҳои фарҳангшиносӣ ва иқтисодиёт истифода мегардад.

Истифодаи мафҳуми инноватсия дар риштаи китобдорӣ тавре олими соҳаи китобдорӣ Матвеева Ирина Юрьевна қайд мекунад,  «дар илми китобхонаши-носӣ, библиографияшиносӣ ва информатикаи иҷтимоӣ истилоҳи «инноватсия» танҳо аз оғози соли 1990 ба таври васеъ истифода мегардад».

Аз рўйи таҳлилҳои Ирина Матвеева зери мафҳуми навгонии китобдорӣ мо натиҷаи фаъолияти эҷодии мутахассиси соҳаи китобдориро, ки ба амалинамоии навгониҳои китобдорию библиографӣ дар фаъолияти китобхона равона карда шудааст, мефаҳмем.

Китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти молиявӣ ва душвориҳои дигар, дар ин ҷараёнҳо худро фаъолона нишон медиҳанд. Дар китобхонаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ҳаҷми муайяни хуҷҷатҳои электронӣ гирд омадааст.   

Дар фаъолияти китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар даврони истиқлол татбиқи равандҳои инноватсионӣ ба роҳ монда шуд. Барои ин, пеш аз ҳама қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи китобдорӣ мусоидат намуданд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» (01.08.2003), «Дар бораи иттилоот» (10.05.2002), «Дар бораи ҳифзи иттилоот» (2.12.2003) ва қабули се барномаи давлатӣ оид ба рушди соҳаи китобдорӣ: «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006 – 2015», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006 – 2015», «Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2013» ҷиҳати беҳтарнамоии фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳандозӣ гардидани як қатор равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти китобхонаҳо мусоидат намуданд.

Пайдо шудани компютерҳои фардӣ ва истифодаи технологияи муосир дар фаъолияти китобхонаҳои Тоҷикистон навигариҳои зиёдеро ба миён овард. Дар ин робита нақши китобхонаҳо ҳамчун марказҳои иттилоотию фарҳангӣ дар қонеъ намудани эҳтиёҷи оҷилии ҷомеа ба манобеи нав, аҳамияти муҳимро касб намуданд. Бунёди китобхонаҳои электронӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти иноватсионии китобхонаҳо ба ҳисоб меравад. Имрўз китобхонаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ дорои китобхонаҳои электронӣ ва бо шабакаи байналмилалии интернет пайваст мебошанд. Яке аз китобхонаҳое, ки равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти он ба таври васеъ татбиқ гардидааст, Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошад. «Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон низоми нави худкори раванди китобдорӣ-иттилоотӣ дар асоси яке аз барномаҳои дар соҳаи китобдории ҷаҳонӣ санҷидашуда «ALEPH» (Алеф) ба роҳ монда шуд.... Барои ба низоми нави худкори раванди китобдорӣ-иттилоотӣ мувофиқу созгор намудани ҳаракати системаи «китоб-хонанда-хониш» бори нахуст фонди Китобхонаи миллии Тоҷикистон тавассути рамзбандии вижаӣ (штрихкод) рақамгузорӣ карда шуд.... Фонди электронӣ ва китобҳои савтии мероси мусиқии халқи тоҷик бунёд ёфта, дар он 50 асари оҳангсозон ва мусиқишиносони Тоҷикистон ва беш аз 700 гуфторҳои савтии осори классикон ва адибони муосир, суруду оҳангҳои классикӣ ва халқӣ ҷамъоварӣ ва ба истифодабарандагони китобхона пешниҳод шуд.... Ҳамзамон, «дар сохтори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ амал мекунад, ки фаъолияти хешро бо мақсади созмондиҳӣ, идора ва истифодабарии фондҳои электронӣ ва татбиқи технологияи иттилоотӣ-коммунткатсионӣ дар китобхона ба роҳ мондааст».

Ҳамчунин, бояд таъкид намуд, ки воситаҳои замонавии китобдорӣ аз қабили сканерҳои дастӣ, картаҳои пластикӣ барои истифодабарандагони китобхона, рафҳои китобии замонавӣ маҳз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мавҷуд аст, ки ҷиҳати татбиқи равандҳои инноватсионӣ созгор мебошад.

Бояд зикр намуд, ки татбиқи равандҳои инноватсионӣ на танҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, балки дар кулли китобхонаҳои кишвар новобаста аз навъи онҳо ногузир аст, зеро, пешравиҳои илму техника ва зиёд гардидани талаботҳои нави хонандагон аз кулли китобхонаҳо татбиқи равандҳои инноватсиониро дар фаъолияти онҳо тақозо мекунад. Танҳо аз нав бо роҳу усулҳои ҷадид ба роҳ мондани тамоми самтҳои фаъолияти китобдорӣ имконият медиҳад, ки китобхонаҳо имрўз ва дар оянда аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои иҷтимоии дар наздашон буда, бароянд.

Ҷалби бештари хонандагон ба китобхонаҳо ва саргарми омўзишу мутолиа намудани наслҳои оянда аз фаъолияти инноватсионии китобхонаҳо вобаста мебошад. Табиист, ки навгониҳо таваҷҷуҳи хонандагонро бештар ҷалб менамояд ва хонандаи имрўз дунболи навгониҳост. Хонандагони китобхонаҳо дар асри XXI бештар ба иттилоотӣ саҳеҳу дақиқ ва оҷилан дастрас намудани он ниёз доранд. Иттилооти носаҳеҳу бардурўғ ва нокомил табъи истифодабарандаро хира гардонида, эътимоди хонандаро аз китобхона коста мегардонад. Оҷилан иҷро нагардидани дархостҳои муштариён бошад, далели воқеии ҷавобгў набудани фаъолияти китобхона ба талаботи замон аст. Азбаски технологияи муосири иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ нагардидааст, мушкилиҳои дар боло зикр гардида дар раванди хизматрасонӣ дар онҳо дида мешавад. Хусусан, дар китобхонаҳои ноҳияҳо ва ҷамоату деҳоти ҷумҳурӣ, ки бо технологияи замонавӣ таъмин нагардидаанд, сифати хизматрасонӣ дар сатҳи паст қарор дорад. Аксарияти ин китобхонаҳо хонандагони сершумори худро кайҳо аз даст додаанд. Аз як ҷониб, ногувор будани вазъи молиявии китобхонаҳо ва аз ҷониби дигар, надоштани малакаю маҳорати истифодаи технологияи муосир дар фаъолияти касбии кормандони онҳо боиси татбиқ нагаштани равандҳои инноватсионӣ ва дар зинаи поён қарор доштани вазъи хизматрасонӣ ба муштариён гардидааст.

Бояд зикр намуд, ки беҳдошти вазъи фаъолияти китобхонаҳо ҳамчун муассисаҳои муҳимми фарҳангӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз ҷумла, Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 – уми декабри соли 2017) таъкид намуданд, ки: «Моро зарур аст, ки фаъолияти муассисаҳои таълимии санъату ҳунар, осорхонаву китобхонаҳо, театрҳо ва марказҳои фарҳангиро беҳтар гардонем, аҳли ҷомеаро ба ин муассисаҳо ҳарчӣ бештар ҷалб кунем ва бо ин роҳ ба раванди баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавиёти аҳли ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон, яъне наслҳои ояндасози миллат ва рушди фарҳанги миллӣ таккони ҷиддӣ бахшем».

Китобхонаҳо барои рақобатпазир будан дар баробари дигар марказу воситаҳои иттилоотрасон вазифадоранд, ки дар фаъолияти худ навгониҳоро дар равандҳои гуногуни хизматрасонии китобдорӣ мавриди истифода қарор диҳанд ва сатҳу сифати хизматрасониро беҳтар намоянд.

Имрўз дар баробари пешравиҳои назаррас дар соҳаи китобдорӣ камбудиҳо низ вуҷуд доранд. Аз ҷумла:

- аксари китобхонаҳои деҳот то ҳол бо технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионии муосир муҷаҳҳаз нагардидаанд;
- бештари бинои китобхонаҳои деҳот таъмирталаб мебошанд ва фондҳои китобхонаҳо бо адабиёти тозанашр сари вақт таъмин карда намешаванд;
- имрўз китобхонаҳои марказии ноҳияҳо дорои тақрибан 3-4 компютер бошанд ҳам, баъзеашон то ҳол ба шабакаи Интернет пайваст нашудаанд;
- бештари китобхона-филиалҳо то кунун соҳиби компютер нашудаанд;
- аксари кормандони китобхонаҳо дорои маълумоти ғайрикасбӣ мебошанд ва албатта чунин вазъият боиси суст шудани татбиқи равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти китобдорӣ гардидааст;
- дар китобхонаҳо иттилоотҳои гирдовардашуда то охир тибқи муқаррароти соҳаи китобдорӣ гурўҳбандӣ нашудаанд ва рақамигардонии онҳо ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудааст;
- дар як қатор китобхонаҳо ҳануз ҳам феҳристҳои анъанавӣ ташкил карда нашудаанд;
- якрангии чорабиниҳои оммавие, ки дар китобхонаҳо солиёни зиёд баргузор мешаванд;

Барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва мувофиқ намудани самтҳои асосии фаъолияти китобхонаҳо ба талабот ва вежагиҳои ҷомеаи иттилоотӣ, ки ҳарчи бештар татбиқи инноватсияро дар фаъолияти китобхонаҳо тақозо менамояд, ба ақидаи мо, ҳалли чунин масоил ногузир аст:

- дар баробари таъмин намудани китобхонаҳо бо технологияи нави иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши тахассусии китобдорон;
- тибқи барномаҳои дар соҳаи китобдорӣ татбиқшуда ҷорӣ намудани технологияи нави иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар фаъолияти китобхонаҳо;
- бо дарназардошти вежагиҳои истифодаи технологияи муосир роҳандозӣ намудани хизматрасонии китобдорӣ;
- бо истифода аз феҳристу картотекаҳои анъанавӣ ташкил ва барои истифода пешниҳод намудани феҳристу картотекаҳои электронӣ;
- мувофиқу созгор намудани ҳамаи самтҳои фаъолияти китобхонаҳо ба низоми нави худкори равандҳои китобдорӣ-иттилоотӣ.

Н. Умарова

барчасп: