Ҳунарҳои мардумӣ: ДЎҒКАШӢ

Шакли гуппӣ ба охури дарозрўя монанд монанд буда, баландияш 0,8-1 м ва қутраш 30-40 см аст. Даҳони гуппӣ 15-20 см буда, ғунҷоишаш 10-15 летр мебошад. Гуппиро, асосан, аз гили пухта (сафол), чўбва тунука месозанд. Гуппӣ  сарпўш ва гуппичўб низ дорад. Гуппичўб аз чўби дарозиаш 1-1,2 м ва  сараки салибшакли тахтагин иборат мебошад.          

Барои ҳосил кадани равғани маска ҷурғотро ба гуппӣ рехта, гуппичўбро  ба он андохта, зуд-зуд ба болову поён ҳаракат медиҳанд. Равғани маска дар ҳолати ҳарорати муътадил будани ҷурғот хубтар ҳосил мешавад. Агар ҷурғот хунук бошад, ба он каме оби гарм мерезанд. Баръакс агар ҷурғот гарм бошад, ба он қадре оби хунук илова мекунанд. Маскаи ҳосилшударо ба оби хунук шуста, бо дастҳо фишор медиҳанд, то ки дуғҳои  боқимонда аз дохилаш берун шаванд. Маскаи тозашударо намак карда, дар тағора ё корсон нигоҳ медоранд, то ки тамоми обаш таровад.

Дўғи ҳосилшударо дар халтаҳо меандозанд, оби он қатра-қатра чакида дуғ ба мост табдил меёбад. Агар он дар халта бештар истад, бештари обҳояш чакида, чакка ҳосил мешавад. Дар баъзе  деҳаҳои кўҳистон дуғи маскааш гирифташударо дар дегҳо ҷўшонида, ба халтаҳо мегиранд. Тадриҷан зардоби  он чакида маҳсулот ба чаккаи сахт ё қурут мубадал мегардад.

Усули дигари дўғкашӣ бо чархдегу чархчўб анҷом дода мешавад, ки дар водиҳои Ҳисору Кўлоб, Вахш, Рашт, Дарвоз ва дигар ҷойҳо маъмул мебошад. Дастгоҳи дўғкашӣ аз қисматҳои зерин иборат аст; чахник (чахт)- халқҳои чубин: чархчўб, ки 1-1,2 м дарозӣ дошта, дар нўгаш ду тахта ба шакли салиб устувор шудааст; зарфи сафолии калон чархдег, ки он то 10-12 литр ғунҷоиш дорад. Дар ягон сутун чахникро бо банд баста, дастаи чархчўбро аз халқаҳо гузаронида, нўги онро ба даруни чархдег меандозанд. Ба дастаи чархчўб тасмаи латагӣ ё чармиро як маротиба печонида ду нўги тасмаро зане, ки дўғ мекашад, ба даст мегирад. Ҷурғотро ба чархдег мерезанд ва зан бо навбат нўгҳои тасмаро пасу пеш кашидан мегирад. Дар ин ҳолат тасма чархчўбро гоҳ ба самти чап ва гоҳ ба самти рост чарх занонида, ҷурғотро низ омезиш медиҳад. Дар натиҷаи чархзании чархчўб қатраҳои равғани маска ҷудо шуд ба рўи дуғоб мебарояд ва зани дўғкаш онро ба чумча гирифта, ба зарфи дигари сафолӣ (хурма, равғанҷога) меандозад.

Дар гузашта ҳангоми дўғкаши занҳо баъзе расму одат ва боварҳои анъанавиро ба ҷо меоварданд. Масалан, дар Ховалинг занҳо дар атрофи дастгоҳи дўғкашӣ растаниҳои тару тоза ва гулҳои хушбўйро мегузоштанд. Дар Қаротегин (Рашт) бонувон дар атрофи чархдег андаке хокистар мепошиданд ва пас анҷом ёфтани дўғкашӣ онро рўфта, бо оби равон мепартофтанд. Дар ноҳияи Ҳисор испандро дуд мекарданд, дар Яғноб шохчаҳои арчаро, дар Ванҷу Дарвоз ва навоҳии Бадахшон «камч»- пиёзи ваҳширо дуд мекарданд, ки ҳамагӣ бо мақсади дур кардани чашми баду зиёни руҳҳои аҳриманӣ анҷом дода мешуд.

Маскаро дар шакли хом камтар истифода мебаранд. Онро дар дегҳои калон андохта об мекунанд ва аз он равани зард ҳосил  мешавад, ки асосан, барои зимистон захира менамоянд.

Бозчоп аз Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон  / Мураттиб Д. Раҳимов; Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: ЭР-граф, 2017. – С. 188-189.

барчасп: