Қисми асосии дастгоҳ аз чорчўба ва шохаҳо иборат буданд. Шохаҳо аз чўбҳои нафиси буттаи ирғай тайёр карда мешуд, ки миқдори онҳо 75 ададро ташкил мекард. Шоха тақрибан 40 см дарозӣ дошта, баландияш 26-27 см буд. Ҳалқаҳои риштаҳо ба чила баста мешуд, ки аз байни онҳо «мафтулак» - торҳо мегузаштанд. Пудҳоро ба мокуҳо мепечониданд ва бофанда пудро бо дастонаш оҳиста-оҳиста мекушод. Барои матои рағзаи бофташуда як ваҷабу чор ангушт, яъне 25-30 см ва дарозии он ба ҳашт газ баробар буд. Рағзаи омодашударо аз дукон кушода гирифта, дар буғи оби ҷўшон дам медоданд ва баъд аз он дар хонаи гарм рўйи тахтаи ҳамвор мегузоштанд ва бо пой зер мекарданд. Рўзи дигар матоъро дар болои бом паҳн карда мехушкониданд. Сипас рағзаро кашида, баробар менамуданд ва ба чўби ғафсе мепечониданд. Аз матои рағза бештар чакман медўзанд ва он яке аз афзори болопўши чўпонҳо ба шумр меравад, чунки барфу боронро аз худ намегузаронад.
Дар Варзоб занҳо дар дукони заминӣ рағзаҳои нисбатан дурушт мебофтанд, ки он барои пайтоба истифода мешуд. Дар деҳаҳои Дарвоз аз матои рағза шалворҳои ғафси пашмин тайёр мекарданд, ки он «шорағза» ном дошт ва барои иҷрои корҳои вазнин дар фасли зимистон, инчунин барои човандозҳо дар мусобиқаи бузкашӣ хеле мувофиқ буд.
Дар Мастчоҳ онро «эзори шорағза» меномиданд, ки бештар шикорчиён онро аз болои шалвори пахтагин дар ҳавоҳои сард мепўшиданд. Аз рағзаи дурушт инчунин линга, хўрҷин, чоруқбанд ва арғамчин тайёр мекарданд.
Рағза се навъ дошт: сафед, сиёҳ ва тираранг. Навъи аз ҳама арзишманд ва хушнамудаш рағзаи сафед ба шумор мерафт, ки он дар дуконҳои муқаррарӣ ба мисли карбос бофта мешуд.
Бозчоп аз Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб Д. Раҳимов; Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Эр-граф, 2017. – С. 136-137.