Маҳорати рассомии Ҷонибек Асозода

Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати мамлакат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардааст. «Соли 2018 – соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардида буд, ки  шаҳодати гуфтаҳои болост. Дар шароити муосир рушди ҳунарҳои мардумӣ, барои муаррифии фарҳанги миллӣ ва беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии ҳунармандон кумак мерасонад. Барои пешрафти мамлакат  ва боз ҳам сайқал додани ҳунарҳои мардумӣ солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шуд. Чунки мардуми тоҷик аз қадим бо фарҳанги бою ғании хеш дар арсаи ҷахонӣ худро бо ҳунару ҳунармандӣ ва маданияти худ муаррифӣ намуда, ба насли оянда ҳунари гузаштагонамонро омўзад.

 Рассомӣ аз ҷумлаи ҳунарҳое мебошад, ки тавассути рангҳои гуногун дар рўи қоғаз ё портрет ба воситаи мўқалам хаёлҳои рангини рассом инъикос мёбад. Ҷонибек Асозода рассом, арбоби ҳунар, Академики Академияи соҳавии Тоҷикистон директори Осорхонаи ҳунармандони шаҳри Кўлоб мебошад. Вай 1- уми августи соли 1954 дар деҳаи Шоҳбикаи ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст ва аз хурдсолӣ шавқи рассомиро дар дил парварида, ҳар гуна тасвирҳои мавзугии  кўдаконаро тасвир намудааст. Аз синни мактабхониаш асарҳои эҷод намудааш дар маҷаллаи “Машъал” ва рўзномаи “Пионерони Тоҷикистон” ба табъ мерасиданд. Бо ин рассоми хурдсол шоира Ҳадиса Қурбонова ва рўзноманигор Мавҷуда Ҳакимова ҳамкорӣ доштанд. Онҳо ба Ҷонибек мактуб фиристода, хоҳиш менамуданд, ки дар мавзуъҳои гуногун барои маҷаллаву рўзнома расм эҷод намояд.

Аз ҳамон вақт сар карда рассом касби худро боз ҳам сайқал додааст. Ҳатто дар мактаб чорабиниҳои фарҳангие, ки вобаста ба фаслҳои сол гузаронида мешуд, ки дар он Ҷонибек мавзуъҳои ҷолибро мутобиқи чорабиниҳо дар газетаҳои деворӣ, гўшаҳои синфӣ дар мавзуҳои гуногун тасвир менамудааст. Баъди хатми мактаби миёна рассом имконияти дар ягон донишгоҳ ё донишкада таҳсил карданро надошт ва пас аз як сол ба хизмати ҳарбӣ меравад ва дар давоми адои хизмати ҳарбӣ низ ў кор карда, дар вақтҳои фориғ аз хизмат дар мавзуъҳои Ватан, Рўзи артиш, олотҳои низомӣ ва ғайра асарҳо эҷод менамуд. Баъди адои хизмати ҳарбӣ дар Колхози Хоҷамуъмини ноҳияи Восеъ ба ҳайси рассом фаъолият намуда, шогирдонро сирру асрори касби рассомиро меомўзонид.

Вақте ки марҳилаи имтиҳонсупории донишҷуён сар шуд ў ҳам омада дар Коллеҷи рассомии шаҳри Душанбе ҳуҷҷатҳояшро месупорад ва имтиҳонҳоро бо муваффақият супорида соли 1975 ба номи донишҷў мушарраф гаштааст.

 Ҳангоми таҳсил рассом дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда ҷойҳои намоёнро ишғол намудааст, ки дар коллеҷи рассомӣ беҳтарин донишҷў дониста мешуд. Баъди  хантми коллеҷ барои давом додани таҳсил ўро ба Академияи рассомии Тоҷикистон роҳхат медиҳанд, аммо барои таҳсил волидайн иҷозат намедиҳанд. Баъди хатми коллеҷ ба ноҳияи Восеъ баргашта ба эҷоди асарҳои мухталиф машғул мешавад.

Соли 1997 дар бинои Қасри фарҳанги шаҳри Кўлоб бо ризояти мудири шуъбаи фарҳанг осорхонаи ҳунармандонро ташкил дод, ки махсус ба ҳунармандон бахшида шудааст. Ҷонибек Асозода дар ин даргоҳ тўли панҷ сол бе музди маош кору фаъолият намуд ва баъди панҷ сол дар назди шуъбаи фарҳанг воҳидҳои корӣ ҷудо шуд. Дар ҷумҳурӣ ин ягона осорхонае  мебошад, ки махсус ба ҳунармандон бахшида шудааст. Дар  осорхонаи мазкур  ҳамаи асарҳои эҷод намуда, ки зиёда аз 426 нигораро дар бар мегирад, маҳсули дасти худи ҳунарманд  мебошад, ки ба маъраз гузошта шудааст.

Ҷонибек Асозода қариб дар ҳама мавзуъҳо асар эҷод намудааст. Аз қабили, “Марги Ҷулида”, Мазори Ҳазрати Зелол”, “Сабзаи Суманак”, “Шабдарав”, “Лайло куҷост”, “Модар бо як даст гавҳора ва бо дигар даст заминро такон медиҳад” ва ғайра асарҳои эҷод намудаи ин ҳунарманд мебошад. Дар ин осорхона аҳли ҳунармандон аз ҷумла рассомону кандакорон ба эҷод машғул буда, ҳар сол намоишҳои дастҷамъона гузаронида мешавад. Агар дар дигар осрхонаҳо дар як сол 4 намоиш гузаронида шавад, дар ин осорхона то 24 намоишҳои мавзуии маҳсули дасти ҳунармандон ба маърази тамошо гузошта мешавад. Дар баробари эҷод ин устоди ҳунар шогирдонро низ тайёр менамояд, ки шумораи онҳо зиёда аз 80 нафарро ташкил медиҳад. Раҳимзод Беҳруз, Асозода Шоҳрух Узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар Осорхонаи 2700 солагии шаҳри Кўлоб ба ҳайси директори осорхона кор мекунад, ки ба рассомӣ ҳам шавқи зиёд дорад ва Собирҷон Солеҳов аз шогирдони забардасти Асозода Ҷонибек ба шумор мераванд.

 Хулоса, рассомӣ ҳунари анъанавии тоҷикон буда, аз насл ба насл гузашта такмил ёфта, то ҳол давом дорад. Насли ҷавон бояд фарҳангу тамаддуни хешро омўхта рушду такомул диҳанд ва дар навбати худ ба ояндагон омўзонанд то касбу ҳунари аҷдодии тоҷикон аз байн наравад.

 

Умедаи Тағай, ходими пешбари

Маркази мероси фарҳангии тоҷикони

ПИТФИ

барчасп: