Дару девори ҷаҳон худ дару девори зан аст,
Кори дунё ҳама дар пайравии кори зан аст.
Нест ҷуз бори хас он бор, ки мардон бикашанд,
Ғами дунёи наву кӯҳна ҳама бори зан аст.
Лоиқ Шералӣ.
Модарон беҳтарин пушту паноҳ, арзандатарин ҳастии ҳаёт, рўшноидиҳандаи ҳар як хонадон, қуввату мадори дилҳои нотавонанд. Онҳо сабабгори пайдоиши тамоми афзалиятҳои ҳаёти инсонанд. Модарон нерўи маънавии фарзандон буда, ҳар як тапиши қалбашон ба мо ақлу заковат, меҳру муҳаббат, эъҷозу ҳикмат ва хираду заковат мебахшанд.
Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як пайёму мулоқоташон бо зиёиёни кишвар саҳми занонро дар ҷомеа баланд арзёбӣ намуда, ба ҷаҳониён маълум менамоянд, ки занони тоҷик ҳам дорои қудрату тавоноии бузург буда, ҳуқуқи комили озодона зиндагонӣ карданро доранд. Бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ рӯз ба рӯз саҳми занон дар ҷомеа баланд гардида, дар мақомоти давлатӣ миқдори онҳо бештар мегардад. Инчунин бо талошу заҳматҳои бевоситаи роҳбари давлат ва Ҳукумати кишвар имтиёзҳои зиёде барои мо ҷавондухтарон фароҳам оварда шудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ба ғайр аз таҷлили ҷашни Бонувон баргузории рўзи олимони ҷавон аз ҳисоби ҷавондухтарону бонувон дар санаи 11 феврал ба ҳукми анъана даромадааст, ки барои мо бонувони тоҷик боиси ифтихор аст.
Таҷлили Иди модарон ба мисли дигар ҷашнвораҳо таърихи ба худ хосро дорост, ки то имрӯз дар тамоми кишварҳои дунё ҷашн гирифта мешавад. Дар аҳди Ҳахоманишиҳо ҷашни модарон бо номи “Муждагирон” таҷлил мегардид, ки он ҳам ба фасли баҳор рост меомад. Дар ин рўз занони ба дарбор аз тарафи шоҳ ҳадяҳо карда мешуданд. Клара Сеткина аввалин занест, ки барои ҳимояи ҳуқуқи занони коргар овоз баланд кардааст. Ӯ гурӯҳи инқилобии худро барои ҳифзи ҳуқуқи занон ташкил намуда, то ҷое ба ҳадаф мерасад. Аъзои гурӯҳ ба қароре омаданд, ки як рӯзро чун иди «Пролетариати занон» ҷашн гиранд. Дар шаҳри Копенгагени Дания соли 1910 дар конфронси дувуми занони сотсиалист бо пешниҳоди Клара Сеткина қарори ҷашнгирии рӯзи «Муборизаи занон барои ҳуқуқҳояшон» қабул карда шуд. Ў зимни суханрониашии худ дар конфронси мазкур қайд карда буд, ки ҳар сол бояд рўзи махсусе ҳамчун Рӯзи занон ҷашн гирифта шавад. Ҷашнгирии Иди Бонувон чун даъвате ба муборизаи занон барои баробарҳуқуқӣ, аз байн бурдани қашшоқӣ, эҳтироми занон ва ҳуқуқ ба меҳнат буд. Мувофиқи пешниҳоди узви Кумитаи Марказии ҳизби сотсиал-демократӣ Елена Гринберг санаи ҷашнгирии Рӯзи байналхалқии занонро 19 март таъин гардид. Дар Олмон, Австралия, Дания ва Швейтсария бори аввал Рӯзи байналхалқии занон 19-уми март ҷашн гирифта шуд. Соли 1912 бошад, иди бонувон дар кишварҳои номбурда 12 май баргузор гардид. Соли 1913 ихтилофот ба вуҷуд омад: дар Олмон 12 март, дар Австралия, Чехия, Венгрия, Швейтсария, Ҳоланд 9 март, дар Фаронса ва Русия 2 март ҷашн гирифта буданд. Соли 1914 танҳо дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналхалқии занонро дар ҳама ҷой 8-уми март ҷашн гирифтанд, чунки рӯзи ғайрикорӣ – якшанбе буд ва баъд аз ин дар ҳамин рӯз қарор гирифт.
Модарон, бахусус занони тоҷик низ дар қатори тавлиду тарбияи фарзанд, қудрат доранд, ки дар соҳаҳои гуногуни ҷамъиятӣ кору фаъолият намоянд. Мақоли халқии «Модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад», беҳуда эҷод нашудааст. Зани тоҷик дар баробари мардон фаъолият карда метавонад. Онҳо имрӯз ронанда, бофанда, пазанда, духтур, муҳандис, роҳбар, тоҷир, инчунин дар дигар сохторҳои давлатӣ кору фаъолият мекунанд, ки боиси ифтихору таҳсин аст.
Модари хушназарам, ҳар назарам ҳадяи туст,
Асаре дорам агар, он асарам ҳадяи туст.
Дар фазои абадият райи парвози дароз,
Модари муштипарам, болу парам ҳадяи туст.
Лоиқ Шералӣ.
Модар дар ҳаёт, ахтари дурахшонест, ки дар шаби тор ва ё лаҳзаҳои мушкилӣ ба кас нуру зиё мебахшад. На, ў офтобест, ки бо чеҳраи нуронию дурахшон дунёро равшанию ҷилло медиҳад.
Ҷои модарро, ки ба мо ҳастию тавоноӣ ато фармудааст, ягон мавҷудоти дигар гирифта наметавонад. Модар беҳтарин гавҳар, азизтарин ҳастӣ, муқаддастарин муъҷиза ва арзандатарин сарватест, ки ҳамагонро ҳаёт бахшидааст. Бузургон ба дунё овардани фарзанд ва меҳрварзии нотакрори модарро ба ҳисоб гирифта, ӯро дар баробари Худованд офаридгори дигар унвон додаанд.
Ҳар кӣ зан бошад, яқин дон, ки нишони модар аст,
Ҳастии рўи замин ҳастии ҷони модар аст.
Ҳар чӣ ҳаст андар ҳаёт маҳсули дасти одамист,
Пас вуҷуди ин ҷаҳон худ аз ҷаҳони модар аст.
Модар ягона муъҷизаи Худованд аст, ки офарандаи инсони комил мебошад. Ў тифлро тавлид намуда ба воя мерасонад, тарбият мекунад ва ба мартабаҳо ноил мегардонад. Ҳастию бузургии модар ҳамаи афзалиятҳои зиндагиро сабабгор аст. Зеро ӯ беҳтарин ганҷинаи ноёбу нотакрор, мабдаи меҳр асту орзуву армон, ободгару руҳбахши ҳаёт ва ҳар ҷо ки ӯст, аз он ҷо накҳати биҳиштосо мебарояд. Агар дар ҳаққи модарон рӯзу шабон суханҳои беҳтаринро гӯем, дар васфу ситоишашон достонҳо, романҳо, шеърҳо, ғазалҳо нависем ҳам, кам аст. Аз ин рӯ, бо порашеъри зер иктифо мекунем ва ба ин омилҳои зиндагӣ хушбахтӣ, хушрӯзӣ, пирӯзӣ ва комгорӣ тамано менамоем:
Як дами ҷон костани модарон,
Беҳ зи ҳама муъҷизи пайғамбарон.
Як нигаҳи шўълавари модарон,
Беҳ зи ҳама анҷумани ахтарон.
Лоиқ Шералӣ.
Гулзира Каримова
Ходими калони илмии Маркази мероси фарҳангии тоҷикони Пажўҳишгоҳи
илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот.