НАВРӮЗИ ПАЛОРАК

ПАЛОРАК аз деҳкадаҳои бузургу маъруфи шаҳристони Масчо (саргаҳи водии Зарафшон) аст, воқеъ дар Болои Масчо (омм онро Палдорак, аммо мардумони ин деҳа худ Пулорак мехонанд). Вожаи ПАЛОРАК дар қомусҳо гоҳе ба гунаи БАЛОРАК ё БАЛОЛАК низ омада, аз вожаҳои ноби порсӣ аст ба маънои шамшери ҷавҳардор, фӯлоди ҷавҳардор. Чунончи ин вожа дар «Луғати фурс» ба гунаи ПАЛОЛАК бо ин шарҳ омада: «Палолак ҷинсест аз пӯлоди гавҳардор, чунонки Рӯдакӣ гуфта:

Чӣ чиз аст он раванда тираки хурд?

Чӣ чиз аст он палолактеғи буррон?

Яке андар даҳони ҳақ забон аст,

Яке андар даҳони марг дандон».

 

Палоракиён бо шуҷоъату далерию ифтихори ватандории хосс маъруфанд; дар замони Русияи подшоҳӣ (пеш аз болшивик, ки устони Самарқанд дар тасарруфи он буд ва Самарқанд аз Масчо доман мекашад) ин масал маъруф будааст: «Агар Палорак ором буда бошад, Оқпошшо (манзур подшоҳи Русӣ) ҳам ором аст». Ба ҷиҳати ин сипоҳихӯию бебокӣ чанд мири Масчоро аз ҳамин деҳкада баргузида будаанд ва ин деҳкада худ мирнишин ҳам будааст.

Палоракиён чун дигар кӯҳистониён мусофирдӯсту меҳмоннавоз омадаанд. Ҳамчунин онҳо ба ойину суннатҳои аҷдодии эронии мо меҳру алоқаи вижа намоиш додаанд. Чунончи Наврӯзи Палорак бо он шуҳра дорад, ки аз қадимулайём дар ин деҳа Наврӯз мудом ҳашт рӯз қабл аз замони фарорасӣ ҷашн гирифта мешудааст (ки мутаассифона ин суннат дар поёнҳои садаи 20 коста шуд ва мебояд ҳатман барқарор гардад).

Дар Наврӯзи Палорак меҳмонон ҳатман аз дуру наздик (чеҳраҳои шохис ва низ паҳлавонону савораҳои номӣ аз рустоҳои Масчо ва як қатор шаҳру шаҳристонҳо) даъват мешуданд. Ба пешвози НАВРӮЗ -- ин меҳмони фаррухпай, ин ҷо кашк мепухтанду дастархонҳоро бо анвои нон (чоботиву кулчаву гирдаву фатиру хомсӯзу лочара...) ва таъому мева меоростанд. Зимнан, шояд дар ҳич ҷойи Эронзамин ба мисли кадбонуҳои Палораку як қатор деҳкадаҳои Масчо бо чунин ҳавсалаву завқу салиқаи баланд ноне хурду бузург, бо зебоиву лазизии томм ва мутанавиъу дилрубо напазанд. Дар Наврӯзи Палорак маросимҳоеро ба монанди шеъру сурудхонӣ, гулханафрӯзию оташпарак ва аспдавонию куштигирӣ гарм мегирифтанд.

Наврӯзи Палорак пайки воқеъии ҳулули баҳор талаққӣ шуда, ба таъбири масчоиён навиде аз шуруъи сари сол (нав шудани сол) мерасондааст. Дар ин маърака ороиши суфраи нозанини нон ва барпоии саҳнаҳои шоди базму сурур ба наҳве пешвози муҳтарамона ва бо изззату икром хушомад гуфтани баҳор аз сӯи мардумон хонда мешавад – баҳоре, ки бо сарсабзии биҳиштимашоми хеш ғаму ташвиши зиндагӣ зудояду умеду ормони тоза физояд. Дар рӯзи Наврӯз (оғози фарвардин ё худ 20–21 марти соли милодӣ) ҳамин гуна ҷашни пуршукӯҳ дар ҳамсоягии палоракиён – деҳаи Роғ, барпо мегардиду акнун ҳам барпо мегардад. Роғ низ аз деҳкадаҳои бузурги Масчост ва аз ҷумла, бо паҳлавононаш номист; роғиён ҳам Наврӯзро ҳатман бо дастархони фароху пурфайз ва бо ҳузури меҳмонон аз дигар маҳаллу макон (ҳамчун палоракиён) ҷашн мегиранд. Наврӯзи Палорак ва Наврӯзи Роғ бо ин вижагӣ достон шудааст ва мардумон барпоии ин ҷашнро дар ин ду рустои Масчо муштоқона мунтазир мешудаанд.

Обид Шакурзода

барчасп: