МАҲОРАТИ СУМАНАКПАЗИИ ЯК БОНУИ ҲУНАР

Ҳангоми экспедитсияҳои мардумшиносӣ маълум гардид, ки дар худи соли 2018 тўли як моҳ дар арафаи ҷашни Наврўз Ҳайдарова Ойдил 22 маротиба деги суманак мондааст. Албатта, ў ҳам барои мардуми маҳалла ва ҳам барои корхонаву сохторҳои гуногун намудҳои гуногуни суманакро омода кардааст. Чи тавре ки аз мушоҳидаҳо бар меояд, тамоми умри ин бонуи ҳунарманд сарфи ҳамин кор ва ба хизмати мардуми Бохтар ва деҳотҳои он гузаштааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои занони ҳунарманд тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам оварда, таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар, хоса Сарвари давлат бештар гардидааст. Ба ин хотир, ҳар як зани тоҷик кўшиш менамояд, ки аз имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, маҳорату салиқаи хешро ташаккул диҳад. Дар қатори ҳунарҳои дўзандагӣ, ресандагию бофандагӣ, кашидадўзӣ пазандагӣ ҳам як бахши фарҳанги анъанавии тоҷикон ба ҳисоб меравад. Албатта, ҳамаи занону духтарон аз уҳдаи пухтани ин ё он хўрок ба хубӣ мебароянд, аммо ҳастанд нафароне, ки дар омода намудани намунае аз таомҳои миллии мардуми тоҷик салиқаи хос доранд.

Зани тоҷик аз қадим – зани порсову рўзгордида ва ҳунарманд буд. Имрўз низ ҳунари волои ў дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шудаву боиси таҳсину офарин ва ҳайрати оламиён гаштааст. Зани тоҷик ҳамеша мекўшад, ҳаёташ манфиатбахшу пурсамар гузарад, то аз худ нақши бузурге гузорад. – Ҳайдарова Ойдил (с.т. 1955, сокини маҳаллаи Ургути шаҳри Бохтар) аз ин қабил занон аст, ки доимо баҳри омода намудани намудҳои гуногуни суманак талош меварзад.

Одатан пухтани суманак дар ҳама ҷо як хел сурат мегирад. Пўхтан ва омода намудани суманак аз ҷабидани сабзаи гандуми навруста, ки пешакӣ тайёр карда шудааст, оғоз гардида, аз аввали шом то субҳи саҳар дар дег пўхтани он ба анҷом мерасад. Танҳо маззаву таъми он бошад, аз пазанда вобастагӣ дорад. Чуноне ки дар руфият мегўянд: «Нони гандум ҳар ҷо, кадбону ҷо-ҷо», бесабаб нест.

Холаи Ойдил дар суманакпазӣ моҳиру соҳибкасб гаштаасту ин ҳунарро аз модараш омўхта, ба мерос гирифтааст. Ў мегўяд, ки сабзонидани гандум ҳамасола заҳматҳои худро дорад. Агар ҳаво сард ояд, сабзонидани гандум барои суманак мушкилтар мегардад, зеро нигоҳубини он то давраи фарорасии Наврўз ҷиддиятро талаб менамояд. Аммо агар ҳаво гарм ояд ҳам ба кадбону зарар расониданаш мумкин, чунки сабзидани гандум то 10-15 рўзро дар бар мегирад. Ҳаво гарм бошад, барвақттар сабзидан ва аз муҳлат гузаштани сабза метавонад таъми суманакро дигар гардонад.

Баъде, ки сабза ба дараҷаи зарурӣ расид, Ҳайдарова Ойдил чанд нафар занони солхўрдаву рўзгордида ва пазандаи маҳалларо ҷамъ намуда, ба омода кардани суманак шурўъ мекунад. Сабзаи гандумро гирифта тавассути ғўрак (уғўрак, ё гўштқимакунак, ки солҳои охир ин усулро бештар ба кор мебаранд) сабзаро майда карда обашро ҷудо мекунанд. Дар ин муддат чанд нафар занон оташдони калоне сохта ба он деги калонеро ҷойгир мекунонанд. Ҳангоми ба дег андохтани шираи гандуми сабз яке аз занони кўҳансоли мўътабар бо чўби дарозе дегро кофта, ба ҳама барори кор, фаровонӣ, оромӣ, осмони соф, сиҳативу хурсандӣ таманно карда, аз Момоҳаво мадад металабад ва боқимондаи пўхтани онро ба холаи Ойдил вогузор менамояд. Одатан суманаке, ки аз ҷониби Ҳайдарова Ойдил пўхта мешавад аз аввали шаб то субҳи рўзи дигарро бидуни фосила дар бар мегирад.

Азбаски дар шираи гандум орди хом илова мегардад он муддати дароз пухта мешавад. барои ҳамин ҳам суманакро аз аввали шаб то дами субҳ дар оташи паст мепазонанд. Ғайр аз ин ҳамон ширае, ки аз сабзаи гандум гирифта мешавад, бояд орди омезиш ёфтаро ширадор гардонад, то ҳангоми истеъмоли суманак маззаи он фарқкунанда бошад.

Ҳамин тавр, занҳо дегро бо навбат, мутассил кофта як шабонарўз меҷўшонанд. Дар ҷараёни пўхтани он занону духтарон назди дег сурудхонӣ, рақсу бозӣ мекунанд, то дар хоби ғафлат монда, таги суманак дар дег начаспад. Аз ин хотир, аксари корхонаву муассисаҳо барои тайёр кардани суманаки наврўзиашон Ҳайдарова Ойдилро даъват менамоянд.

Мутобиқи маълумоти Ойдил Ҳайдарова ҳар бонуе, ки ба пухтани суманак майл дорад, бояд дасти пир гирад. Вақте ки дасти пир гирифт барои мондани суманак гўё ҳуқуқ пайдо мекунад. Чунки на ҳар кас иҷозаи пухтани суманакро дорад. «Агар ягон зан дасти пир нагирифта суманак пазад, баъди пухтан ранги он суманак сабз мешавад» - қайд намуд пазандаи мавсуф. Дар хонае, ки шахсе фавтидааст, пухтани суманак номумкин аст. Азбаски суманак ҳамчун хўроки шодию нишот аст, пухтани он дар хонаи азодор ҷоиз нест. Интихоби гандум ҳам дар тайёр кардани суманак нақши муҳим мебошад.

Ҳангоми ба ин ё он маърака, корхонаву идора ва муассисае барои пўхтани суманак даъваташ менамоянд, маҳсулоте, ки барои суманак лозим аст, ҳатман худи ў интихоб намуда тайёр мекунад. Чунки ҳар боре, ки ў баҳри пўхтани суманак гандум месабзонад, бояд боварӣ дошта бошад, ки ў ҳеҷ гоҳ дар интихоби сифати ва миқдори маҳсулот хато намекунад. Аз аввал то охири марҳилаи омода намудани суманак (ба ғайр аз ҳангоми пўхтани суманаки атолагӣ) худи ў дар танҳогӣ амал менамояд. Масалан, вақте ки гандумро интихоб намуда, тоза карда, мешўяд ва барои сабзонидан болои ягон зарфе тунук мекунад намехоҳад, ки то рўзи шира гирифтан сабзаро ягон кас бубинад. Ин ҳунарманд сабзаи суманакро хусусан аз ҳама тоифаи мардон ва занҳои узрдошта ҳамеша пинҳон нигоҳ медорад. Зеро ба андешаи ў суманак хўроки бисёр муқаддас буда, пўхтани онро ба фариштаҳо нисбат додаанд. Барои ҳамин ҳам дар таҳияи он иштироки мардон қатъиян манъ аст ва агар марде ё нафаре, ки нопок асту ба сабза назар кунад, хосияти нохуби он ба ҳамон сабза инъикос мегардад ва аз он сабза суманаки хуб бар намеояд.     

Ҳангоми экспедитсияҳои мардумшиносӣ маълум гардид, ки дар худи соли 2018 тўли як моҳ дар арафаи ҷашни Наврўз Ҳайдарова Ойдил 22 маротиба деги суманак мондааст. Албатта, ў ҳам барои мардуми маҳалла ва ҳам барои корхонаву сохторҳои гуногун намудҳои гуногуни суманакро омода кардааст. Чи тавре ки аз мушоҳидаҳо бар меояд, тамоми умри ин бонуи ҳунарманд сарфи ҳамин кор ва ба хизмати мардуми Бохтар ва деҳотҳои он гузаштааст.

Маҳз маҳорати махсуси суманакпазии ўст, ки ҳар куҷое равад ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо оварда, дар ҳозиру ғоибаш сифоташро мекунанд. Дар маъракаю ҷамъомадҳои ноҳияву ҷамоат дар бораи ў сухан меронанд. Ба меҳмонҳое, ки дар ҷашни Наврўз ташриф меоранд ҳатман аз намунаи суманакҳои пўхтаи ў пешниҳод мекунанд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксарияти бонувони гирду атроф аз Ҳайдарова Ойдил ҳунари суманакпазиро бо тамоми нозукиҳояш омўхтаанд, ки ҳар кадоми онҳо имрўз мустақилона аз уҳдаи пўхтани суманак ба хубӣ мебароянд. Аммо дар масъалаи тамъу лаззати он ҳеҷ кадоме аз онҳо ба ў баробар шуда наметавонанд.

Бояд қайд кард, ки аз қадимулайём тоҷикони мо суманакро ҳамчун рамзи Наврўз дониста ҳамасола дар гўшаю канори кишвар онро омода месозанд. Маъракаҳои мардуми деҳот аз қадимулайём бо ҳунари ҳамин гуна кадбонуҳои ниятхайр шуҳрат доштанд ва хушбахтона ҳоло ҳам он анъанаҳои нек давом карда истодаанд. Маҳз ҳунари чунин модарони пазандаву моҳир чашми моро серу диламонро пурнур мегардонад.

Лайло Носирова

мудири бахши

Маркази мероси

фарҳангии тоҷикон

барчасп: