Ҷойгоҳи фарҳанги мусиқӣ дар таҷлили Наврӯз

Чунин ном дошт Конфронси ҷумҳуриявие, ки дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқоии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон баргузор гардид. Қадимитарин ҷашни миллии тоҷикон дорои сарвати бебаҳои тамаддун аст ва ҳар қадар, ки паҳлуҳои мухталифи он пажӯҳиш мешавад, боз ҳам фалсафаву розҳои зиёди он нокушода мемонад. Бузургии Наврӯз ҳам дар фаласафаи он аст, ки асрҳост аз он ҳарф мезананд ва боз ҳам сухани гуфтаниву ҳарфи шуниданӣ боқӣ мемонад.

Конфронс бо суханони муқаддимавии Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқоии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон   Шариф Комилзода ифтитоҳ шуд. Сарвари Пажӯҳишгоҳ бо ишора ба собиқаи таърихии Наврӯз гуфт, ки имрӯз танҳо дар доираи ҳамин як мавзуъ метавонем баҳс кунем. Яъне, дар бораи ҷойгоҳи фарҳанги мусиқӣ дар таҷлили ин ҷашни ҳамагониву ниёкон.

Абубакр Зубайдов-муовини Директори ПИТФИ, номзади илмҳои таърих, дотсент, ки худ аз ҷумлаи донандагони хуби мусиқист ва аз ҷумлаи касонест, ки ғазалҳои зиёди наврӯзиро бо оҳангҳои дилпазир медонад, “Нақши мусиқӣ дар ҷаҳонишавии Наврӯз”-ро ба баҳс кашид.

Омӯзгори калони ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода Кароматулло Раҳимов дар бораи “Наврӯз ва истифодаи мусиқии халқӣ” ибрози назар намуд.

Муовини Директори ПИТФИ, номзади илмҳои филологӣ ва мардумшинос Дилшод Раҳимӣ оид ба “Заминаҳои асотирии ҷашни Наврӯз” муфассал суханронӣ кард. Ва аз ҷумла гуфт: “Танҳо Умари Хайём дар «Наврўзнома» дар мавриди бунёд гузоштани ҷашни мазкур аз тарафи Ҷамшед кашф шудани замони эътидоли баҳорӣ, яъне ҷанбаи нуҷумии Наврўзро ба асос гирифтааст. Аммо муаллифони дигар ҳама ба устураҳои бостонӣ такя кардаанд. Аз он ҷумла маълумоти Фирдавсӣ возеҳтар аз ҳама аст, ки Ҷамшеди пешдодӣ бо девҳо мубориза бурда, онҳоро мағлуб ва ба худ тобеъ карда будааст. Девҳо тахти заррини ўро ба дўши худ бардошта, дар осмон парвоз мекардаанд...”

Мудири шуъбаи илмӣ-методии ПИТФИ, номзади илмҳои филологӣ Абдуфаттоҳ Аминов дар мавзуъи “Анъана ва навоварӣ дар тимсоли маликаи Наврӯз” изҳори назар кард.

Профессор Ҷӯрахон Обидпур бошад мавзуъи “Вазъи сабти нотавии сурудҳо бахшида ба Наврӯз”-ро ба чолиш кашид.

Баъди анҷоми маърӯзаҳои ососӣ миёни иштирокдорон дар атрофи Наврӯз ва суннатҳои он ва ҷойгоҳи фарҳанги мусиқӣ дар он табодули афкор сурат гирифт.

барчасп: