Мардуми Машриқзамин ва бахусус тоҷикон, ки аз қадимтарин миллиятҳои рӯи оламанд, дар имтидоди таърихи тӯлонии умри башарӣ бо тафаккур ва ақлу заковати тавоно ва истеъдоди баландпояву маънавиёти равнақёфтаи худ тамаддуни фарҳангии пурғановат, рангоранг ва ибратомӯзеро ба вуҷуд овардаанд, ки ҳунари таомпазӣ аз ҷузвиёти барозидаи он аст.
Ҳоло ки мо аз ин ҳунару санъати волои таомпазӣ ва истеъдоди
нотакрору ҷаззоби меҳмонпазироӣ ва назокати олии дасторхондории мардумамон бархўрдорем, бешак ибтидои он ба умқи асрҳои мозӣ пайваст буда, имрӯз ба авҷи баланди маърифатӣ такомул ёфтааст. Мусаллам аст, ки мардуми рӯи дунё дар сатҳҳои гуногуни рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавӣ қарор гирифтаву аз ҳамдигар бо тарзи зиндагӣ тафовут доранд ва ба ин сабаб муомилаву муносибат ва ҳунару санъати онҳо низ вобаста ба пешрафташон мувофиқан рӯнамо гардидааст.
Мавҷудияти анвои фаровону гуногуни таомҳо, маърифати баланди меҳмонпазироӣ, дасторхондорӣ ва одобу ахлоқи меҳмониравӣ дар
имтидоди солҳои мутааддад ташаккулу сайқал меёбад. Чунин буд, ки ҳанӯз дар адабиёти илмӣ-таърихӣ ва адабӣ-бадеии пешин аз анвои гуногуни таомҳои миллӣ, одоби меҳмондорӣ, русуми дасторхонороӣ, ойини ба меҳмонӣ рафтан пора-пора ё муҷтамеан ёд шуда, ҳатто дар баъзе кутуб ба ин мавзӯъ фаслу бобҳои алоҳида бахшида шудаанд, ҳамчунин китобҳои мукаммале ҳам таълиф гардидаанд.
Ба хони ошиқи мискин агар меҳмон расад ҷонон,
Кабоб аз сина, об аз дида, ширинӣ зи ҷон бошад.
Камоли Хуҷандӣ
Гарм аст маро суҳбату сар бар кафи даст аст,
Меҳмонии сад Ҳотами Тай мекунам имшаб.
Махфӣ
Идомаи ин матлаби хонданӣ ин ҷост PDF