Бо мақсади ҳифз ва гиромидошти мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар кишвар олимони Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот рўзҳои 16-18 апрели 2019 дар Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхўҷа Асирии шаҳри Хўҷанд ва рўзҳои 20-22 апрели соли равон дар Китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Бохтар семинари омўзишӣ баргузор намуданд, ки дар он намояндагони шуъбаҳои фарҳанг ва осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва Хатлон ширкат доштанд. Семинар-тренинги мазкур дар доираи лоиҳаи ҳамкориҳои ПИТФИ бо Маркази байналмилалии иттилоотию шабакавии мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором (ICHCAP) оид ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ ва мавзўъҳои марбут ба он созмон ёфтаанд.
Семинари омўзиширо директори Пажўҳишгоҳ Шариф Комилзода ифтитоҳ намуда, оид ба фаъолияти ПИТФИ ва саҳми кормандони он дар ҳифз ва рушди мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар кишвар суханронӣ кард. Сипас коршиноси фарҳанги ғайримоддӣ Дилшод Раҳимӣ дар бораи ЮНЕСКО ва “Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ” (2003) ба иштирокчиёни семинар маълумоти муфассал дод.
Баъди суханрониҳои Дилшод Раҳимӣ мудири бахши фарҳанги ғайримоддии Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ Зафар Холмуродов таҳти унвони “Инвентаризатсияи унсурҳои фарҳанги ғайримоддӣ” дарси омўзишӣ гузоронид. Инчунин, дар раванди омўзиш бо иштирокчиёни семинар тарзи чӣ гуна пур кардани варақаҳои инвентаризатсиониро нишон дода, барои дар оянда чӣ гуна бо ин кор машғул шуданро, тавсия намуд. Аз онҳо даъват ба амал овард, ки ҳар як кадоми онҳо метавонанд дар рушду инкишофи фарҳанги миллии хеш саҳмгузор бошанд.
Баъди гузориши мазкур коршинос Абдулфаттоҳ Аминов дар бораи Феҳристи миллӣ ба ширкаткунандагони семинар-тренинг маълумот дода, дар бораи ҳар як бахшҳои алоҳидаи Феҳристи миллӣ ба онҳо дарсҳои омўзишӣ гузаронид. Инчунин, дар анҷоми маърўзаи худ ба онҳо маслиҳат дод, ки онҳо ҳам метавонанд мавод ҷамъоварӣ намуда, Феҳристҳои маҳаллии худро тартиб диҳанд, зеро ин амал яке аз талаботҳои Конвенсия мебошад.
Рўзи дигари семинар Дилшод Раҳимӣ дар бораи таҳия ва пешниҳод намудани номинатсияи унсурҳои фарҳанги ғайримоддӣ ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО машғулиятҳо гузаронид. Инчунин, дар бораи ҳуҷҷатгузориҳо, мактубҳои ризоият аз тарафи ҷамъиятҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои марбута маълумоти васеъ дод. Иштирокчиёни семинар дар охири ҳар як машғулиятҳо бо тренерҳо саволу ҷавоб намуда, бисёр факту далелҳои мушаххасро фаҳмида гирифтанд.
Дар қисмати охири семинар ва машғулиятҳо иштирокчиён ба пажўҳишҳои майдонӣ сафарбар гардиданд. Ширкаткунандагони семинарро ба гурўҳҳо тақсим намуда, ба хонаҳои ҳунармандон ҳамроҳи тренерҳо барои гирдоварии мавод фиристоданд. Баъди маълумот ҷамъоварӣ намудан, иштирокчиён ба аудитория баргашта, натиҷаи корҳои майдониашонро баррасӣ намуданд.
Дар анҷом, ҳар як иштирокчии семинар таассуроти худро дар мавриди семинари баргузоргардида баён намуда, изҳори сипосу қадрдонӣ карданд. Инчунин, ваъда доданд, ки дар оянда барои ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ барои халқу ватани хеш саҳмгузор мебошанд. Дар анҷоми семинар ба иштирокчиён ҳамчун мутахассиси соҳаи фарҳанги ғайримоддӣ шаҳодатномаҳо супорида шуд.
Зафар Холмуродов,
мудири бахши фарҳанги ғайримоддии
Маркази мероси фарҳанги тоҷикон