Ҷойгоҳи Шашмақом дар ҷаҳони муосир

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дастгириву  ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди мақомсароӣ такони вижа дод. Бо фармони он кас 12 майи соли 2000 ба дастаи мақомхонони назди кумитаи радио ва телевизиони тоҷик мақоми давлатӣ ва номи устоди Шашмақом Фазлиддин Шаҳобов дода шуд. Акнун, ҳар сол дар ин рўзи баҳорӣ, ки олам сарсабзу хуррам аст, дар саросари кишвари азизамон «Рўзи Шашмақом» таҷлил мегардад. Дар партави ин фармон, дар шаҳру навоҳии кишвар дастаҳои мақомсароён ташкил ёфтанд.

Дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  конфронси илмӣ дар мавзӯъи “Ҷойгоҳи Шашмақом дар ҷаҳони муосир” баргузор гардид.

Шариф Комилзода – Директори Пажӯҳишгоҳ дар суханони муқаддамотии худ дар бораи Шашм ақом ва нақши он дар рушди мусиқии миллӣ ибрози назар намуд.

Ширкаткунандагони конфронс суханронии муфассали муовини Директор оид ба корҳои илмӣ Абубакр Зубайдовро дар мавзӯъи “Шашмақом – мусиқии ҳирфавӣ-анъанавии мардуми тоҷик” шуниданд. 

Абубакр Зубайдов гуфт, ки мусиқии анъанавӣ-касбии халқи тоҷик шохаи дар масири таърих ташаккулёфтаи силсилаи мақомҳост, ки дар мамлакатҳои Шарқи Наздику Миёна, дар шакли дстгоҳҳои эронӣ, муғомҳои озарӣ, мақомҳои арабӣ, нуба (шадда)-ҳои мағрибӣ, рогҳои ҳиндӣ, муқомҳои ўйғурӣ паҳн гардидааст. инчунин дар Ўзбекистон, Қазоқистон (ўйғурҳо) вуҷуд доранд. Силсилаи машҳури «Шашмақом»-и тоҷикон меросбари аслии силсилаи суруду навоҳои Дувоздаҳмақом мебошад.

Дар суруду навои  «Шашмақом» руҳи тавонои ниёгони бузурги мо нуҳуфтааст. Ин шоҳасари мусиқӣ асос ва қуллаи баланди фарҳангу маърифати мусиқии суннатии халқи тоҷик буда, ҳамчун рамзи ягонагӣ ва муттаҳидсозандаи ин миллати куҳанбунёд бо бузургтарин дастовардҳои фарҳангиву  маънавии аҳли башар ҳамсангӣ дорад.

Муовини Директори Пажӯҳишгоҳ дар ҷойи дигар аз суханронии худ иброз дошт: “Солҳои 20 асри XX оҳангсоз ва мусиқидони рус В. А. Успенский  (1879-1949), сабти нотавии «Шашмақом»-ро аз охирин донандагони он  Б. Носирзода (1845-1928) ва Б. Абдуғанизода (1859-1927) ба нота гирифт ва маҳсули заҳматҳои вай соли 1924 бо номи «Шесть музыкальных поэм» (макомы) дар Маскав ба чоп расид. Бо хиёнати пантуркистон матни Шашмақом, ки тоҷикӣ буд, ба табъ нарасид, танҳо оҳангҳо чоп  шуданд”.

Бино ба гуфтаи Абубакр Зубайдов ҳама корҳои мондагоре, ки дар асри XX доир ба «Шашмақом» ба сомон расонида шуд, ба хотири маҳфуз доштани вай анҷом дода шудаанд. Анъанаҳои таълимиву иҷроии санъати мақомсароиро, ки тўли садсолаҳо бо заҳматҳои пайвастаи ҳазорон устодону донандагони илму амали мақом ба даст омада буд, хавфи аз байн рафтан таҳдид мекард.

Хушбахтона, дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дастгириву  ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди мақомсароӣ такони вижа дод. Бо фармони он кас 12 майи соли 2000 ба дастаи мақомхонони назди кумитаи радио ва телевизиони тоҷик мақоми давлатӣ ва номи устоди Шашмақом Фазлиддин Шаҳобов дода шуд. Акнун, ҳар сол дар ин рўзи баҳорӣ, ки олам сарсабзу хуррам аст, дар саросари кишвари азизамон «Рўзи Шашмақом» таҷлил мегардад. Дар партави ин фармон, дар шаҳру навоҳии кишвар дастаҳои мақомсароён ташкил ёфтанд.

 

Дар поёни конфронс миёни ширкаткунандагони он доир ба мавзӯъи мавриди баҳс табодули афкор сурат гирифт.

барчасп: