Забон ояд ба кас чун шири модар…

Намунаи   содагии   забони шеъри Рудакӣ   нишон медиҳад,  ки ў дар  таърих и забону  адабиёти   мо  ҳақиқатан  хам  накши босазо  гузоштааст. Дар катори  ў   садҳо  бузургони   хирад  дар   барқарор  гардидани   забони  точикӣ  хидмати босазое  намудаанд. Забони тоҷикӣ  аз  давраи   ташаккули  худ то, ба имрўз  аз  чиҳати   луғат  ва   сохтори   нахвию  услубӣ    кам  ба  дигаргуни  дучор   шудааст ва   аз  ҳамин  лиҳоз,  дар   байни   дигар   забонҳо   ягона   забонест, ки   тақрибан  вазъи  беш  аз  ҳазорсолаи  хешро  нигоҳ  доштааст.  Мо насли имрўз  хушбахт  аз  онем,  ки  забони  мо  дорои   таърихи   куҳан   ва  ганчҷинаи  бебаҳост.

Дар Тоҷикистони маҳбуби мо забони тоҷикӣ  забони давлатӣ  буда, он дар  асоси Конститутсия  ва  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекунад.

Дар даврони истиқлолият  барои рушду густариши забони модарӣ тамоми шароит фароҳам омадааст  ва бо таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар суханронӣ  дар  ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  (8 сентябри соли 2005)  «Умри миллат  ба умри забон вобаста аст.  Барои он, ки номи миллат  аз саҳфаи таърихи башарӣ нобуд  нашавад, бояд  чароғи раҳнамои  худшиносию  худафрўзияш-забонро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин   мерос   ба  наслҳои  оянда   расонад».

Имрўз забони модарии мо по ба пои истиқлоли  Ватанамон ба давраи сифатан нави рушду густариш  дохил шуда истодааст. Ин  ҳолат моро ба  андешидани иқдомоти  нав дар ҷодаи  рушди минбаъда ва ҳамоҳангсозии  рушди забони модарӣ бо раванди ҷаҳонишавии иттилооту захираҳои иттилоотӣ водор месозад. Мо бояд дар чунин шароит саъю кўшиш намоем, то   рисолати забони модарии худро ҳифз намуда, ҷараёни таблиғу густаришу  инкишофи онро таъмин  намоем ва  аз осори  бузургу гаронбаҳои илмӣ, фалсафӣ,  динӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии  аҳли илму адаби гузаштагони мо, ки бо ин забони нобу шево ба мо мерос гузошта шудаанд,  барои таҳким бахшидани пояҳои   тамаддуниву  фарҳангии  давлати  соҳибихтиёр, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва  иҷтимоии Тоҷикистон ба таври самарабахш   истифода намоем.

Забон ояд ба кас чун шири модар,
Аз ин рў  асли ҷон аст асли ҷон аст.

Забони  модарӣ  лафзи  бузург,  ширину  мукаддасест,   ки  барои хар  як  инсони  комил   баробари  пайдо   шудани   ҷон  дар  бадан  пайдо  мешавад. Ҳанўз  тифле,  ки  нав  ба  олами   хастӣ  чашм  боз намудааст,  ба  аллаи  модар,  ки  бо  забони   модарӣ   сурат  мегирад, ниёз  дорад  ва   тахти   навои   форами  он   худро   озоду  бофароғат ҳис мекунад, унс  мегирад, интизорӣ  мекашад, то ба  ин  лафзи  поку муқаддас  ҳарфе   бишнавад.

Сазовори   навои    баландмазмуни    модарӣ   азиз   гардад. Зеро он  азиз аст,   шево   садо   медиҳад   ва   аз   лаҳни   форамаш  дилу  дида  ҷону  дил  ором  мегирад,  зеро  он  лафзи   модарист.   Он   дилчаспу гуворост, он  маҳбубу карин  ва  меҳрафзост.  Аҷаб  гуворост  лафзи модар. Аҷаб  ширину  беолоиш   ва   қарини   дилҳост.  Аҷаб  ҳаётбахш, суфтаю  ба  дил қарин   аст   забони   модарӣ   бузург.  Забони баландҳиммате,  ки Саъдию  Хофизӣ     бузург,  Синою  Хайём,  Бедилу  Низомии   зинатофарини   ҳаёт, бо  он  ҳарф мегуфтанд.  Забоне, ки  Айниву Лоҳутӣ, Мирсаиду Турсунзода,  Бозору Лоиқ     номдораш гардонидаанд, ки имрўз   аз ҳастии бузургаш   меболем.

Забони  точикӣ   яке аз забонҳои  қадимаи дунё  ба  ҳисоб  рафта, таърихи   бузург  дорад.  Имрўз  ин забони  муқаддасро  чун   забони  бузурги   тамаддуни   башарӣ  ҳамагон  мешиносанд    ва  мехоҳанд  онро биомўзанд.

Инро   дидаву  шунида  мо соҳибзабонон низ вазифадорем,  ки  забони  бузурги   модарамонро   поку   беолоиш    нигоҳ   дошта, дар  тозагиву  равонии  он  ҳамарўза   саҳмгузор  бошем: Зеро фармудаанд:

Забони  модарӣ  фархунда  доред,
Шумо, ки  ворисони  рўзгоред.

Барои  ҳар    каломи  поки   модар,
Даруни  синаҳо хайкал  гузоред.

Вазифаи   ҳар  як  тоҷикзабон   пеш аз  хама аз он иборат аст, ки барои поку беолоиш ва орӣ  аз   камбудиву    нуқсонҳои  ғайр ё  забони  бегона  сухан гуфтан  алфози   модарӣ   хеш    саҳмгузор    бошем.  

Ҳар  як  инсон пеш аз оне,  ки бо  забони дигар  сухан ронад, пеш аз  ҳама   бояд  донандаи  забони   модарии  хеш  бошад. Воқеан,  агар  кас  забони  худро донад, омўхтани дигар забонҳо  барояш  осон  мегардад:

Ҳар кас ба   забони  худ  сухандон  гардад,
Донистани  сад  забон  осон  гардад.

Ба  ифодаи Турсунзодаи бузург: «Забони мо хеле  устувор  аст,  мо имрўз хам ашъори  Рўдакиро  аз  нусхаи  аслаш  мутолиа мекунем».

Пас, бе  мулоҳиза    метавон  гуфт,  ки забони точикӣ   чун  лафзи фасеҳу равон, содаву  фаҳмо,   ханўз  дар  замонҳои  зиндагии     Рўдакии   бузург   бо  сухани  бузург  вуҷуд доштааст ва дар  ташаккули   забони порсии дарӣ-  точикӣ  ў  саҳми босазое   гузоштааст.  Ў   эътиқоди  ҳам  асрони  худро   нисбат  ба  анъанаи  забони  арабӣ      тағйир дод  ва назари илму адаби замонашро ба суй  забони   модарӣ  нигаронд.

Намунаи   содагии   забони шеъри Рудакӣ   нишон медиҳад,  ки ў дар  таърих и забону  адабиёти   мо  ҳақиқатан  хам  накши босазо  гузоштааст. Дар катори  ў   садҳо  бузургони   хирад  дар   барқарор  гардидани   забони  точикӣ  хидмати босазое  намудаанд. Забони тоҷикӣ  аз  давраи   ташаккули  худ то, ба имрўз  аз  чиҳати   луғат  ва   сохтори   нахвию  услубӣ    кам  ба  дигаргуни  дучор   шудааст ва   аз  ҳамин  лиҳоз,  дар   байни   дигар   забонҳо   ягона   забонест, ки   тақрибан  вазъи  беш  аз  ҳазорсолаи  хешро  нигоҳ  доштааст.  Мо насли имрўз  хушбахт  аз  онем,  ки  забони  мо  дорои   таърихи   куҳан   ва  ганчҷинаи  бебаҳост.

Бо карори Созмони Миллали Муттаҳид 21 феврали соли 2002 рўзи  байналмиллалии  забони модарӣ   эълон  гардидааст. Аз 22-июли  соли 1989 бо қарори Шурой Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ  - забони точикӣ  -эълон гардид.

5 октябри соли 2009 тахти №553 Қонун дар бораи забон бори дигар қабул гардид, ки вазъи  хуқуқии забонро муайян мекунад. Мувофиқи  ин  карор  коргузории  тамоми  корхонаву муассисаҳо   ва   мактаб   ва  тамоми  соҳаҳо  бо  забони  давлатӣ   сурат  мегиранд.

Ба гуфтаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон:  «Забони точикӣ  поянда аст, то даме, ки миллати тоҷик   ҳаст, забони ў низ  пойдор   хохад   буд». Мо, тоҷикзодагони  асил  ҳамеша пайи он мекушем, ки забони миллати хешро пок, беолоиш ва пойдор нигох дорем. Намегузорем, ки  эҳтироми  ин забони бузург. лафзи поки модар коста бигардад. Пояндагии забони модарӣ   ба мо забондорон вобастагӣ дорад.

Дар  ҳаду  сарҳадшиносии     ҷаҳон,

Сарҳади тоҷик  забони тоҷик  аст.

То забон дорад,  ватандор аст  ў,

То забондор аст,  бисёр  аст  ў.

- гуфтаи   Бозор   Собирро  бо  ифтихори  миллӣ   шиори бузурги забондўстон   медонем.  Хулоса, забони модарӣ, шаҳди  ҳаёт аст,  ки мо тоҷиконро  бо   шири  модар  бурун  омада   ва   баробари ошомидани шири сафеду  лазизи  модар дар  дилу  дида   ва  мағзи  устухону  ҷон  самар дода. Он муқаддасу гуворо  ва  азизу  муътабар  буда, тоҷиконро  болу  пар бахшидааст. Имрўз  фарди  тоҷик  бо ин болу пари  бузурги хеш дар парвозҳои  баланд  аст,  зеро  ин  забонро  ҷаҳониён   эътироф   мекунанд:

Забони модариам  ифтихорам.
Саодатбахши халқи номдорам.
Дар олам аз хама ширинтарӣ  ту,
Ба Синову Хайёмат саҷда орам

Меҳрангез Муҳаббатова

барчасп: