Форуми таҳлилгарони мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Сеул

Рӯзҳои 10-12 октябри соли 2019 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея дар мавзўи ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ Форуми таҳлилгарони мероси фарҳанги ғайримоддӣ (МФҒ) баргузор гардид. Ташкилкунандаи он Маркази мероси фарҳангии ғайримоддии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором  (ICHCAP), муассисаи категорияи дувуми ЮНЕСКО воқеъ дар Ҷумҳурии Корея буда, беш аз 50 нафар мутахассисон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон дар он иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Дилшод Раҳимӣ барои ширкат дар тренинг даъват шуда буд.

Рўзи аввал дар бахши ифтитоҳӣ меҳмони ифтихорӣ – собиқ Дабири кулли СММ Бан Ги Мун  иштирок ва суханронӣ кард. Сипас гузоришҳо, пурсу посух ва мубоҳисаҳо оид ба масъалаву паҳлуҳои гуногуни мероси фарҳанги ғайримоддӣ, аз ҷумла, таълиму тадриси арзишҳои фарҳанги ғайримоддӣ, таҳқиқи МФҒ, иштироки мардум ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ сурат гирифтанд. Ҳамзамон дар рўзҳои ҳамоиш “Фестивали мероси фарҳанги ғайримоддии Корея –2019”, ки иштирокдорон намоишҳои саҳнавӣ, рақсу мусиқӣ, ҳунармандӣ ва ғизоҳои мардумии сокинони Кореяро тамошо карданд.

Коршиноси тоҷик Дилшод Раҳимӣ рўзи дувум дар бахши талиму таҳқиқи мероси фарҳанги ғайримоддӣ доир ба равишу одоби пажўҳиши унсурҳои фарҳанги ғйримоддӣ суханронӣ намуда, аз таҷрибаҳои олимони тоҷик ёдовар шуд. Мазмун ва фишурдаи суханрониҳои иштирокдорони ҳамоиш дар шакли китоб ба забонҳои англисию кореягӣ ба табъ расидааст. 

барчасп: