Вазири соҳибтадбири давлати Сомониён

Балъамӣ Абулфазл Муҳаммад ибни Убайдуллоҳ (с.тав. номаълум – ваф. 14.11.940, Бухоро), олим, арбоби давлатӣ, вазири Наср ибни Аҳмади Сомонӣ. Балъамӣ тақрибан ним аср –  даврони аморати Исмоили Сомонӣ дар раъиси корҳои идораи давлати Сомониён дошта, ба шарофати тадбирандешӣ ва корсозиҳои оқилонаи хеш дар ташаккул ва равнақу шукуфоии нахустин давлати мутамаркази   тоҷикон саҳми бузурге гузоштааст.

Балъамӣ на танҳо дар идораи корҳои кишвар истеъдоду  маҳорати комил доштааст, балки дар ташкили сипоҳ ва саркӯб намудани исёнгарону душманони давлати Оли  Сомон  ҳамеша бо сарони сипоҳ ҳамдаст буд  ва дар ин корзорҳо  бо камоли шуҷоату мардонагӣ размидааст. Аз ҷумла солҳои 921-922 дар набарди зидди исёнгар Лайло ибни Нуъмон иштирок намуда, бар сипоҳаш, ки аксар ба ғорату тороҷи мардум машғул буданд ғолиб омад. Вазири соҳибраъй дар ҳар гуна вазъи буҳронӣ тадбире  меандешид, ки мӯҷиби рафъи мушкилот ва истиқрори авзоъ мегардид. Балъамӣ бо сиёсатмадорию хирадмандӣ борҳо пеши ҷангу хунрезиро гирифта, ҷонибҳои даргирро ба сулҳ моил кардааст.

Балъамӣ  дар  аҳди шаҳрёрии амирони Сомонӣ рисолати ислоҳоти иҷтимоӣ ва далолати хайрро ба дӯш дошт, бо хиради сиёсӣ ва фазоили маънавию ахлоқии хеш дар тафаккури таърихи асрҳои миёна чун вазири шоистаи пайравӣ ва мазҳари олии вазорат шинохта шудааст. Дар ин замина аз рӯзгори ин вазири донову тавоно ҳикоёту ривоёти зиёд ба ёдгор мондаанд.

Балъамӣ дар бузургдошти илму дониш ва аҳли он низ шуҳраи  офоқ гардида буд. Ба шарофати ибтикороташ маҳфилҳои шеъру сухан ва илму  ҳикмат дар дарбори Сомониён ҳамеша ҷӯш мезаданд,  адибону олимон аз нуқоти мухталиф ба Бухоро меомаданд ва бо дарёфти инояту саховат ва пуштибонии амирону вазирони Сомонӣ дар рушди илму адабу фарҳанг саҳм мегузоштанд. Боризтарин  далели гироиш ва  иродати  Сомониён ба илму фарҳанг дастгирию дӯстии Балъамии вазир ва Рӯдакии шоир аст.  Балъамӣ ба каломи Одамушшуаро Рӯдакӣ арҷ мениҳод ва ҳунару  санъаташро дар Аҷаму Араб беназир мешумурд. Фарҳангпарварӣ ва ҳус ни иродати Балъамӣ ба аҳли илму адаби давр на танҳо мавриди  ситоиши порсигӯён, балки уламову удабои арабзабон ҳам қарор гардидааст.  Баъзе муаллифони асрҳои миёна аз ду асари Балъамӣ «Талқеҳ-ул- балоға» ва «Қитоб –ул-мақолот ёдовар шудаанд, ки то рӯзгори мо нарасидааст.

Балъамӣ соли 938 аз сӯи амир Наср ибни Аҳмад аз вазорат  дур шудааст, ки дар ҳеҷ маъхази муътамад ба қайд наёмадааст, эътимолан дар кораш шикасте рух додаст. Оид ба марги ӯ низ ахбор дарҷ нагардидааст.

Баргирифта аз китоби Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Чилди 2. Душанбе, 2013. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, саҳ.322-323.

 

барчасп: