«Бигзор, парчами пурҷиллло ва нурафшони Истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон ин Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд. Парафшонии Парчами озодиву саодати давлати соҳибистиклоли мо ҷовидон бошад».
Эмомалӣ Раҳмон
Рўзи 22 ноябри соли равон дар толори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бо иштироки васеи роҳбарият ва кормандони ПИТФИ, МД Энсиклопедияи миллии тоҷик, Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон, КВД таъминот ва савдои “Китоб” ва муассисаи нашриявии “Ирфон” ҳамоиши илмӣ таҳти унвони “Парчами миллӣ рамзи давлатдории тоҷикон” баргузор гардид.
Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ муовини директори ПИТФИ, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ оғоз карда, дар ибтидо ҳозиринро ба муносибати Рўзи Парчами миллӣ шодбош намуд.
Сипас, тибқи барномаи ҳамоиши илмӣ муовини директори Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Неъматулло Акбарзода бо истинод ба сарчашмаҳои таърихӣ оид ба таърихи парчами миллӣ, ки аз дирафши ковиёнӣ асос меёбад, давраҳои ташаккулу нумўи он ва эҳёи дигарбораи он дар даврони истиқлолият маърўза намуд.
Сармуҳаррири маҷаллаи “Душанбе” Садриддин Ҳасанзода доир ба таърихи парчамдории тоҷикон сухан ронда, дар ин маврид аз суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба моҳияти Парчами миллӣ ёдовар шуд.
Сипас муовини директори ПИТФИ, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ дар мавзўи “Рамзҳои парчами миллии тоҷикон” сухан ронда, бештар ба рамзҳои Парчами миллӣ таваҷҷуҳ намуд ва моҳияту мафҳуми рангҳои онро вобаста ба таърихи тамаддуни куҳани миллат шарҳу эзоҳ дод.
Дар анҷоми ҳамоиши илмӣ мудири шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносии ПИТФИ Фарзон Назрӣ оид ба арҷгузории Парчами миллӣ дар ҷомеа сухан ронда, ҳамзамон шеъри ба тозагӣ эҷодкардаашро бо номи “Парчами миллӣ” қироат намуд.
Чорабиниро муовини директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Дилшод Раҳимӣ ҳусни хотима бахшида, бори дигар аҳли нишастро ба Рўзи Парчами миллӣ табрик ва дар фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, эҷоду интишори асарҳои пурмазмуну баландғоя барору комёбиҳо таманно намуд.