Суратгарӣ чист ва суратгар кист?

Суратгарӣ, санъати рассомӣ, як навъи санъати тасвирӣ, ки тавассути рангҳо дар рўйи чизе асари бадеӣ меофаранд. Суратгарии тоҷик таърихи қадима дорад. Намунаҳои аввалини он (тасвири шикори ҳайвонот) дар Помири Шарқӣ вомехўранд (мағораи Шахта, давраи мезолит, ҳазораҳои 15-10 то милод, Кўртакка, асри биринҷӣ ва давраи неолит, ҳазораҳои 5-3 то милод).

Намунаҳои нисбатан  сода ва бо як ранг тасвиршудаи санъати рассомӣ дар ҷануби Тоҷикистон, дар осори мадании давраи неолити Ҳисор (Шаҳристони Тутқавул, Сойи Сайёд, Кўҳи Булиён), ки ба ҳазораҳои 6-5 то милод рост меоянд, мушоҳида мегарданд. Суратгарӣ (бештар дар шакли деворнигораҳо) дар давраи Бохтариҳо ва Кўшониён дар заминаи санъати меъморӣ инкишоф ёфта, (бозёфтҳои Шаҳринав, Ёвон, Кайқубодшоҳ, Куҳнақалъа ва ғайра), тасвири лаҳзаҳои ҳаёт, маросимҳои динӣ, ойинҳои асотирии қасру маъбадҳо ва биноҳои иқоматиро дар бар мегирифт. Дар асрҳои 5-8 суратгарии монументалӣ инкишоф ёфт. Тавассути рангҳои ширешӣ рўйи андоваи лойи ва гачӣ офаридани тасвир маъмул гардида (осори Панҷакенти Қадим, Варахша, Афросиёб, Истаравшан, Шаҳристон), анъанаи маҳаллӣ, осиёимиёнагии суратгарӣ ташаккул ёфт. Сужетҳои тасвирҳои рўидеворӣ бештар аз лаҳзаҳои базм, разм, маросими қабул, шикор, тасвири лаҳзаҳои асотирию қаҳрамонӣ (Рустам, Сиёвуш) ва ғайра иборат буда, дорои рангубори  хоссанд.

Баъди тасаллути Хилофати Араб ва ҷоришавии дини Ислом суратгарӣ дар Осиёи Миёна то андозае рў ба инқироз ниҳод. Дар ин давра ҷойи расму тасвирҳои пешинро бештар нақшу нигор гирифт. Вале  ин ҷараён якрангу якнавохт набуда, вобаста ба рафти умумии инкишофи санъати давраи феодализм пеш мерафт. Суратгарии ин давра ба услуби рамзӣ майл мекунад, ки дар тўли асрҳо идома дошт. Олимони озодфикри ин давра бо вуҷуди таъқибу манъи аҳли таассуб санъати рассомиро қадр мекарданд., маҳорати рассомиро дар муқоисаи асари вай бо нусхаи асл муайян менамуданд. Расмҳое, ки бо усули ҳаккокию кандакорӣ рўйи чўбу санг офарида мешуданд, аксар маънои рамзӣ дошта, ба нақшунигор монанд буданд (дар гулгачи қасри Тирмиз, асри 12, расми ду ҳайвони бабрмонанде кашида шудаанд, ки ҳар ду як сар доранд ва баданашон пур аз нақшунигор аст). Дар асрҳои миёна санъати ороиши китоб ва минётурнигорӣ равнақ ёфт.  Минётурҳо маъмулан дар асоси сужети асарҳои манзум офарида мешуданд. Мавзўи миниётурҳо аз саҳнаҳои ҷанги тан ба тан, лаҳзаҳои базму зиёфатҳо, шикор, мулоқоти ошиқон, маросимҳои қабул, манзара, симои шахсони бузург ва ғайра иборат буданд. Дар таърихи минётурнигории форс-тоҷик Камолуддини Беҳзод, Авазмуҳаммади Мусаввир, Муҳаммадмуроди Самарқандӣ, Маҳмуди Музаҳҳиб, Содиқбеки Афшор, Ризо Аббосӣ мақоми махсус доранд. Қадимтарин минётурҳо ба асри 11 мансубанд.

Дар миёнаҳои асри 13 мактаби минётури Табрез маркази асосии санъати рассомӣ гардид, баъдтар мактаби минётури Шероз ном баровард. Аз минётурҳои ин давра мусаввараҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва «Хамсаи «-и Низомии Ганҷавӣ ҷолиби диқкатан. Дар охири асри 14- ибтидои асри 15 мактаби миётури Ҳирот пайдо шуд, ки барои ташаккули мактаби миётурнигории асрҳои 16-17-и тамоми Мовароуннаҳр асос гардид. Мактаби минётури Бухоро дар нимаи дуввуми асри 16 басо инкишоф ёфта, равияи ба худ хос касб кард.

Намунаи мусаввараҳои намояндагони ин мактаб дар «Туҳфату-л-аҳрор»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Таърихи Хизрхон»-и Ҳусрави  Деҳлавӣ мушоҳида мегарданд. Маҳз дар ҳамин давра мусаввараҳои аҷиби «Зафарнома» (1628, Самарқанд) офарида шудаанд, ки мутаасифона, мусаввиронаш номаълуманд. Дар ин минётурҳо даҳшату муҳорибаҳои хунини Темур ҳақиқатнигорона инъикос ёфтааст. Бисёр асарҳои мактаби минётури Бухорову Самарқанд танҳо солҳои охир дастраси олимон гардиданд ва дар асоси баъзе таҳқиқот метавон гуфт, ки санъати минётурнигории ин мактабҳо муддати мадиде дар ривоҷу равнақ будааст.

 Санъати рассомии тоҷик хусусан дар даврони шўравӣ инкишоф ёфта, бештар мавзўъҳои дархури ҳамон замонро дар жанрҳои гуногун тасвир мекард. Дар ин давра як зумра рассомони хушсалиқаи тоҷик ба монанди М. Хушмуҳаммадов, А. Ашўров, И. Абдураҳмонов, А. Раҳимов, Х. Хушвахтов, З. Ҳабибуллоев, А. Аминҷонов, А. Умаров, С. Қурбонов, Р. Абдурашидов, Т. Самандаров, И. Муҳаммадов, С. Шарифов, Ю. Сангинов ва дигарон ба камол расидаанд.

Имрўз санъати рассомӣ дар Тоҷикистон равнақ дошта, рассомони тоҷик дар эҷоди асарҳои баландмазмуну баландғоя аз мероси бадеии ғании миллӣ ва дастовардҳои санъати рассомии ҷаҳонӣ моҳирона истифода мебаранд.

Бозчоп аз «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик». – 2017. – Ҷ. 2. – С. 355-356.
Муаллиф:
Муродов, Р.

барчасп: