Таҷлили Рӯзи Президент Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот

Санаи 16-уми ноябри соли ҷорӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот мизи мудаввар дар мавзӯи “Саҳми Пешвои миллат дар рушди фарҳанги миллӣ” баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ А.Аминов – муовини директор оид ба корҳои илмӣ, Ш.Комилзода – муовини директор оид ба корҳои методӣ, мудирони шуъбаю бахш ва ходимони илмии пажӯҳишгоҳ иштирок карданд.

Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии муовини директори ПИТФИ номзади илмҳои педагогӣ Ш.Комилзода оғоз гардид. Мавсуф қайд намуд, ки имрӯз дар саросари кишвар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардида истодааст. Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот низ бахшида ба ин санаи таърихӣ мизи мудаввар доир намуд, ки аз дастовардҳои соҳаи фарҳанг ва нақши Пешвои миллат дар он дарак медиҳад.

Сипас, тибқи барномаи мизи мудаввар дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ” муовини директор оид ба илм, номзади илмҳои филологӣ, Абдулфаттоҳ Аминов маърӯза намуд. Номбурда зикр кард, ки баъди аҳамияти махсус зоҳир намудани Сарвари давлат касбу ҳунарҳои мардуми тоҷик беш аз пеш рушду такомул намуда истодааст. Барои густариш бахшидани ин соҳа Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карданд. Соли 2017 Сарвари давлат дар суханрониашон таъкид карда буданд, ки “Ба ин васила мо метавонем, ҷалби сайёҳонро низ бештар гардонем. Барои, ҳамин тамоми мақомотҳои дахлдор муваззаф карда шаванд, ки баҳри рушду такомул бахшидани ҳунарҳои мардумӣ чораҳои заруриро андешанд”. Баъди чунин иқдом ташрифи сайёҳон ба Тоҷикистон 2,5 баробар афзуд. Бо мақсади боз ҳам густариш бахшидани ҳунарҳои анъанавии тоҷикон солҳои 2019-2021 – ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд. Бо ташаббуси Сарвари давлат дар ин раванд бахусус нақши занон хеле зиёд гардид. Аз ҷумла, эҳёи ҳунарҳои атласбофию адрасбофӣ, ки бевосита бонувон сару кор мегиранд. Дар анҷоми баромадаш Аминов А. бори дигар қайд намуд, ки дар ҳама ҷанбаҳои соҳаи фарҳанг саҳми Пешвои миллат бениҳоят бузург ва назаррас аст.

Муовини директор оид ба корҳои методӣ Ш.Комилзода оиди “Муаррифии китобномаи Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон” суханронӣ намуда, аз дастоварду камбудиҳои китоб ёдовар шуд. Мавсуф ишора кард, ки ҳангоми таҳияи силсила – библиографияи Пешвои миллат дастрас кардани баъзе нусхаҳои ҳатмии мавод бисёр мушкил буд. Бештари сарчашмаҳои алоқаманд ба Сарвари давлат аз бойгонии Хонаи китоби Тоҷикистон истифода гардид. Ҳол он ки дар бархе аз рӯзномаву маҷаллаҳо санаи  баъзе сарчашмаҳо гуногун ё номи шахсиятҳову мансабдорон ғалат навишта шудааст, ки ин барои мураттибон душвориҳоро пеш меовард. Дар давоми суханронӣ Ш.Комилзода таъкид намуд, ки ин силсилаи китобнома дар дар Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати тарзу таҳия ба ҳисоби китобҳои беҳтарин шомил аст. Дар оянда метавон асарҳои бо забони русӣ интишор шударо таҳия намуд, ки мавриди васеи истифодабарандагон қарор гирад.    

Пас аз он роҷеъ ба мавзӯъҳои мавриди назар байни иштирокчиёни мизи мудаввар мубодилаи афкори судманд баргузор гардид, ки дар он М.Муродӣ, Н.Қличева, З.Холмуродов ва дигарон фикру мулоҳизаҳои худро роҷеъ ба ташаббусу дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи фарҳанг ва рушду нумӯи фарҳанги миллӣ баён намуданд. 

Дар анҷоми чорабинӣ намоиши китобҳои тозанашр бахшида ба Пешвои миллат, китобномаи 8 ҷилдаи Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон ва касбу ҳунарҳои мардумӣ  баргузор гардид.

Носирова Лайло

 

 

барчасп: