Фалак дар Юнеско сабт шуд

Рӯзи 15 декабри соли 2021 дар Ҷаласаи 16-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор шуд, номинатсияи “Фалак” мавриди баррасӣ қарор гирифта, расман ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО ворид гардид.

Бояд гуфт, ки сабт шудани номинатсияи “Фалак” дар Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО кори дастаҷамъона буда, аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов шурӯъ шудааст. Дар солҳои 2015, 2017 ҳуҷҷатҳои номинатсияи “Фалак” ба дафтари ЮНЕСКО фиристода шуда буданд. Аммо бо сабаби баъзе камбудиҳо барои такмил баргардонида шуданд. Соли 2019 ба Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот супориш дода шуд, ки такмили ҳуҷҷатҳоро ба уҳда гирад.  

Дар таҳияи ҳуҷаттҳои ниҳоӣ асосан коршиносони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот саҳм гузоштаанд. Саволнома, мактубҳои ҷонибдорӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо аз нав таҳия шуданд. Аксҳои тоза илова шуданд. Филми мустанади пешина, ки аз ҷониби МД Тоҷикфилм бо машварату мусоидати профессор Ф. Азизӣ сабт шуда буд, қабул дониста шуд.

Ҳамчунин мутахассисони Комиссияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКОи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар тарҷумаи англисии ҳуҷҷатҳо ва фиристодани онҳо ба дафтари ЮНЕСКО саҳм гузоштаанд.

Мо ин рӯйдоди хурсандибахши фарҳангиро ба кулли тоҷикону Тоҷикистониён муборак мегӯем!

барчасп: