Русуми бойчечак ва гули лола дар ноҳияи Деваштич

Фарҳанги мардуми тоҷик таърихи хеле тӯлонӣ дошта, урфу одат, анъана ва расму ойинҳои зиёдеро доро мебошад. Ҳар як ҷашну маросим бо хусусиятҳои вижаи худ дар ҳаёти тоҷикон аҳамияти махсусро касб кардааст. Гули бойчечак аз ҷумлаи анъанаҳое мебошад, ки дар баробари фаро расидани фасли баҳор баргузор карда мешуд. Азбаски он аз аввалин гулҳои баҳорӣ ба шумор меравад, онро нахустин иди баҳор гуфтан мумкин аст. Расми бойчечак одатан бо чунин ном дар навоҳии шимоли ҷумҳурӣ маъмулу машҳур мебошад. Аз ҷумла, дар деҳоти ноҳияи Деваштич иди бойчечакро дар аввалҳои моҳи март ҷашн мегирифтанд. Наврасону ҷавонон аз минтақаҳои нисбатан гармтар, ки ин навъи гул барвақттар мерӯид, бойчечакро дастрас карда, ба деҳаҳояшон оварда тақсим мекарданд. Бо ин амал аз омад - омади баҳори нозанин, ки зиндашавии табиат ва оғози ҳаёти навин барои маҷудоти зинда ба ҳисоб мерафт, хабар медоданд.

Дар гузашта, бисёртар савдогарону муҳоҷирон ҳангоми ба ватан бозгаштан агар дар аввали баҳор рост меомад, ҳатман гули бойчечакро ба наздиконашон меоварданд. Бонувон баробари дидани гули бойчечак онро гирифта ба чашму абрӯ мемолиданд ва шукргузорӣ мекарданд, ки: «боз ба баҳори нав расидем». Ҳангоми тақдим кардани гули бойчечак писарбачаҳо суруди махсус хонда, шодӣ мекарданд. Яке аз матнҳои суруди бойчечак, ки дар байни мардуми маҳаллӣ хеле маъмул аст, аз дуриҳои дур овардан ва боарзиш будани гул дарак медиҳад:

Бойчечак, бойчечак,

Гули гулҳо бойчечак.

Бойчечаки ҳисорӣ,

Танга тилло ҷуворӣ.

Бойчечак аз роҳи дур омадааст

Пойҳош хун баромадааст.

Орд биёред, малҳам кунем,

Чумоқ тед, чақ-чақ кунем,

Танга тед, ғелон кунем.

Бойчечак бойчечак,

Гули гулҳо бойчечак…

Мақсади баргузор кардани ин расам пеш аз ҳама пешвоз гирифтани фасли баҳор буд. Бо рӯидани сабзаву гулҳо мардум шодӣ мекарданд, ки боз имкони дона по- шидан дар замини эҳёгашта ба вуҷуд омадааст. Ба ҳамин далел, ҳар ҷое, ки гули бойчечакро медиданд хурсандӣ менамуданд. Иди дигаре, ки баъди бойчечак баргузор мегашт, “Гули лола” ном дошт. Аммо ин ид на дар ҳама мавзеъҳои ноҳия гузаронида мешуд. Бо сабаби хунуктар будани иқлими деҳаҳои ҷанубии ноҳияи Деваштич бештар вақт иди Гули лола бо ҷашни Наврӯз якҷоя доир карда мешуд.

Аммо мақсад аз тасвири ин ду расм ривояте мебошад, ки пайвандии ҳарду идро собит месозад. Мувофиқи нақли мардуми маҳаллӣ иди Бойчечак бо Гули лола тавъам буда, онҳо бародару хоҳар будаанд. Дар байни калонсолони деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич ривояте роиҷ аст, ки аз дуруст будани ин андеша дарак медиҳад. «Гӯё, ин ду гул бародару хоҳар буда, аммо дидори ҳамдигарро боре ҳам надидаанд. Бойчечак бародар ва Лола хоҳар ҳисоб мешудааст. Чунки тибқи мушоҳида ва боварҳои сокинон вақте гули Бойчечак мерӯяд, ниҳоли он якто будааст. Лола баръакси ҳол аз ҷинси зан буда, аз як буттаи он чанд гул мерӯидааст. Яъне дар ин ривоят хусусияти тавлидкунандагии Лола дида мешавад. Илова бар ин, дар байни мардуми тоҷик номи занонаи Лола хеле маъмул аст, ки аз ҷинси бону будани гул шаҳодат медиҳад. Бойчечак умри нисбатан кутоҳтар дошта, баъди сабзида баромадан танҳо якчанд ҳафта мезияд. Лола бошад, дертар мешукуфад. Аз ҳамин хотир, онҳо ҳамдигарро намебинанд. Ҳар соле, ки Бойчечак ё Лола мерӯидаанд, орзуи ягонаи онҳо мушарраф гардидан ба дидори якдигар будааст».

Бо ин ривоят бовар карда, занони куҳансол вақте ки гули Бойчечакро ба даст меоранд, баъди ба чашму абрӯ молидан онро дар латтапоре печонида, нигоҳ медоранд ва ният мекунанд, ки дар вақти гули Лола онҳоро бо ҳам мерасонанд. Воқеан, вақте мавсими гули Лола мешавад, бонувон онро дарёфт карда, бо гули хушкшудаи  Бойчечак ҳамроҳ мекунанд ва бар ин боваранд, ки онҳо ба муродашон мерасанд.

Ин анъана, яъне иди Бойчечак ва гули Лола дар замонҳои пеш хеле маъмул буд, баъдтар бо фаромӯш шудани ривояти мазкур наслҳои баъдӣ ба он камтар та- ваҷҷуҳ кардаанд. Аммо метавон қайд кард, ки ҳамасола дар арафаи ҷашни Наврӯз дар муассисаҳои фарҳангӣ ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ шакли театронидашудаи ин идҳо барпо карда мешаванд.

Нақлу ривоятҳои мардумӣ ҳамчун анъанаи шифоҳӣ барои боқӣ мондани расму ойинҳои қадимӣ мусоидат менамоянд. Маҳз тавассути қиссаву ривоятҳо ин ё он анъана метавонад асрҳо арзи ҳастӣ карда, муаррифгари баъзе ҷузъиёти фарҳанги халқу миллатҳо бошад.

Носирова Лайло

барчасп: