Гаҳвораи ҳар тоҷик, аз поракӯҳи санг аст,
Бегонапарастӣ барои мо, ору нанг аст.
Мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, пеш аз ҳама таваҷчуҳ ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ, ифротгароӣ, тақлидкорӣ, маърифати пасту ноқиси бархе аз шаҳрвандон ва дур будан аз донишҳои амиқи диннию мазҳабӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ мебошад, ки басо муҳим ва саривақтӣ буд.
Бо назардошти ҳама ғамхориву заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат мардум ҳамоно ба тақлиду таасубҳои куркурона амал менамояед, ки боиси таасуф аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки: “Мо мардуми тоҷик, дорои фарҳангу тамаддуни бузург ҳастем. Забон, миллат, таърих, анъана, санъат, ҷашнҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумии бойю ғанӣ дорем. Месазад ифтихор кард бо ин ҳама дороӣ”.
Шоири бузург, Шайх Саъдӣ дуруст фармудаанд, ки:
Андоза нигаҳ дор, ки андоза накӯст.
Ҳам лоиқи душман асту, ҳам лоиқи дӯст.
Аммо мутаасифона вақтҳои охир чунон ба назар мерасад, ки андешаҳои хурофотӣ ва зуҳуроти бегонапарастӣ аз меъёр зиёд ва берун аз анзоза дар мафкураи мардум ҷой шудааст.
Табиист, ки имрӯзҳо дастрасӣ ба интернет, техника ва техналогия муосир кори моро ба таври густурда ва бо суръат осон намудааст. Бахусус корбурди васеи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар тамоми сайёра кайҳост, ба хурду калон ва хосу ом таъсиргузор аст. Интернет ин системаи умумиҷаҳонии мутаҳидии шабакаҳои компютерӣ буда, вазифаи асосии он нигаҳдориву интиқоли иттилоот мебошад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавон машғулиятҳои шавқовар ба мисоли муносибат бо дӯстон, пайгирии хабарҳои наву тоза, забономӯзӣ, китобхонаи электорнӣ ва амсоли инҳоро ба манфиат истифода намоӣ. Аммо мутаасифона дар қатори ҷиҳатҳоми хубу муфиди номбаршуда ҷанбаҳои манфии интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам вуҷуд дорад.
Масалан, кӯдакону наврасон ва ҷавонон метавонанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ “дӯстон”-и бад пайдо намоянд. Ба шабакаву сомонаҳои нолозим даромада, наворҳои қатлу ғоратгарӣ ва ифротиро тамошо намоянд, ки ба мафкураи онҳо ҳатман таъсиргур мешавад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки наврасон аксу наворҳои ифротиву бадахлоқонаро байни худ равон мекунанд. Дастарси интернет ва тарзи истифодаи нодурусти он ба дасти нобиолиғону наврасону ҷавонон, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Таҷрибаҳо собит намудааст, ки аксарияти волидайн огаҳ нестанд, ки фарзандонашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба кадом корҳо мағуланд. Зимни пурсу ҷӯ наврасон иброз доштанд, ки барои истифода ва ворид шудан ба сомонаҳои иҷтимоӣ, ки он ҷо гурӯҳҳои ифротӣ озодона фаъолият менамоянд, ба иҷозати волидон ниёз надоранд. Табиист, ки соатҳои дар интернет сарфнамудаи онҳо ҳам ҳеҷ гуна маҳдудияте вуҷуд надоранд. Пажӯҳишҳо нишон додааст, ки падару модар, мактабу муассисаҳои таълимӣ ва гузашта аз ин ҷомеа низ қудрати сади роҳи ин амалҳои номатлубро гирифта натавониста истодаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки истифодаи барзиёди шабакаҳои интернетӣ пеш аз хама ба саломатӣ, зеҳн ва ҳолати ҷисмонии одамон таъсири бад мерасонад. Истофодаи аз ҳад зиёди он дар инсон нороҳатӣ, камхобӣ, фаромӯшхотирӣ пайдо менамояд. Аллакай аён аст, ки дар афкору рафтори насли наврас тасири манфӣ расонида истодааст. Гузашта аз ин ҷомеаи имрӯзаи моро бо омилҳои хатразо низ рӯ ба рӯ намудааст. Бо таъсири тамошои мавъизаву суҳбатҳои хурофотӣ зуҳуроти бегонапарстӣ дар муҳити оилавӣ хеле зиёд шуда истодаанд. Ҷавонони таҳти таъсири чунин муҳит қарордошта ҳамсарону фарзандон ва хоҳарони худро ба пӯшидани либосҳои бегона маҷбур месозанд, ки умуман ба таъриху фарҳанги мардуми тоҷик рабт надорад. Ҳанӯз аз замони қабул намудани дини ислом модарону хоҳрони мо либоси сиёҳ рӯмоли сиёҳ ё ба истилоҳи худашон сатру ҳиҷоби сиёҳ, ки аксаран тангу нохушоям аст, ба бар намекарданд. Албатта чунин тақлиди сарсарӣ ба муҳитҳам бетаъсир намемонад. Масалан, имрӯзҳо бархе аз занону бонувони мо ҳамдигарро бо пӯшидани либосҳои туркию арабӣ, ки худ як бахши бегонапарстӣ аст, даъват мекунад ва мардон низ маҷбуран чунин либосҳоро бо нархҳои гарону дандоншикан, харидорӣ мекунанд. Тарроҳон низ феълан тибқи талабот ба тақлид даст зада он тарҳро қолабгирӣ намуда, ба мизоҷони худ пешкаш месозанд. Ин ҷо ҳақ бар ҷониби Мавлонои бузрг буд, ки фармудаанд:
Мар маро тақлидашон барбод дод,
Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод!
Имрӯз ки ҷомеа дар ҳоли пешравӣ қарор дорад мо низ бояд ба замона мутобиқ шуда, аз тақлид даст кашем ва аз пайи илмомӯзӣ ва пешравии фарзандонамон бошем, Чуноне ки Пешвои муаззами миллат таъкид намуда буданд: “Худованд бандаро ҳаст кардааст, ақл додааст, чашм додааст, обу хоку заминро дар ихтиёраш гузоштааст, ки зиндагӣ кун, аз ин дунё баҳра бар, ақлатро кор фармо, ба замона мутобиқ шав, пойбанди хурофот нашав, илм омӯз, касб омӯз, ҳунар омӯз ва зиндагиатро пеш бар”.
Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки сабаби асосии гаравиши ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва зуҳуроти номатлуб аз бетаваҷҷуҳии волидайн вобаста аст. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" дар замоне ба вуқӯъ пайваст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ба он сахт ниёз дошт. Мақсад аз қабули қонуни мазкур ҳам дар он аст, ки бояд падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон беаҳаммият набошад. Аммо мутаасифона ҳодисаҳои охир аз он далолат менамояд, ки то кунун бархе аз волидайн дар тарбияи фарзандон бетаваҷҷуҳӣ зоҳир намуда истодаанд ва ҳатто шояд аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" огаҳӣ надошта бошанд.
Мевае ширинтар аз фарзанд набвад дар ҷаҳон,
То тавони ин самар бо рангу бӯи хуш расон,
Ранги хуш рӯи хуш асту, бӯйи хуш ақли расост,
Гар набошад ин ду хислат зиндагӣ моро хатост.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доранд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳед, барои ҳифзи давлатдории миллиамон кушиш намоед ва Ватани азизамонро муқаддасу гиромӣ доред.
“Бигзор ин фарҳанги ҷомеь ҳамчун мероси азизи гузаштагони мо дастраси ҳар як хонандаи тоҷик китоби рӯйимизии ҳар фарди бонангу номуси миллат бошад”.
Ба ҳамин мазмун дар яке аз маҳфилҳои эҷодии шоир Давлат Сафар, ки дар шеъраш тамоми дастовардҳо ва анъанаҳои гузаштаву имрӯзаро дидан мумкин аст бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти унвони «Ширу шакар» дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор гардид. Зимни маҳфили эҷодӣ Давлат Сафар низ иброз дошт:
«Мо дар асри муборизаҳои иттилоотӣ зиндагӣ дорем ва баъзан кӯшишҳои манфӣ нишон додани симои Ватани мо мушоҳида мешаванд, имрӯз мо дар муқобили муборизаҳои иттилоотӣ бояд устувор бошем ва манфиатҳои милливу давлатиро ҳифз намоем, вақте мо ин қадар дастовардҳоро мебинем, чӣ гуна метавонем қаламро дар ҷайб гузошта, хомӯш нишинем? Модоме ки ҳастии мо Тоҷикистон ва неъматҳои бебаҳои он аст, бояд пайваста васфи онро кунем».
Ва мисраъҳои таъсирбахши шоир Давлат Сафар далолат ба гуфтаҳои болост:
Аз биҳишт омад садое нимашаб дар хоби ноз,
«Зистан бе обу хоки Тоҷикистон мурдан аст».
Албатта, оростани чунин маҳфилҳои фарҳангию адабӣ барои имрӯз ва фардои миллати хеш, ки даъват ба садоқату саодати Ватан марзу буми хеш даъвату ҳидоят мекунад аз манфиат холӣ нест. Месазад ҳар як фарди ҷомеа новобаста аз синну сол ва дар кадом самт кору фаъолият доштанаш ҳама ин хислатҳоро дар худ парвариш кунад, бегонапарастӣ, тақлидкорӣ, тангбинӣ, нодонӣ, гумроҳӣ, содагӣ аз байн меравад ва пойбанди кушишхои бемақсаду бардурӯғ нахоҳанд гашт. Паёмбар Мухаммад (с) фармудааст:
“Худо поку муқаддас аст, ӯ аз ҳар нопокӣ, расвоӣ дур аст ва зидди он аст. Худо ҳамаи намуди бадиро чашми дидан надорад ва боиси ғазабаш мешавад”.
Мутаассифона, кӯшишҳои бе мақсаду бе манфиати худамон моро водор месозад, ки бардурӯғ саҷда кунем, бардурӯғ қасам ёд кунем, бардурӯғ миллатгароӣ намоем ё худро замонавию пешрафта нишон диҳем....
Бе хабар аз он, ки нақш ва мақоми мо - ҷавонони соҳибмаърифат, боистеъдоду лаёқатманд ва дорои нангу номуси ватандорӣ дар пойдории сулҳу ваҳдати миллии хеш саҳм гузорем.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" дар замоне ба вуқӯъ пайваст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ба он сахт ниёз дошт. Мақсад аз қабули қонуни мазкур беаҳамият набудани падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон буд,зеро;
Мевае ширинтар аз фарзанд набвад дар ҷаҳон,
То тавонӣ ин самар бо рангу бӯи хуш расон,
Ранги хуш рӯи хуш асту бӯйи хуш ақли расост,
Гар набошад ин ду хислат зиндагӣ моро хатост.
Масъалаи бегонапарастӣ дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зимни суханронияшон кайд намуданд, ки «Сиёсатмадорону сиёсатшиносон, фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст, ки атрофи ин масъалаи басо нангину доғи рӯз, ҳушёру бодиққату бомулоҳизаю зирак бошем».
Бале, масъулин ва коршиносонро зарур аст дар байни ҷавонон бо далелҳои амиқ вохӯриҳои пурсамар ва натиҷаовар гузаронанд, на фақат барои ҳисоботу супоришу иҷроиши мақомотҳои дахлдор, балки ҳадафнок, мақсадноку самаранок ва таьсирбахш барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ, ҳисси худшиносӣ, худогоҳӣ ва меҳанпарастӣ воқеан назаррасу натиҷаовар бошад. Шукри истиқлоли ватану давлатро намудан, шукри сулҳу суботу оромӣ кардан ва ба ваҳдати ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.
Ҳақиқатан таърих гувоҳ аст, ки бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сулҳу амонӣ ва дӯстӣ дар Тоҷикистони азизу куҳанбунёдамон ҳукмфармост, рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.
Шахсан, чун як фарди бонангу баори миллати хеш меболам, ифтихор дорам, ки дар чунин давлати орому осоишта умр ба сар дорам, кушиш мекунам, ба халқу миллати хеш манфиате биорам. Талошам баҳри он аст, дар оянда фарзандонамро ба дӯст доштани Ватану меҳан раҳнамун кунам.
Точикистон-мазхари ман, Cарзамини камзамин,
Ту саросар кӯҳсорӣ, Ту саросар сангзорӣ,
Чунки фарзандони ту дар тӯли таърихи дароз
Ҳар куҷо рафтанд, муште хок бо худ бурданд.
Ҳар куҷо рафтанд онон ё ба Макка ё Мадина,
Ё ба ғурбат, ё тиҷорат, ё гуреза аз ҳама тазвину кина,
Мушти хокатро ба киса ёдгорӣ бурдаанд.
То агар рӯзе бимиранд аз қазо,
Дар ғарибӣ бекасу беошно,
Хоки ту бошад нишони охирин…
Содиқова М. М.
котиби илмии ПИТФИ