Донистаниҳо аз Дувоздаҳмақом

«ДУВОЗДАҲМАҚОМ», маҷмӯи мӯҳташами созию овозии силсилавии устодонаи мусиқии классикии тоҷик-форс, ки дар нимаи дуюми асри XII ва ибтидои асри XIII ташаккул ёфта, бо ин ном дар адабиёти хаттӣ собит шуда ва охири асри XYII маъмул гаштааст.
Дар адабиёти хаттии форсии тоҷикӣ номи мақом, шӯъба, гӯша ва таркибҳои созии Дувоздаҳмақом зикр ёфта («Луғати фурс», ашъори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Низоми Ганҷавӣ, Манучеҳрӣ, Фаррухӣ ва дигарон), аммо дар шакли як маҷмӯи воҳиди силсилавии мусиқӣ бо ин ном то нимаи дуюми асри XII хотирнишон нашудааст.

Тибқи аввалин манобеи назарии мусиқӣ (аз ҷумла дар асари Муҳаммади Нишобурӣ, «Рисола дар илми мусиқӣ») дувоздаҳмақом аз дувоздаҳ парда (раҳ, роҳ, дастон, лаҳн, маҷмӯи мӯҳташами силсилавии созию овозӣ) таркиб ёфта, ҳар мақом аз пардаи (ҷойгоҳ, дастгоҳ) махсус оғоз шуда, дар ҳамон лаҳн (лаҳният) анҷом меёбад. Аз ин нигоҳ шореҳону донандагони мусиқӣ дувоздаҳмақомро дувоздаҳ парда (раҳ, дастон) низ хотирнишон кардаанд ва ҳар мақом бинобар ба тавсифи манобеи мусиқӣ (Муҳаммади Нишобурӣ) дар зарбу авзони хос иҷро мешавад.

Дувоздаҳмақом маҷмӯи мӯҳташами устодонаи мусиуӣ буда, таркиботаш аз 6 овоза, 24 шӯъба, 48 гӯша ва дигар шохаҳои созию овозӣ иборат аст. То имрӯз на ҳама шохаҳои овозии дувоздаҳмақом ба сабаби набудани (сабт) навишти адворӣ (нота, дар мафҳуми кунунӣ) нарасидаанд.

Ин шоҳкории мӯҳташами мусиқӣ таърихи бостонӣ дошта, равиш, тарзи силсилавӣ, матниаш (мавзӯӣ) дар замони Сосониён (222 – 651), 7 дастони «Сроти Хусравоник» («Хусравоин воч» – «сурудҳои Хусравонӣ», «Хусравониёт-тариқат-ул-мулукия», сабки устодона, шоҳона)-и Борбад бунёд шудааст, сарчашма мегирад.

Дувоздаҳмақом дар ибтидои ташаккулаш дорои тартибу танзими хос буда, дар шакли тарона, чома (чикомак), оҳангҳои силсилаии (равошин, равосин) гуногунтаркибу гуногунмавзӯи мавсимию маросимӣ эҷоду иҷрошаванда мураттабшуда, рӯи саҳна омада, минбаъд вобаста ба таҳаввулоти ҳунарӣ аҳли эҷоду иҷро онро дар шакли асари ҷомеи мӯҳташами мусиқӣ муназзам намудаанд.

Дар инимаи дуюми асри XII–ибтидои асри XIII Дувоздаҳмақом ба тартибу танзими мутобиқ ба қавонини устодонаи мусиқӣ ба маҷмӯи  силсилавӣ табдил меёбад. Дар таълифоти хаттии назарии арабизабони мусиқӣ Киндӣ (805 – 873) Абунасри Форобӣ (875 – 950), Абулаббоси Сарахсӣ (вафот 901), Абулаббоси Бахтиёр (вафот 920), Ибни Сино (986 – 1037), Ибни Зайла (вафот 1048) ва дигарон, фарҳангу қомус, тавсифоти бадеии классикони адабиёти тоҷик-форс, тавзеҳе нест, ки дар ҳаёти мусиқии асрҳои IX – XI Дувоздаҳмақом бо ин истилоҳ ва ин мафҳум вуҷуд дошт, вале дар осори адабию таърихӣ (фарҳангҳо) аз мавҷудияти баъзе аз шаклу анвои созию овозии силсилавии мусиқӣ ишорате шудаанд.

Анъана, суннатҳои эҷодию иҷроии асарҳои силсилавии мусиқӣ (мисли «Суруди Порсӣ», «Мозандаронӣ», «Мовароуннаҳрӣ» ва ғайра) дар ҳаёти ҳунарии асрҳои IX – XI роиҷ будаанд. Дар достонҳои ҳамосию таърихӣ, насри таърихию бадеии асрҳои IX – XI ва ибтидои асри XII («Хусрав ва  Ширин»-и Низомии Ганҷавӣ, «Қобуснома»-и Кайковус ва ғайра) баъзе оҳангу сурудҳое (парда, лаҳн, роҳ, достон), ки баъдан ба маҷмӯи Дувоздаҳмақом  ворид шудаанд ва ё номҳои ҷудогонаи мақомҳо мебошанд, тавсиф гардидаанд. Бино ба эътирофи мусиқидонони номӣ Муҳаммади Нишопурӣ (асрҳои XII – XIII, «Рисола дар илми мусиқӣ») ва Сафиуддини Урмавӣ  (1230 – 1294, «Китоб-ул-адвор», «Рисолат-уш-шарафия») Дувоздаҳмақом  чун шакли силсилавии мусиқӣ дар нимаи дуюми асри XII ва ибтидои асри XIII таркиб ёфта, аз ҳамон давра таҳлил ва тадқиқ таркиботи он оғоз мешавад. Бояд гуфт, ки дар манбаъҳои адабию таърихӣ аз мавҷудияти «Ҳаштмақом», «Нӯҳмақом» ва «Даҳмақом» ёдрас шуда, бори нахуст Муҳаммади Нишопурӣ, Сафиуддини Урмавӣ аз мавҷудияти шаклу тартиби Дувоздаҳмақом  дар асарҳои хеш сухан ронда, ба риштаи тадқиқ кашидаанд. Аз ин рӯ асарҳои Муҳаммади Нишопурӣ ва Сафиуддини Урмавӣ аз ҷумлаи аввалин сарчашмаҳои  хаттии илми мусиқӣ оид ба Дувоздаҳмақом аст.

Дар таҳлилу тадқиқи Дувоздаҳмақом  аз лиҳози тавсифи сохту таркиб (овоза, мақом, шӯъба, гӯшаҳои мусиқӣ), пахлӯҳои назарию амалии он дар ҳар давраи таърихӣ тағйироте ворид шуда, бо кӯшиши аҳли созу овоз дастовардҳое ба вуқӯъ омадааст. Аз ҷумла Муҳаммади Омӯлӣ (1232 – 1349, «Нафоис-ун-фунун ли ароис-ил-уюн»), Қутбуддини Шерозӣ (1236 – 1310, «Дуррат-ут-тоҷ ли ғуррат-ид-даббоҷ»дар боби «Дар илми мусиқӣ»), Мирсаидалии Ҷурҷонӣ (1339 – 1413, «Мақолид-ул-улум») ва дигарон дар фаслҳои мусиқии осорашон тағйироту таҳаввулоти назарии Дувоздаҳмақомро вобаста ба вазъи рушду инкишофи ҳаёти даврашон таҳлил намуда, ба бисёр нуктаҳои таҳқиқии Сафиуддини Урмавӣ («Китоб-ул-адвор», «Рисолат-уш-шарафия») тасҳеҳот ворид намудаанд.

Дувоздаҳмақом  асосан дар нимаи дуюми асри XIY ва асрҳои XYI – XYII ба пояи баланди эҷоду иҷро расида, чӣ дар назария ва чӣ дар амалияи он дигаргуниҳои зиёде ба вуқӯъ меояд. Тамоюлоти эҷоду иҷроии мақомҳо на фақат чун маҷмӯи мӯҳташами силсилавии устодона инкишоф ёфт. инчунин дар ин асрҳо ду раванди рушди мақомҳо рӯи кор омад.

Якум, оид ба масоили таҳлилу тафсири Дувоздаҳмақом  рисолаҳои зиёди назариявӣ иншо шуданд, ки 99 дар сади онҳо ба забони форсии тоҷикӣ буданд. Дар бузургтарин ҳавзаҳои ҳунарии Мовароуннаҳру Хуросон, Эрон, замони Бобуриён тафсиру баррасии мақомҳои Дувоздаҳмақом як равиши нави омӯзишӣ, тавсифиро рӯи саҳна овард.

Дуввумин омили рушди Дувоздаҳмақом  рангомезии ҷараёни эҷоду иҷроӣ, марҳалаи нави таҷаддуди жанр, шаклҳои шеърию мусиқӣ дар заминаи ин шоҳкории мусиқӣ буда, созандаю навозанда, хонанда ва мусаннифони ин асрҳо дар тазмини усулу авзон, лаҳну таронаҳои мақомҳо ба эҷоди асарҳои устодонаи мураккабтаркиби созию овозӣ дастёб шуданд. Ин ҷараёни эҷодию иҷроӣ пояҳои назарию амалӣ, тафаккури зебоишиносӣ, таҳқиқӣ, бадеяити Дувоздаҳмақомро устувор намуд. Аз ин рӯ доманаи иҷроӣ, эҷодӣ, таҳқиқии Дувоздаҳмақом дар марказҳои фарҳангии Ҳинд, Ироқи Аҷам (замони ҳалолкуён ва баъд) чун муҳимтарин дастоварду бозтоби ҳунарӣ мавриди омӯзиш, эҷод, иҷрои намояндагони ҳунари ин ҳавзаҳо қарор гирифт.

Ҳамин равиши пазириши Дувоздаҳмақом  шаклу анвои нави шеърию мусиқии «саҷъ», «рехта», «қавл», «навбат» ва ғайраро рӯи саҳна овард, ки дар рӯҳия, диди зебоипазирии мусиқии аҳли ҳунари мардумони ғайриаҷамӣ таҷассум ёфтаанд.

Навиштаҳои назарии Хоҷа Абдулқодири Гӯянда (Мароғӣ, 1356 – 1435 «Мақосид-ул-алҳон», «Ҷомеъ-ул-алҳон», «Шарҳ-ул-адвор» ва ғайра), Абдурраҳмони Ҷомӣ (1414 – 1501, «Мизон-ул-авзон», «Маҷолис-ун-нафоис»), Маҳмуди Ҳусайнӣ (1436 – 1502 – 1508 «Қонуни илмӣ ва амалии мусиқӣ»), Камолуддини Биноӣ (1430 – 1502 «Рисолаи мусиқӣ»), Ҳусайнӣ Кошонӣ (соли таваллудаш номаълум, соли вафоташ 1428, «Канзултуҳаф»), Кавкабии Бухороӣ (соли вафоташ 1535, «Рисолаи мусиқӣ», «Рисола дар баёни «Дувоздаҳмақом», «Султония», «Куллиёти Дувоздаҳмақом»), Дарвешалии Чангӣ (1542 – 43 – 1649, «Тӯҳфат-ус-сурур», «Рисолаи мусиқӣ») ва ғайра аз муҳимтарини осори назарӣ дар бораи Дувоздаҳмақом  ва дар ҳавзаҳои ҳунарии Мовароуннаҳру Хуросон, Эрон, Ироқи Аҷам аст. Минбаъд таҳти таъсири пурбори ин таълифоти мусиқӣ, дар ҳавзаҳои илмию ҳунарии Ҳинд таҳаввулот, бозтоби фикрии нави мусиқӣ падид омад. Зимни ин дар ҳавзаҳои ҳунарии Ҳинд на фақат таркиботи Дувоздаҳмақом (дар маҷмӯъ мусиқии Аҷам), инчунин ин мавзӯъ дар ҳамоҳангӣ, иртиботи таърихию назарӣ ва иҷроӣ бо мусиқии классикии ҳиндӣ (сангит, роғҳо) ба риштаи таҳқиқ омадаанд. Ин усули омӯзишӣ, таҳқиқии мусиқӣ дар замони салтанати Бобур (1526 – 1530), Ҳумоюн (1530 – 1539), Акбар (1556 – 1707), Акбари II (1806 – 1837) вусъат ёфта, мусиқидонон Боқиёи Нойинӣ (соли вафот 1690, «Замзамаи ваҳдат»), Фақирулло Сайфхон (соли вафот 1747, «Роғдарпан»), Иноятуллохони Росих (1736 – 1798, «Рисола дар зикри муғанниёни Ҳиндустон») ва дигарон дар иртибот ба Дувоздаҳмақом  ва роғҳои ҳиндӣ, ҷараёни эҷоду иҷро, сабк ва равияҳои мусиқӣ (идомаи мактаби амалию назарии Амир Хусрави Деҳлавӣ (1253 – 1325) тарҷумаю такмили таълифоти назарии мусиқии «Парҷатак» («Дарахти биҳишт»), «Рогмала», «Сангит» (мусиқии устодона) ва даҳҳо манобеи хаттӣ рӯи кор омадаанд.

Махсусан, дар замони Аврангзебу Дорушукӯҳ (1658 – 1707) роҷеъ ба масоили мусиқии Аҷаму Ҳинд Дувоздаҳмақом ва роғҳо) зиёда аз 52 рисолаи назарӣ ба забони форсии тоҷикӣ нигошташуда, ки дар аксари ин навиштаҳо рӯйдодҳои ҳунарии ҳавзаҳои эҷодию иҷроии Ҳинду Хуросон, ҳатто Эрону Мовароуннаҳр мавриди таҳқиқи мусиқидонон қарор гирифтааст.

Таҳлил ва тавсифи Дувоздаҳмақом  дар осори адабию таърихии асрҳои XY – XYII низ (тазкираю солномаҳои таърихии: «Музаккир-ул-аҳбоб»-и Нисорӣ, «Тазкират-уш-шуаро-и Мутрибӣ, «Музаккир-ул-асҳоб”-и Малеҳо, «Бобурнома”-и Бобур, «Оламорои Аббосӣ»-и Искандарбеки Муншӣ, «Тӯҳфат-ул-Ҳинд»-и Абулфазли Алломӣ, «Тӯҳфаи Сомӣ»-и Соммирзои Сафавӣ, «Маноқиби ҳунарварон»-и Чалабӣ, «Гулистони Ҳунар”-и Қозӣ Аҳмади Қумӣ ва -айра) хеле рангин қаламдод шудаанд.

Дувоздаҳмақом вобаста ба пешрафу таҳаввулоти эҷодию иҷроии ҳар давраи таърихӣ аз лиҳози таркибот (овоза, шӯъба, гӯшаю зарбу усулҳо) тайиру такмил ёфта, дар асрҳои XII – XII ба тариқи зайл будааст: дувоздаҳ мақом –«Рост», «Мухолифи Рост», «Ироқ», «Мухолифак», «Ҳусайнӣ», «Раҳовӣ», «Исфаҳон», «Модда», «Наво», «Наҳованд», «Ушшоқ»; 6 овоза: «Зеркаш» (мансуб ба мақомҳои «Ҳусайнӣ», «Модда»), «Баста» (ба мақомҳои «Мухолифак»,«Раҳовӣ»), «Уззол» (ба «Наво», «Ушшоқ»), «Нигорин» (ба «Бӯсалик», «Исфаҳон»), «Ҳиҷоз» (ба «Ироқ», «Наҳованд»), «Шаҳнай» (ба «Рост», «Мухолифаки Рост»). Ин таркиботро Муҳаммади Нишобӯрӣ («Рисола дар илми мусиқӣ») дода, дар таълифоти Сафиуддини Урмавӣ («Китоб-ул-адвор», «Рисолат-уш-шарафия») ном, таркиботи Дувоздаҳмақом (12 мақом, 6 овоза, 24 шӯъба, дигар шохаҳои он) нисбатан дигар буда, қисме аз мақомҳо ба шӯъбаҳо, шӯъбаҳо бошанд ба мақомҳо табдил ёфтаанд. Ин тағйирот дар гӯшаю усулҳо, шохаҳои дигари созию овозии Дувоздаҳмақом низ ба назар мерасад.

Дар таълифоти мусиқии аҳои XIY – XY таркиботи «Д.» ба тариқи зайл баррасӣ шудаанд: «Бузург», «Зангӯла», «Ҳиҷозӣ» («Ҳиҷоз»), «Раҳовӣ», «Ҳусайнӣ», «Ироқ», «Исфаҳон», «Ушшоқ», «Наво», «Зирафканд» («Кӯучак»), «Бусалик», «Рост» ва тартибу тавсиф дар рисолаҳои назарии асрҳои XYI– XYII Мовароуннаҳру Хуросон, Эрон ва Ҳинд бидуни тағйироти ҷузъӣ дар номи шӯъбаю гӯшаҳои мақомҳо барҷо мондаанд.

Зимни ин дар ҳаёти мусиқии асрҳои XY – XYII дар ҳунари эҷодю иҷроӣ падидаи мактаб, равияҳои нави иҷроию таҳқиқӣ рӯи саҳна омада, таҳти таъсири пурбори «Д.», анъаноти эҷодии он шаклу анвоъ, жанрҳои созию овозии шеърию мусиқии инкишоф ёфт («савт», «амал», «нақш», «пешрав», «қавл», «кор», «саҷъ», «рехта», «сунбулӣ», «санам» ва ғайра) ва хонандаю навозандагон, оҳангсозон бо ҳамкории устодони шеър на фақат асарҳои таркибан ҳирфаӣ офариданд, инчунин вусъати ин анвои мусиқиро илман ва амалан асоснок намуданд.

Сохт, таркиботи комили Дувоздаҳмақом, ки дар манобеи назарии мусиқии асрҳои XY – XYI собит шудаанд, чунин аст (гӯшаю дигар таркиботи созию овозӣ): «Баҳор», «Нишот», «Фариб», «Муқаддар», «Ҳуҷҷат», «Баёти турк», «Сарфароз», «Бастанигор», «Баёти Курд», «Доя», «Иккиёт», «Дилбар», «Наҳовандак», «Сафо», «Авҷи Камол», «Гулистон», «Раҳоб», (Раҳовӣ), «Найрези Кабир», «Мӯътадил», «Зулхамс», «Шаҳрӣ», «Хазон», «Ғизола», «Ҷамолӣ», «Сират», «Шӯълаи раҳ», «Аслӣ», «Рӯҳавзо», «Тарабангез», «Арабон», «Мӯътадил», «Замин», «Асирон», «Хаёлон», «Муаллиф», «Ҳайрон», «Самоъӣ», «Макон», «Ғарибон», «Ғамзада», «Маънавӣ», «Баҳри Камол», «Розӣ», «Муноҷот», «Паҳлавӣ», «Эътидол», «Фигор», «Висол» (ин тартиб дар рисолаҳои «Ҷомеъ-ул-алҳон», «Лаҳния»-и Абдулқодири Мароғӣ, «Замзамаи Ваҳдат»-и Боқиёи Нойинӣ, «Рисолаи мусиқӣ»-и Муҳаммади Хуросонӣ ва ғайра қаламдод шудааст).

Тағйироте, ки дар ҳаёти мусиқии охири асри XYI ва нимаи аввали асри XYII падид омаданд, хоси рӯйдодҳои эҷодию иҷроии Мовароуннаҳру Хуросон, Эрон ва Ҳинд буда, ин марҳалаи охирини мавҷудияти Дувоздаҳмақом аст (таркибот: шӯъба, гӯша ва шохаҳои созию овозӣ): «Бобоҳусайнӣ», «Хазон» («Найрез»), «Зеркаши Ховарон», «Ироқ» («Нишобурак»), «Ҳиҷози Мухолиф», «Баёти Курд» («Чоргоҳ»), «Исфаҳонак», «Ракби Наврӯз»(«Уззол»), «Ироқи Мушобеҳ», «Моҳурак» («Зобул»), «Хиром» («Қарчангор»), «Авҷ»(«Роҳу рӯҳ»), «Баҳри Нозук» («Мубарқаъ»), «Раҳбар», «Ҳисораки Мадан» («Панҷгоҳ»), «Дугоҳи Аҷам», «Мӯҳсинӣ» («Наврӯзи Сабо»), «Ҳиҷози Бузург», «Рубоби Панҷгоҳ»(«Аширон»), «Наҳовандак», «Нишобураки Саркор»,(«Дугоҳ»), «Ҳусайнӣ», «Бастанигор»(«Муҳайяр»), «Мавлиёт» («Мавлавиёт»), «Хуҷаста» («Наврӯзи Хоро»), «Иккиёт», «Тур» («Моҳур»), «Ҳиҷози Ироқ», «Рӯи Ироқ» («Сегоҳ»), «Муллонозӣ», «Корсоз» («Ҳисор»), «Наврӯзи Раҳовӣ», «Зеркаши Аширон» («Рӯи Ироқ»), «Зерафкани Бузург», «Рости Ҳиҷоз»(«Мағлуб»), «Маъруфӣ», «Пистаи Хиндустон» («Ҳумоюн»), «Найрези Кабир», «Ҳиҷози Бузург»(«Нуҳуфт»), «Чаковак», «Зобули се»(«Ракб»), «Чаҳоргоҳи Бузург», «Шоҳаншоҳӣ», «Наҳовандаки Румӣ»(«Наврӯзи Араб»), «Ҳумоюн», «Нуҳуфт» («Наврӯзи Аҷам»).

Дувоздаҳмақом дар давоми барҷоияташ аз мусиқии мардумӣ ибтидо ва баҳра гирифта, анъаноти асили эҷодию иҷроияш дар зимни сабк, равияҳои иҷроии мусиқии шифоҳии мардумони эронитабор ва баҳраандӯзӣ аз мусиқии мардумони дигар такмилу рушд ёфтааст. Дар вусъат ва ғаномандии барҷоияти анъаноти эҷодию иҷроӣ, рангомезии шакл, анвои шеърию мусиқии Дувоздаҳмақом  беш аз ҳама Муҳаммади Нишобурӣ (12 – 13), Сафиуддини Урмавӣ (1230 – 1294) Муҳаммади Омулӣ (1232 – 1349), Қутбуддини Шерозӣ (1236 – 1310), Мирсаидалии Ҷурҷонӣ (1339 – 1413), Абдулқодири Гӯянда (1356 – 1435), Ҷомӣ (1414 – 1492), Биноӣ (1430 – 1502), Маҳмуди Ҳусайнӣ (1436 – 1502), Кавкабии Бухороӣ (вафот 1535), Дарвешалии Чангӣ (1542 – 1649), сарояндагону навозандагон, мусаннифони асрҳои XIY – XYII Хоҷа Ризвоншоҳ, Алии Ситоӣ, Хоҷа Юсуфи Бурҳон, Хоҷа Абулвафо, Устод Қулмуҳаммади Удӣ, Устод Султонмуҳаммади Удӣ, Устод Ҷаъфари Қонунӣ, Қутбуддини Нойӣ, Ҳофизи Басир, Устод Шодӣ, Ғулом Шодӣ, Алидӯсти Нойӣ, Боқии Нойӣ, Мираки Чангии Бухороӣ, Мирзоалии Чангӣ ва даҳҳо устодони созу овоз, аҳли шеър бузург буда, баробари иҷрои мақомҳо дар заминаи савту таронаҳои Дувоздаҳмақом  дар шаклу анвои мусиқӣ асарҳои ҷолибу мондагори ҳунарӣ эҷод намудаанд.  Маҳз дар асрҳои XII – XYII ва ибтидои асри XYII дар заминаи Дувоздаҳмақом  шаклу анвои мураккабу ҳирфаии шеърию мусиқии «куллиёт», «миаттайн», «сунбулӣ», «санам», «мухаммас», «амал», «хаёл», «саҷъ», «рехта» ва ғайра ба санъати мусиқии устодона ворид шуда, дар якҷоягӣ ба Дувоздаҳмақом ба иҷро мерасиданд. Масалан, асарҳои ҳунармандони номвар Хоҷа Абдулқодири Гӯянда «Амали Бӯстон», «Амали Гулистон», «Амали Хористон», «Амали тарона» («Эй сорбон»), «Амали қиёмат»-ро, Устод Шодӣ дар усулҳои «Чорзарб», «Мухаммас», «Таснифи дилфиреб», «Моҳи ҳаждаҳсола», Хоҷа Юсуфи Бурҳон дар усули «Чанбар», «Савти Наво», «Амали Наво», «Пешрави Наво», «Гардуни Наво», Хоҷа Юсуфи Андигонӣ дар усули, «Шодиёна», «Нақши моҳи ҳилол», «Савти хиромон», «Таронаи Ораз», Кавкабии Гавҳарии Бухороӣ дар усули мақоми «Рост», «Куллиёт», Ҳасани Кавкабӣ «Нақши Мавлоно», Султон Муҳаммади Танбӯрӣ «Рехтаи Наво», «Чанбари Дугоҳ», «Таснифи Бузург», Устод Алиакбари Қонуни Самарқандӣ «Амали Ироқ», «Савти қонун» ва дигарон асарҳои зиёди созию овозиро дар тазмини таркиботи Дувоздаҳмақом эҷод намудаанд.

Дар тадвину таҳияи матни Дувоздаҳмақом аз асрҳои XIY – XY шоирони ҳавзаҳои адабии Мовароуннаҳру Хуросон, Эрон ва  Ҳинд корҳои ҷолибе намуда, дар асри XYI тавассути намоянда ва сарвари мактаби мусиқии Бухоро Наҷмуддин Гавҳарии Кавкабии Бухороӣ «Куллиёти Дувоздаҳмақом» (матни баргузидаи комили мақомҳо) тартиб дода шуд. Ин кори илмию амалии Кавкабии Бухороӣ дар ҳавзаҳои эҷодию иҷроии Мовароуннаҳру Хуросон, Эрон ва Ҳинд (замони Бобуриён) чун дастур хидмат намуда, дар вусъати назмии мақомҳо нақши муассире гузоштааст. Дар пайравӣ ва баҳраандӯзӣ аз «Куллиёти Дувоздаҳмақоми Кавкабӣ дар ҳавзаҳои ҳунарии Бухоро, Самарқанд, Ҳирот, Тошканд, Машҳаду Исфаҳон, Балх, Марв ва ғайра корҳои ҷолибе дар назми Дувоздаҳмақом рӯи кор омаданд, махсусан навиштаҳои Боқиёи Нойинӣ, Сайфиддини Ғазнавӣ, Туғрои Машҳадӣ, Фурсатуддавлаи Шерозӣ ва дигарон марҳалаи нави бадеию зебошиносии мусиқӣ маҳсуб шуда, минбаъд ин сабки тадвини матнии мақомҳо дар «Шашмақом», «Ҳафтдастгоҳ» - идома ёфт.

Мактаби таҳқиқию омӯзишии Дувоздаҳмақом, ки дар асри XYI тавассути Кавкабии Бухороӣ сабки хоса касб карда буд, минбаъд босаъю эҳтимоми шогирдонаш Ҳасани Кавкабии Самарқандӣ, Хоҷа Муҳаммади Кавкабӣ, Алиакбари Қонунии Самарқандӣ, Мирзоалии Чангӣ, Дарвешалии Чангӣ ва диг. идомаю тақвият ёфт ва анъанаҳои эҷодию иҷроии устодонаи мақомҳо дар ҳавзаҳои адабию ҳунарии Мовароуннаҳру Хуросон, Эрон ва Ҳинд рушд намуд.

Дувоздаҳмақом чун маҷмӯи мӯҳташами бадеию зебошиносии мусиқӣ дар ҳаёти мадании мардумони форсизабон ва ғайри эронӣ то ибтидои асри XYII арзи вуҷуд намуда, сипас ба «Шашмақом», «Ҳафт дастгоҳ» (Эрон), муғом (Туркия, Озарбойҷон) ва ғайра табдил меёбад. Таъсири пурбори эҷодию иҷроии Дувоздаҳмақом  махсусан анъанаи «устод ва шогирд», ки аз муассиртарин сабки омӯзишию иҷроӣ, таҳқиқии мақомҳо маҳсуб мешуд, дар анъаноти иҷроию эҷодии «Шашмақом», «Ҳафт дастгоҳ», мақомҳои арабию туркӣ, нубаҳои мамолики Мағриб бо сабк, диди хоси ҳунарӣ идома ёфта. номи бисёр шӯъбаю гӯшаҳо, овозаю таркиботи Дувоздаҳмақом бидуни тағйири номӣ маҳфуз мондаанд. Дувоздаҳмақом воқеан падидаи бузурги бадеию зебоишиносӣ дар таърихи тамаддуни тоҷикон, мардумони эронӣ ва Шарқ ба шумор меравад.

Адабиёти мавриди истифода:

Муҳаммади Нишобурӣ, Рисола дар илми мусиқӣ Р: 1880, с 612 (605 а, с. китобат, 663 ҳ.), ЛОИВАН СССР;
Тарона ва мақом, Р: 718, с. 693, с. таъ. 1274 ҳ. ЛОИВАН СССР;
Рисолаи мақомот, Р: В 2408. 22 л. 1997. ЛОИВАН СССР;
Рисолаи мусиқӣ, Р: 1844 (nov. 94, с. таълиф 1280 ҳ.) ЛОИВАН СССР;
Рисолаи илмӣ мусиқӣ, Р: В 3983. 1935. ЛОИВАН СССР;
Рисола дар баёни илми мусиқӣ, Р: В 2257. nov. 1295. ЛОИВАН СССР;
Рисола Р: С 1861. ЛОИВАН СССР;
Сайфиуддини Ғазнавӣ, Рисола мусиқӣ, Р: 1882. PS ЛОИВАН СССР;
Дарвешалии Чангӣ, Рисолаи мусиқӣ то Дарвешалӣ, Р: Д 403. 2002, ЛОИВАН СССР;
Рисолаи мусиқӣ то Мавлоно Кавкабӣ, Р: В 2257, ЛОИВАН СССР;
Рисолаи мусиқӣ то Муҳаммади Яздавӣ, Р: 3864, ЛОИВАН СССР;
Дарвешалии Чангӣ, 2005 – 11, ИВАН Уз ССР;
Мақомоти млми мусиқӣ, Р: 9688: 111, ИВАН Уз ССР;
Маҳмуди Ҳусайнӣ, Қонуни илмӣ ва амалии мусиқӣ, Р: 6088, ИВАН УЗ. ССР;
Дарвешалии Чангӣ, Рисолаи мусиқӣ, Р: 468 1, ИВАН Уз ССР;
Дарвешалии Чангӣ, Р: 7005 – 111, ИВАН УЗ. ССР;
Рисолаи киромия дар илми мусиқӣ, Р: 468 – 111, ИВАН УЗ. ССР;
Кавкабии Бухороӣ, Рисолаи мусиқӣ Р: 5793. 9264 – 111. ИВАН Уз. ССР;
Боқиёи Ноинӣ, Замзамаи ваҳдат, Р: 10874, ИВАН Уз. ССР;
Абдулқодири Мароғӣ, Мақосид-ул-алҳон, Теҳрон 1348;
Мирзо Абдуллохон, Рисолаи мусиқӣ, Теҳрон, 1348;
Мирзо Абдуллохон, Рисолаи мусиқӣ, Теҳрон, 1882;
Абдулқодири Мароғӣ, Ҷоме-ул-алҳон, Теҳрон, 1350;
Абдулқодири Мароғӣ, Шарҳи «Адвор», Теҳрон, 1374;
Кавкабии Бухороӣ, Рисолаи мусиқӣ, Рисола дар баёни Дувоздаҳмақом, таҳия ва таҳқиқ А. Раҷабов, Душ., 1978;
Маҳмуди Ҳусайнӣ, Қонуни, илмӣ ва амалии мусиқӣ, таҳия ва таҳқиқи А. Раҷабов, Душ., 1987;
Нағмаи ниёгон, таҳия ва таҳқиқи А. Раҷабов, Душ., 1990;
Раджабов И. Мақомлар масаласига доир, Тош., 1963;
Раджабов И. Макомы, Тош. – Ереван, 1970;
Машҳун Ҳ. Таърихи мусиқии Эрон, ҷ. 1., Теҳрон, 1376;
Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ. 1, Душ., 1988;
Раҷабов А. Аз таърихи афкори мусиқии тоҷик, дар ас. 12 – 15, Душ., 1989;
Низомов А. Таърих ва назарияи Шашмақом, Душ., 2002.
Сафиуддини Урмавӣ, Китобу-л-адвор, Теҳрон, 1384.

барчасп: