«Дар баёни пайдо шудани илми мусиқӣ ва одобу кайфияти хоси он», рисолаи мусиқиест, ки муаллифаш номаълум ва дар нимаи дуюми асри XYI ва ибтидои асри XYII дар шаҳри Исфаҳон ба забони форсии тоҷикӣ таълиф шудааст.
Рисола масъалаҳои муҳиму умдаи да 12 мақом ва таркиботи онҳоро дар бар гирифта, баъзе фасл ва мавзӯоти он аз рисолаҳоимусиқии дар Мовароуннаҳру Хуросон таълифёфта (Кавкабии Бухороӣ, Маҳмуди Мирзобой, Хоҷакалони Хуросонӣ ва дигарон) иқтибос шудааст.
Рисола аз муқаддима ва 5 фасл таркиб ёфта, инчунин бобе аз рисолаи «Насими тараб» илова шудаааст. Муаллиф дар муқаддима, ки онро «Дар одоби илми мусиқӣ» меномад, моҳияти илмию амалии санъати мусиқиро тахқиқ намуда, иқтибоси зиёде азтаълифоти мусиқии асрҳои XIY – XYI меорад. Дар боби аввал - «Дар маърифати мақомот ва таркиботи он» муаллиф шарҳи мухтасари 12 мақом, 24 шӯъба ва 6 овозаро дода, барои тақвияти нуқтаҳои таҳқиқиаш порчаҳои манзум овардааст.
Дар боби дуюм - «Дар баёни пардаҳои мақомот» муаллиф ҳар мақомро дар алоҳидагӣ тавсиф намуда,таърихи пайдоиши онҳорозикр кардааст. Дар ин боб муаллиф нақлу ривоят ва порчаҳои шеърӣ низ овардааст.
Боби сеюм - «Дар баёни пардаҳои шуаб» (шӯъбаҳо) номида шуда, дар он таркиботи 24 шӯъба, тарзи ҳосилкунии оҳанг, ҳолати воқеияти ҳар шӯъба дар дохили мақоми 12-гона, моҳияти бадеию оҳангии онҳо шарҳ дода шудаанд. Муаллиф барои тақвияти хулосаҳояш аз гуфтаю навиштаҳои мусиқидонон (Кавкабӣ ва дигарон) иқтибосҳо меорад.
Дар боби чаҳорум - «Дар баёни пардаҳои овозҳо» асосан таърихи пайдоиши 6 овозаи мусиқӣ: Гавашт, Моя, Гардуния, Салмак, Шаҳноз, Наврӯз ва тарзу ҳолатҳои иҷрои онҳо дар созҳо ва мансубияти ҳар як овоз ба ду мақом зикр шудааст.
Дар боби панҷум -«Дар баёни ҳафдаҳ баҳри усул» зикри илмии 17 вазн, усули мусиқӣ, таърихи пайдоиш, сохти онҳо ва ниҳоят қаробати ин усулҳо ба мақомҳо қаламдод шудааст. Муаллиф дар ҷараёни тавсифи таркиботи 12 мақом ва масоили эҷоду иҷрои мусиқӣ аз манобеи мусиқии гузаштаю замонааш истифода карда, ба хулосаҳои ҷолиби назарию зебошиносии мусиқӣ комёб шуданашро дар хотимаи рисола собит менамояд. Ин рисола маҳсули тафаккури тафсирию таҳлилии ҳавзаҳои ҳунарии Эрони нимаи дуюми асри XYI ва ибтидои асри XYII буда, мансуб ба мактаби мусиқии Исфаҳон мебошад.
Адабиёти мавриди истифода:
Машҳун Ҳ., Таърихи мусиқии Эрон, Теҳрон, 1376;
Фарҳангномаи мусиқии Эрон, Теҳрон, 1376;
Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ. 1 Душ., 1988;
Рисолаи мусиқӣ, Р: 1466-1, ИШАФ Ӯзб.