Профессор Асозода: андешаву афкори маро аз китобҳоям ҷӯед

Субҳи рӯзи 24-уми декабри соли 2016 дар толори хониши ба номи Шарифҷон Ҳусейнзодаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, устодони Донишгоҳ, адибони маъруф ва донишҷӯён маҳфили илмӣ-адабии “Худойназар Асозода ва тозаандешӣ дар адабиёти тоҷик” баргузор шуд. 

Маҳфил ба ифтихори 75-умин солгарди донишманди маъруф, профессор Худойназар Асозода бахшида шуда буд.  25-уми декабр агар ӯ дар ҳаёт мебуд, ҳафтодупанҷсола мешуд. Ҷамъомади имрӯз ёде буд аз шогирдон, ҳамкорон, дӯстон ва наздикони устод Асозода.

Муртазо Зайниддинов, олими шинохта ва яке аз комёбтарин шогирдони устод Асозода дар мавзуъи “Чеҳраи забони илму фарҳанги миллат” маърӯза кард. Вай дар бораи ҷойгоҳи устод Асозода дар олами пажуҳишҳои адабӣ суҳбат кард ва гуфт осори пажуҳишии устод  мондагор аст ва аксари китобҳои ӯ дастури беҳтарини адабӣ барои донишомӯзони кишвар хоҳад буд. 

Хотираҳои худро дар бораи устод Асозода Нависандагони халқии Тоҷикистон Саттор Турсун ва Кароматуллоҳи Мирзо, Ҷӯрабек Назрӣ, профессор Сайфиддин Назарзода, Ато Мирхоҷа ва дигарон нақл карданд.

Мусоҳибае, ки ҳоло мехоҳем таваҷҷуҳатонро ба он ҷалб созем, шояд соле пеш таҳия шуда буд. Замоне, ки китоби нави профессор Асозода бо номи “Таърихи адабиёти тоҷик” дар Китобхонаи миллӣ муаррифӣ шуд. Китоб бо талоши бародараш Мусо Асозода баъди марги олими баруманд рӯи чопро дид ва метавон онро яке аз беҳтарин асарҳое донист, ки барои донишҷӯёни соҳаи филология тавсия мешавад ва метавонад китоб хуби дарсӣ бошад. 

Устод Асозода натиҷаи заҳмати беш аз бистсолаи худро надид. Моҳи феврали соли 2014 аз ҷарроҳии дил берун наомад ва дар синни 73 солагӣ бо дунёи фонӣ падруд гуфт.

Муаррифии китоб бо ширкати ҷамъе аз устодону шогирдони марҳум, донишмандони шинохта ва адибони маъруфи кишвар доир шуд, ки ҳар кадом арзиши илмии китобро арзёбӣ карданд Бардошти ҳамагонро метавон дар ин як ҷумла хулоса кард: “Таърихи адабиёти тоҷик”-и марҳум Асозода китобест, ки аз ин ба баъд наметавон бидуни омӯзиши он таърихи адабиёт навишт. 

Суҳбати мо бо бародари марҳум, номзади илмҳои сиёсӣ, докторанти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  Мӯсо Асозода баъди муаррифии китоб доир шуд ва нахуст аз ӯ дар бораи хонаводаи Асозодаҳо суол кардам.

  • Устоди марҳум Худойназар Асозода, бародари арҷманди банда аҳволи хонаводагӣ ва шаҷараномаи авлодиро ба сурати басо муфассал дар китоби аввалини хотиравии худ, ки ҳамакнун шаш ҷилди он бо номи “Достони зиндагӣ” интишор шудааст, овардаанд. Модари мо аз аҳли Балуҷувон ва падарамон аз сокинони минтақаи Ёқсуи Кӯлоб будаанд. Модарамон 11 фарзанд ба дунё овардаанд ва шаш нафар ба синни камолот расидаанд. Бародарбузурги мо шукри Худованд ҳоло дар ҳаётанд ва профессор Асозода дуюмин фарзанд буданд, ки дори дунёро тарк кардаанд. Банда, хоҳарбузургам ва боз се бародари дигар бо баракати худовандӣ дар қайди ҳаётем.  Чор нафар дар тифлӣ аз олам рафтаанд.
  •  Агар то кунун шаш ҷилди зиндагиномаи устод чоп шуда бошад, пас маълум мешавад, ки ишон завқи зиёде ба хотиранависӣ доштаанд.
  • Бале, профессор Асозода ёддоштнависиро беҳтарин шуғли худ медонистанд ва ҳама ҷузъиёти ҳаёташонро дар дафтарҳо бо хати худашон навиштаанд. Ҳоло дар дасти ман 42 дафтари хотироти он кас мавҷуд аст. Ва дар шаш китоб ҳамагӣ даҳ дарсади хотироташон рӯи чоп омадааст, боқӣ 90 дарсад ҳоло интишор нашудааст. Худованд агар даҳ соли дигар ба бародарам умр медод, шояд ин ҳамаро бо дастони худашон ба чоп омода мекарданд.

- Чӣ соатҳое ёддошт менавиштанд?

- Бештар шабона, вақте рӯз ба анҷом мерасид, рӯйдодҳои муҳими онро рӯи коғаз меоварданд. Ва хотироташон ба монандаи як асарест, ки кас аз хондан эҳсоси хастагӣ намекунад. Дар он метавон на танҳо аз сарнавишти худашон, балки дар бораи хеле аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангиву илмӣ маълумоти ҷолиб пайдо кард, киаз баҳсҳо дар ин ё он ҷаласоту мафҳилҳо рӯи коғаз омадаанд. Яъне, инҳо танҳо дафтари хотироти хусусӣ ва хонаводагӣ нестанд, балки дар аксар мавридҳо хулосаҳои илмии баҳсҳои ҷаласотро ҳам рӯи коғаз овардаанд. Ҳатто ҷузъиёти баргузории ин ё он маҳфилро чун рӯзноманигор ба риштаи тасвир кашидаанд, суҳбатҳояшонро бо шахсиятҳои илмиву фарҳангӣ бегоҳ дар варақ таҳлил мекарданд ва хулосаҳои худро менавиштанд. Ҳатто назарашонро дар бораи ин ё он рӯйдоде, ки дар ин ё он гӯшаи кишвар рух додааст, рӯйи коғаз меоварданд ва ҳатман бардошти шахсии худро, ки ин рӯйдоди хуб буд ё бад, дар саҳфа мерехтанд.

Масалан, дар мавриди кори илмии ин ё он олим менавиштанд. Ба ин сурат, ки ман имрӯз бе он ки дастонам ларзанд, бапешниҳоди баррасии рисолаи илмии фалонӣ барои дарёфти унвони илмӣ имзо гузоштам. Ва ҳатман назарашонро дар бораи он олим менавиштанд. Дар хусуси баъзеҳо суханони хуб навишта шудаанд ва мо ҳоло мебинем, ки устод иштибоҳ накардаанд ва он шахс олими хеле хуб аст ва баръакс дар бораи баъзеи дигар навиштаанд, ки шояд олими хуб нашавад, вале метавонад роҳбари хуб бошад. Ва хеле ҷолиб аст, ки устод дар мавриди шинохти инсонҳо тақрибан ба иштибоҳ роҳ надодаанд.

Ман гумон мекунам, ки чопи хотирти эшон кори оянда аст ва қадам ба қадам бо интишори он нигоштаҳо мо шахсияти марҳум Асозодаро бештар барои худ кашф мекунем. Дунёи профессор Асозода танҳо дар осори илмии чопшуда нест, балки ҷаҳонбинии фалсафӣ, шинохти ҷомеа ва инсон аз осори хотиравии он кас низ пайдост.

Нуктаи дигарро ҳам гӯям, ки ман шояд аз аввалин хонандаи дафтарҳои хотироти устод Асозода будам ва борҳо дар мавриди арзёбии фаъолияти илмии ин ё он олим бо ҳам баҳс ҳам кардаем ва мегуфтам, ки аз навиштаи шумо ин шахс метавонад ранҷад ва ба худ як душман пайдо кунед. Аммо мегуфтанд, ки ин воқеъиятест, ки ман мебинам ва бигзор ранҷад, вале дар ниҳоят мефаҳмад, ки ӯ чӣ касест ва дигарон дар борааш чӣ назар доранд. Яъне, медидам, ки устод баъзе эродҳои маро мепазируфтанд, вале баъзеи дигарашро рад мекарданд.

Тарзи хоси аристократии либоспӯшӣ доштанд

  •   Устод дар оила чӣ гуна шахс буданд?

- Аслан худи устод фарзанди дӯстдошта барои ҳам падар ва ҳам модар буданд. Муҳаббате, ки ба фарзандонашон доштанд аслан беназир буд. Онҳоро дӯст медоштанд ва хеле падари ғамхор буданд. Ман ҳарчанд бародарашон будам, аммо барои он кас фарзанд ҳисоб мешудам. Чун мо аз модар хеле бармаҳал ятим мондаем ва ман ҳамагӣ ду сол доштам, ки модарамон аз олам чашм пӯшиданд. Шашсола будам, ки аз падар маҳрум шудам, он кас маро аз деҳаи дурдаст ба Душанбе оварданд ва мактаб-интернат супурданд. Ҳар рӯзи шанбе ва якшанбе то ҷойе, ки дасташон мерасид, маро аз интернат гирифта, ба хонаашон меоварданд.

Аммо шояд дар зиндагии оилавӣ худро чандон хушбахт намеҳисобиданд. Се маротиба издивоҷ кардаанд ва танҳо аз издивоҷи сеюм, ки соҳиби як писару як духтар мебошанд, бештар ёд мекарданд. Вале умри ин хушиҳои рӯзгори шахсӣ кутоҳ буд ва бародари марҳумам зиёд шаҳди ин шодиҳоро начашиданд, ки инро дар васияти қабл аз маргашон ҳам гуфтаанд. Фарзандоне, ки аз ҳамсарони пешинаашон доштанд, дар ягон маврид заррае аз ёдашон намерафтанд ва дар ҳар ҷашну маърака ҳатман онҳоро суроғ мекарданд ва гирди ҳам атрофи як дастурхон ҷамъ меоварданд. Фарзандонашон низ он касро ниҳоят дӯст медоштанд ва ягон суханашонро ба замин намегузоштанд.

  • Бо дӯстону шогирдонашон чӣ гуна муносибат доштанд?
  • Як одат доштанд, ки ба ҳар маъракаи касоне, ки мешинохтанд, ҳатман ширкат мекарданд, дар таъзияи афроде, ки ошноӣ доштанд, бидуни истиҳола мерафтанд. Ҳамеша дӯстонашонро дар ҳар ҳолат дастгирӣ мекарданд. Солҳои охир, ки аз бемориҳо ранҷур шуда буданд ва агар касе аз шиносҳояшон ба мушкиле рӯ ба рӯ мешуду аз он кас кӯмак мехост ва чун худашон наметавонистанд, маро мефиристоданд, ки рафта ёрӣ расонам. Як хислати хубашон ин буд, ки мекӯшиданд бо ҳар баҳона рафиқони дурро ба ҳам наздик оранд. Танҳо хӯрок хӯрданро умуман дӯст намедоштанд.
  • Ҳамеша талош мекарданд касеро наранҷонанд ва агар тасодуфан коре мешуд, ки касе андаке аз ишон меранҷид, шаб ҳатман дар ин бора ба мо мегуфтанд ва як ҳафта ҳам то даме, ки аз дили вай набароранд, дар ин бора меандешиданд. Аз корҳои хуб зуд шод мешуданд ва ин шодиро пинҳон надошта, баён мекарданд.

Барои он ки ба асаре тақриз нависанд, онро камаш ду бор мехонданд ва баъд дар борааш менавиштанд.

-  Медидем, ки устод хеле озода либос мепӯшиданд, ҳаракатҳояшон, қадамзанӣ ва ҳарф заданҳояшон як назокати хоса дошт.

  • Бале, дуруст пай бурдед. Дар ҳақиқат бародари марҳумам як тарзи хоси аристократии либоспӯшӣ доштанд. Ҳамеша тозаву озода ва назаррабо мепӯшиданд. Ва як одати аҷибашон ин буд, ки хич гоҳ қаламеро, ки рангаш тамом шудааст, намепартофтанд, ҳамеша ҳамаи онҳоро дар як ҷой нигоҳ медоштанд ва ҳоло ҳам онҳо ба теъдоди шояд бештар аз 300 адад ҳифз мешаванд.

Хати зебое мисли хати бародарам ман надидам. Хеле покнавис буданд. Ду шакли навишт доштанд, яке буд, ки тез менавиштанд ва он барои китоб буд ё мақолаҳои таъҷилӣ. Ва шакли дигари навишташон хеле зебову хонову озода буд, ки дар дафтари хотироташон мебинем.

Равиши хоси хондани лексияҳоро доштанд. Мегуфтанд, ки муаллим бояд тарзе суҳбат кунад, ки то ба охири дарс ҳама мутаваҷҷеҳаш бошанд.

“Барои ҷоизавуунвон талош намекарданд...”

- Шиносоӣ бо тарҷумаи ҳолашон баёнгари он аст, ки профессор Асозода, муаллифи бештар аз 30 асари илмӣ ба ҷуз унвонҳои илмие, ки бо ҳимояи рисолаҳояшон дарёфт кардаанд, унвони дигаре надоранд.  Инро чӣ гуна фаҳмидан мумкин?

- Шумо дуруст пай бурдед. Устод дар ҳақиқат як шахси истисноӣ ва хеле шикастанафсбуданд. Ба ҳама кор даст меёфтанд, ҳар талошеро барои равнақи илм, кӯмак ба шогирдон, рушди маориф дар макотиби олӣ мекарданд. Вале барои ҷоизаҳо ё унвонҳои ифтихорӣ аслан талош надоштанд ва инро дар шаъни худ шоиста намедонистанд. Тӯли умр бо вуҷуди он ки ба дараҷаҳои баланди илмӣ расиданд ва чун як олими пуркору донишманди закӣ шинохта шуданд, вале ҳатто ягон Ифтихорномаи ҳукуматӣ надоштанд. Ба ягон ордену медал пешбарӣ нашудаанд. Шояд баъзе асарҳои устод шоистаи унвони академикист, вале худашон аслан дар ин бора талош намекарданд. Таърифу тавсифи шахсиятҳоро намепазируфтанд, хушомад намезаданд ва намегузоштанд, ки касе ба худашон хушомад занад...

Қабл аз маргашон ҳатто васият карда буданд, ки “баъди фавтам сари тобутам ягон митинг накунед, маросими ёдбуд баргузор насозед. Маро, афкори мар, андешаҳои мрао дар китобҳоям ҷӯед. Ман чизеро пинҳон накардам. Дар ҳар бора, ки навиштам, аз назари худ воқеъияти онро навиштам”.

Устод ҳатто санги сари мазорашонро ҳам гуфтанд, ки бояд аз мармари сиёҳ бошад ва расми ҳаккокишаванда дар он сангро ҳам дар васиятномаи қаблазмаргии худ интихоб карда буданд.

Замоне, ки ректори Донигоҳи омӯзгорӣ буданд, хеле кам воқеъ мешуд, ки аз мошини хидматӣ истифода карда бошанд. Хонаашон, ки наздик буд, пиёда мерафтанду пиёда меомаданд. Моҳҳои қабули довталабон зери як чатр дар саҳни ҳавлии донишгоҳ меистоданд ва мегуфтанд, ки ректор барои он аст, ки мардум бишносанд ва ҳар ҳарфе доранд, ошкор ба рӯяш гӯянд. Ҳич вақт аз мардум намегурехтанд, доим бо онҳо буданд.

“Устод миллатро нокомил медонистанд...”

- Профессор аз ҷанги шаҳрвандӣ сахт шикаста шуданд. Ҳатто баъдтар худашон ба ноҳияҳои Ҷиликулу Колхозобод сафар карда бо чашмонашон хонаҳои сӯхтаву валангорро дида буданд. Хеле азобҳои руҳӣ мекашиданд, ки ин миллат чаро ба ин кор даст зад, чӣ сабаб шуд, решаҳои ин иллат дар чӣ нуҳуфта аст. Шахсе набуданд, ки аз дарди миллат худро канор кашанду чунин вонамуд созанд, ки ин дарду ранҷ барои он кас аҳамияте надорад. Устод омилҳои фоҷеаи миллатро дар дохили худи миллат меҷустанд ва кам бовар доштанд, ки ин омилҳо берунианд.

Устод миллатро нокомил медонистанд ва мегуфтанд он ҳанӯз сохта нашудаву ташаккул наёфтааст. Бар ин назар буданд, ки миллатро аввал бояд сохт ва баъд бояд ба дигарон муаррифӣ кард. Ҳамеша мегуфтанд, ки миллатро дар ҷаҳон шахсиятҳои бузургаш муаррифӣ мекунанд.

Ҳеч вақт пушти пул нагаштанд ва ҳатто намекӯшиданд китобҳояшон бо арзиши гарон фурӯхта шавад. Ҳамеша ба касоне, ки мепурсиданд, китобашонро туҳфа мекарданд.

Устод ҳамеша мегуфтанд, ки миллатро дар ҷаҳон шахсиятҳои бузургаш муаррифӣ мекунанд. Аз аввалинҳо шуда нақши Лоҳутиро дар наҷоти Айнӣ барин алломаи замон бо овардани далелҳои қотеъ нишон доданд ва гуфтанд, ки агар Лоҳутӣ бо истифода аз мавқеъи ҷамъиятиаш бо Сталин иртибот намегирифт, душманон Айниро нобуд мекарданд. Профессор ин ҳама таърихи замони инқилобро омӯхтанд ва дарёфтанд, ки ин миллатро маҳз шахсиятҳои маъруфаш ба камол мерасонанд. Профессор ин ҳама таърихи замони инқилобро омӯхтанд ва дарёфтанд, ки ин миллатро маҳз шахсиятҳои маъруфаш ба камол мерасонанд. Бо устод Айнӣ, Лоҳутӣ, Улуғзода китоб бахшиданд ва назари худро дар бораи ҳар кадоми ин бузургон баён карданд.

“Дидед, дастонам ҳам меларзанд...”

  • Устод аз чӣ ранҷ мебурданд?
  • Аз бемории дил. Шахсе, ки аз сӯзандору метарсиданд, ба ваъдаи духтурон бовар карданд. Барояшон гуфтанд, ки агар ҷарроҳӣ шавед, эҳтимоли зиёд ҳаст, ки шифо ёбед. Охирин суҳбати мо соати даҳи шаб буд. Ман мехостам ба ҷарроҳӣ омодаашон кунам, вале гуфтанд, ки аллакай худам тайёр шудам. Ва вақте ман аз наздашон берун шудам, охирин сатрҳоро дар дафтари хотироташон навиштаанд. Ҷумлаи охири китоби хотироташон ҳам ин аст: “Дидед, дастонам ҳам меларзанд...”. яъне, устод  аз ин амали ҷарроҳӣ нигарон буданд...
барчасп: