Оре, ин мисраи устоди шодравон Лоиқ ишораест ба мероси ӯ, ки мунтахаберо аз он мову шумо, хонандаи азиз, дар даст дорем.
Хуб, Лоиқ барои шеъри мо, васеътар бигирем, барои адабиёти мо ва агар боз ҳам густурдатар биандешем, барои фарҳанг ва ниҳоят, барои ҷомеаи сӣ соли охири қарни 20-ум ва баъд чӣ корҳоеро анҷом дод, ки худ бо эътимоди қавӣ «Ман намемирам, ман нахоҳам мурд!» ва «Аз ман умри дубора хоҳад монд» мегӯяд? Кадом сабабҳою омилҳое ҳастанд, ки имрӯз баъди 11 соли фавташ, низ ӯ аз хонотарин ва маҳбубтарини шоирони қарни 20-уми тоҷик аст ва дар маҳфилу маҷлисҳои адабӣ аз хислатҳои инсонӣ ва шахсиятҳои чеҳраи адабӣ, фарҳангӣ ва граждании вай пайваста ёд мекунанд?
Шурӯъ мекунем аз он ки Лоиқ ба ҷаҳони шеъри мо чӣ гуна омаду чӣ овард. Олимони маъруф Атахон Сайфуллоев, Абдунабӣ Сатторзода, Юсуф Акбарзода, Усмонҷон Ғаффоров, Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар ва чанд тани дигар дар ин мавзӯъ мақолаву рисолаҳои ҷолиб ба табъ расонидаанд. Биноан, дар хусуси он ки Лоиқ бо шеъри «Ном» ба арсаи адабиёт ворид шуд, тавассути шеъри «Ба модарам» ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шуд ва дар як муддати кӯтоҳ шеъри тоҷикиро ба маҷрои нав ҳидоят кард, ин ҷо зиёд таваққуф намекунем.
Лоиқ ба ҷодаи шеър на аз рӯи ҳавову ҳавас, балки бо истеъдоди худододу азми қавӣ, бо дилу вуҷуди саршор аз гуфтаниҳо, аз пайроҳаи худ бо диди худ ва бо ҳадафу мароми равшану бузург қадам ниҳода буд. Азмаш ин буд, ки шеъре бигӯяд аз рӯзгори мардум барои мардум, аз дунёи инсон барои хушбахтии инсон, аз арзишҳои азалии маънавӣ ба хотири ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавии ҳамзамонон, аз зебоиҳои Ватан барои ободии Ватан, аз ишқи пок ба хотири покии ишқ, аз муҳаббату садоқат барои пойдории аҳду вафо, аз таърихи гузашта ба хотири имрӯзу оянда, аз шахсиятҳои бузургу барҷаста барои маърифати миллат ва ғайра. Ва ин корро ӯ шурӯъ кард аз васфи модар-оғозбахши зиндагӣ.
То устод Лоиқ бисёр шоирони гузаштаи мо, шоирони қарни ХХ-и Эрон (Эраҷ Мирзо, Маликушшуаро Баҳор), рус (Блок, С.Есенин, М. Светаева, А.Ахматова ва дигарон) ва Шарқу Ғарб дар васфи модар шеърҳо гуфтаанд. Маъруфтарини онҳо ашъори Эраҷ Мирзо («Гӯянд, маро чу зод модар» ва «Дод маъшуқа ба ошиқ пайғом») ва силсилаи шеърҳои С. Есенин («Нома ба модар», «Номаи модар» ва ғайра) буданд.
Шеърҳои Эраҷ Мирзо мазмуну ҳадафи панду ахлоқӣ доштанд, Сергей Есенин чеҳраи модари деҳотии русро хеле воқеъбинона ва барҷаста тасвир кардааст. Агарчи дар шеъри «Ба модарам» ва дигар шеърҳои силсилаи «Модарнома»-и устод Лоиқ таъсире аз онҳо ба дида меояд (худи шоир инро эътироф кардааст), Лоиқ бори аввал дар шеъри тоҷикӣ симои воқеӣ ва ҷаҳони ботиниву сиришти модари деҳотии тоҷики кӯҳистониро тавассути ҷузъиёти хеле гӯё (кунҷи сандалӣ, ҷомадӯзӣ, хобдиданҳо, орзуҳои модар дар шеъри «Ба модарам», дарду аламҳои модари фарзандгумкарда дар шеъри «Нону насиб», симои модар дар «Муноҷот ба модар», фалсафаву ҳикматҳои ҳастии модар дар «Насиҳати модар», «Ҷавҳари ҳастӣ», «Дар қиёси гӯри мардон пештар», «Ҳаққи модарӣ», «Модарам, эй модари дунёнадида» ва ғайра) тасвир кард, муҷассамаи воқеиву ормонии модари тоҷикро офарид. Баъдан шоирони дигари тоҷик, аз Мирзо Турсунзода то ҷавоншоирон, дар васфу ситоиши модар ва офаридани чеҳраи модар аз модарномаҳои Лоиқ таъсиру баҳра бардоштанд.
Лоиқ аз аввалин шеърҳояш майл ба тасвир дошт ва баъдан ин услубу силк дар эҷодиёти вай мавқеи хос пайдо кард. Аз шеъри «Лаҳзаи падруд» (1962) ба баъд дар чаҳорпораҳо, ғазалиёт, шеърҳои озод, рубоиву дубайтиҳо ва мухаммасу мусалласҳои Лоиқ тасвиргароӣ тасаллути комил касб мекунад ва ба як равияи услубӣ табдил меёбад.
Яке аз дастовардҳои бузурги устод Лоиқ барои адабиёти муосири тоҷик дар сатҳу сифати нав эҳё кардани шаклу жанрҳои классикӣ дар шеъри навини мост. Албатта, ғазалу рубоиву дубайтӣ то Лоиқ низ дар эҷодиёти шоирони даврони шӯравии тоҷик роиҷ буданд ва шоирони бузургамон кӯшидаанд, ки ба онҳо мавзӯъ ва тобишҳои мазмунии нав ворид бикунанд. Масалан, устод Лоҳутӣ ғазалро бо мавзӯъҳои инқилобиву сиёсӣ ғанӣ гардонид, устод Турсунзода, ки замоне алайҳи корбасти ғазал дар даврони нав садо баланд карда буд, дар авохири умр дар мавзӯъҳои анъанавии ин жанр ғазалҳои хубу марғуб навишт.
Устод Лоиқ ҳадду ҳудуди доираи мавзӯъҳои ғазалро куллан аз байн бардошта, дар мавзӯъҳои сиёсиву иҷтимоӣ, ошиқонаву маишӣ, ҳасбиҳоливу рӯзмарра ғазалҳои баландпоя гуфт. Маҳз ба шарофати ғазалиёти Лоиқ ин жанр дар сатҳу сифати дигар эҳё гардида, дар эҷодиёти шоирони охири қарни 20-ум ба маъмултарин шакли шеърӣ табдил ёфт. Лоиқ бо ғазалиёти худ, хусусан бо ғазалҳои китоби «Фарёди бефарёдрас», ба таври равшану возеҳ ва қотеъона исбот намуд, ки дар замони мо низ дар тамоми мавзӯъҳо метавон ғазали ноб гуфт ва барои ин танҳо ҳунари асили шоирӣ лозим аст. На танҳо ғазал, инчунин жанрҳои рубоиву дубайтиро низ Лоиқ умри дубора ато кард ва онҳо имрӯз дар эҷодиёти аксари шоирони мо маъмул гардиданд. Маҳз зери таъсири «Ҷоми Хайём» ва «Резаборон»-и устод Лоиқ ҳамнаслони ӯ ва ҷавоншоирони охири асри 20-ум ба рубоиву дубайтӣ бо ҷиддият рӯ оварданд. Лоиқ бо эҷодиёти худ ба субут расонд, ки агар ҳунари шоирӣ ҳаст, дар кадом шаклу жанре бошад, метавон сухани ноб гуфт ва жанрҳои анъанавии адабиёти мо ҳамеша қобили истифода ҳастанд.
Мероси устод Лоиқ беандоза фарогир аст ва тақрибан тамоми ҷиҳатҳо, лаҳзаҳо, пастиву баландиҳо, печутобу динамикаи зиндагии ҷомеа ва дар алоҳидагӣ ҳар фарди ин ҷомеаро дар бар кардааст. Ғаму шодӣ, ҳаяҷону изтироб, дарду алам, марому орзу, омолу ормони мову шумо аз гаҳвораву пистони модар то гӯру лаҳад дар ашъори Лоиқ акс андохтаанд. Дар рӯзҳои шодмонӣ, дар ҷашнҳои арӯсӣ, дар маҳфилу маҷлисҳои дӯстона Лоиқ бо шеъраш ҳамнишину ҳамсоғару ҳамсӯҳбати мову шумост, дар лаҳзаҳои ғаму мотам, дилшикастагиву лоилоҷӣ ашъори ӯ бароямон тасаллиятбахшу умедзо аст. Дар изҳори ишқ, ибрози рози муҳаббат шеъру ғазали Лоиқ беҳтарин василаест барои дилдодагон. Лоиқ бо шеъраш дар дили мардумон ҷой гирифт, ҳамнафасу ҳамдам ва ғамшарику шодишарики ҳар фарди дилогоҳ шуд, шоири ормонҳои миллат гардид.
Кӯшишу заҳматҳои устод Лоиқ дар роҳи поксозӣ ва ғанигардонии забони тоҷикӣ, мақому манзалати шоиста гирифтани он дар ҷомеаи Тоҷикистон, зиндаву маъмул нигаҳ доштани лафзи тоҷикӣ дар маҳалҳои тоҷикнишини ҷумҳуриҳои дигар (хоса шеъри «Дар Бухорою Самарқанд») аз касе пӯшида нест. Хусусан дар 10-15 соли охири умраш устод дар масъалаҳои ҳастии миллат ва забон ҳам дар шеър ва ҳам дар мақолаҳову мусоҳибаҳояш ҷонсӯзона ибрози назар мекард. Забони шеъри ӯ, агар аз дидгоҳи таҳқиқ бингарем, худ як марҳилаи сифатан тозаест дар татаввуру такомули забони адабии тоҷикӣ. Омӯзиши пайвастаи ӯ аз забони адабиёти гузашта, аз лаҳҷаву гӯишҳои мардум, аз луғатномаву фарҳангҳо аз як тараф ва дар заминаи дониши амиқ, завқи баланд ва ҳисси нозук сохтани таркибу таъбирҳо, аз ҷониби дигар, забони ашъори Лоиқро хеле ғанӣ ва ҷаззоб, хоно ва гӯё гардонидаанд.
Ин як шохаи хизмати Лоиқ дар соҳаи забон бошад, шохаи дигари пайкори ӯ дар кори ҷамъиятиву фарҳангии ҳамарӯза дар тӯли тамоми фаъолияти эҷодиёташ зоҳир мешуд. Тақрибан дар ҳар маҳфилу маҷлис, нишастҳои дӯстона ва мубоҳисаву мунозараҳо устод аз ғализу олуда шудани забони адабӣ, гуфтугӯи мардум, аз бепарвоии зимомдорони соҳа нисбат ба тақдири забон бо дарду алам ва гоҳ хеле тунду шӯрида сухан мегуфт (намунааш дуои ӯ дар шеъри «Забонгумкарда» аст: Заҳр бодо шири модар бар касе, к-ӯ забони модарӣ гум кардааст).
Охири солҳои 80-и асри гузашта, вақте ки маъракаи умумимардумӣ барои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ авҷ гирифт ва хусусан зиёиёни миллӣ дар ин ҷабҳа хеле фаъол шуданд, устод Лоиқро рӯҳу тавони нав дамид. Соли 1989, баробари қабули Қонуни РСС Тоҷикистон «Дар бораи забон» ва таъсиси Бунёди забони тоҷикӣ, устод аз сармуҳарририи маҷаллаи «Садои Шарқ» даст кашида, сарварии ин Бунёдро пазируфт ва бо дили гарму нақшаҳои бузург оид ба амали забони тоҷикӣ ба фаъолият камар баст. Мутаассифона, воқеаҳои маълуми ибтидои солҳои 90 имкон надоданд, ки устод дар ин самт пурсамар фаъолият дошта бошад. Бо вуҷуди ин ҷаҳду талошҳои Лоиқ ва ҳамсафону шогирдонаш барои тозагӣ ва ғанигардонии забони тоҷикӣ ва мақому мартабаи хос пайдо кардани он дар ҷомеаи Тоҷикистон самараҳои хуб доданд, дар ду-се даҳсолаи охир забони шеъри мо сифатан беҳтар шуд, масъулияти мардум барои забон боло рафт, ки дар ин кор саҳми шеъри Лоиқ ва намунаи шахсияти адабиву фарҳангии вай хеле бузург аст.
Устод Лоиқ дар шеъри тоҷикии охири қарни 20-ум чунон таъсир гузошт, ки аксари шоирони аз солҳои 70 ин ҷониб, дониста ё ғайриихтиёр, аз ӯ пайравӣ кардаанд: дар истифода аз унсурҳои шаклии шеър, дар мазмуну маъниофарӣ, дар корбурди таркибу таъбирҳо ва ҳоказо. Ба ин маънӣ ӯ соҳибмактаб ва инондори солимтарин ҷараёни татаввури шеъри тоҷикии охири садаи 20-ум маҳсуб меёбад ва ин мактабу ҷараён имрӯз низ равнақ дорад.
Ниҳоят, устод Лоиқ аз ибтидо то интиҳои фаъолияти эҷодиаш парчамбардори бузургтарин ғояҳои миллӣ буд. Лоиқ ҳам бо сухан ва ҳам бо чеҳраи адабиву фарҳангии худ, беш ва пеш аз ҳама, ба адибон, умуман ба зиёиёни тоҷик ҷуръат ва шуҷоати миллӣ, адабӣ ва гражданиро талқин намуд. Шуҷоати адабие, ки Лоиқ дошт, як падидаи воқеан камназирест, ки шояд худи устод хизматашро дар ин ҷода то охир эҳсос накарда бошад. Вақте ки ӯ дар мавзӯи миллат, ғуруру ифтихори миллӣ сухан мегуфт ё шеър мехонд, гӯё оташе, ки дар дил дошт, ба забонаш меомад, сухану шеъраш ба дилҳо гармиву ба ақлҳо равшанӣ эҳдо мекард. Ғуруру ифтихори миллӣ, омодагӣ ба сарсупорӣ дар роҳи саодати миллат аз оғоз то анҷоми эҷодиёти шоир чун хати сурх равшану пурҷило мегузарад. Хизмати устод Лоиқро дар бедориву худогоҳии миллӣ ва васеътар аз ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш дар яке аз мулоқотҳо бо зиёиёни кишвар 20 марти соли 2001 ба таври зайл ифода карда буд: «Аз нимаи солҳои шастум адабиёти моро ҷустуҷӯҳои нави эстетикӣ, рӯҳияи худогоҳӣ, талқини ҳофизаи таърихии халқ, хусусан арзишҳои маънавӣ сар то по фаро гирифт. Ба адабиёт рӯҳи нав дамид. Дар ин миён лозим медонам хизматҳои пурарзиши шодравон Лоиқ Шералиро дар талқини шуҷоати адабӣ, рӯҳи миллӣ ва ватандорӣ, ситоиши модар ва забони модарӣ, эҳёи бисёр суннатҳои шеъри оламгири мо бо сипосу эҳтироми хоса ёдовар шавам».
Мо дар ин пешгуфтор аз таҳлили шеърҳои ҷудогона, аз овардани иқтибосу мисолҳо қасдан худдорӣ кардем, то хонанда худ шеърҳоро бихонаду ба завқ ояд, лаззат барад ва дурустӣ ё нодурустии нуқтаҳои баёнкардаи моро низ ба қазовати хонанда ҳавола мекунем.
Муаллиф Абдураҳмони Абдуманнон
Манбаъ: Саҳифаи Адибони тоҷик
ва дӯстдорони адаби Фейсбук