Саидризо Ализода аввалин муаллифи адабиёти таълимӣ ба забонҳои тоҷикӣ баъд аз Инқилоби Октябр мебошад. "Дабистони тоҷик", "Китоби нахустин" (1920), "Сарфу наҳви тоҷикӣ", "Маданияти ислом", "Саодатнома" (1926) аз ҷумлаи онҳоянд...
Англисҳо барои сари Саидризо Ализода 50000 фунт стерлинг муқаррар намуда буданд. Амири Бухоро низ ӯро куштан мехост. Баъдан зимомдорони давлати шӯравӣ ӯро бо гумони "ҷосуси империализми ҷаҳонӣ" дар маҳбас ба қатл расониданд.
Таърихи матбуоти тоҷик аз рӯзҳои аввали дар майдони сухан арзи вуҷуд намуданаш пур аз муаммову кушторҳои фаҷеь будааст. Тақдири асосгузорони он - Садриддин Айнӣ, Беҳбудӣ, Абдурауфи Фитрат ва бисёри дигар шоҳидони гӯёи воқеоти он солҳо мебошад. Қиссаи мо аз сарнавишти талхи яке аз онҳост.
Самарқанди аввали асри бист. Гузари Чорсу. Солиёни дароз ба яке аз ҳавлиҳои он ҳиндуву эронӣ, русу тотор ва ғайра даробаро мекарданд. Меҳмонҳои миллатҳои гуногунро донишу фазл, меҳмондорию тараққихоҳӣ ва забондонии соҳиби хона Мирмаъсум Ализода ҷалбу мафтун карда буд ва онҳо аз ҳар сафари худ барои ӯ китобу маҷаллаву рӯзнома дастовез меоварданд. "Ҳаблулматин", "Тарҷумон", "Чеҳранамо", "Вақт" ва "Шӯро" мавриди қироату баҳси аҳли нишаст буд.
Мирмаъсуми косиб забонҳои арабӣ, туркӣ, ҳиндуро хуб медонист ва писараш Саидризо Ализодаро аз забони арабиву улуми динӣ бархӯрдор намуда, пасон ба мактаби Абулқосими тараққипарвар медиҳад. Ба шаҳодати шодравон Раҳим Ҳошим, ки хеши наздики хонадони Ализода буд, Саидризои навҷавон дар гузари худ мактаби ҷадид мекушояд ва бо амри ҳукуматдорони рус амири Бухоро соли 1912 онро мебандад.
Дар манбаъҳои расмии ба мо маълум омада, ки Саидризо то Инқилоби Октябр дар корхонаи падараш ба бофандагӣ машғул будааст. Агар ӯ ҳамаи ин муддат ба бофандагӣ, ки заҳмати тоқатшикан буд, машғул мешуд, пас забонҳои русӣ, фаронсавӣ, арманӣ, туркӣ, тоторӣ, арабӣ, ҳиндӣ, ҷамъ 12 забонро кай ва дар куҷо меомӯхт?
Раҳим Ҳошим нақл кардааст, ки боре Мирмаъсум ӯву Саидризои хурдсолро ба Озарбойҷон ба хонаи хеши давлатманду бомаърифаташон, яке аз роҳбарони ширкати калонтарини нафти Боку Зайналобиддини Тагӣ бурдааст. Саидризо бо ҳидояти Тагӣ ба омӯзиши забони фаронсавӣ машғул мешавад. Баъдан ба эҳтироми ӯ номи нахустписарашро Тагӣ мегузорад.
Хонаи худи Саидризо Ализода низ баъдҳо ҳамчун маҳфилгаҳи илмиву адабии Самарқанд шӯҳрат дошт ва Садриддин Айнӣ, Туғрал, Чулпон, Абдурауф Фитрат, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдулқосими Лоҳутӣ, Ҳоҷӣ Абдулазиз, Тӯрақул Зеҳнӣ ба он ҷо равуо доштанд. Ҳамсари устод Лоҳутӣ - Ситсилиябону ёдовар шуда, ки забони тоҷикиро дар ҳавлии Саидризо Ализода омӯхтааст.
Саидризо Ализода солҳои 1919-1921 ҳам котиби Кумитаи ҳизбии ноҳияи Боғишамоли Самарқанд буд ва ҳам муҳарририи маҷаллаи "Шӯълаи инқилоб"-ро ба ӯҳда дошт. "Шӯълаи инқилоб" бо мақолаҳои ҷанбаи маърифатӣ ва ошкоркунанда доштааш чашми оммаи меҳнаткашро ба авзои Осиёи Миёнаву Қафқоз, Русияву Туркия ва дар маҷмӯъ ба авзои ҷаҳон боз намуд. Ҳамин вақт буд, ки англисҳо барои сари ӯ 50000 фунт стерлинг нарх гузоштанд. Дар натиҷаи ин сӯиқасд яке аз дӯстони Саидризо Ализода, олими эронӣ Зей Муҳаммад ваҳшиёна кушта шуд. Дар ҳамин маҷаллаи "Шӯълаи инқилоб" устод Садриддин Айнӣ ҳамчун публитсисти шӯълавар ба камол расид. Дар омади гап бояд гуфт, ки баъд аз ҳиҷрати устод Айнӣ аз Бухоро ба Самарқанд Саидризо Ализода ҳамеша ба ӯ кӯмакҳои моддӣ ва маънавӣ расонидааст.
Саидризо Ализода аввалин муаллифи адабиёти таълимӣ ба забонҳои тоҷикӣ баъд аз Инқилоби Октябр мебошад. "Дабистони тоҷик", "Китоби нахустин" (1920), "Сарфу наҳви тоҷикӣ", "Маданияти ислом", "Саодатнома" (1926) аз ҷумлаи онҳоянд. Ҳамчунин, дар соли 1926 асари Е. Э. Бертелс - "Мовароуннаҳр"-ро ба забонҳои форсӣ-тоҷикӣ, туркӣ ва урду тарҷума намуда, дар Лоҳури Покистон ба чоп мерасонад. Ба шаҳодати хешовандонаш, ӯ бо хоҳиши як дӯсти фаронсавиаш порае аз "Қуръон"-ро низ ба фаронсавӣ тарҷума карда буд. Тарҷумаи асари В. И. Ленин - "Инқилоб ба мардум чӣ дод?", ки дар шумораи аввали "Шӯълаи инқилоб" ба чоп расидааст, ба қалами ӯ тааллуқ дорад.
Амири Бухоро низ ҳукми қатли ӯро бароварда буд. Ҷаллодони амир ӯро дастгир карда натавонистанд ва ҳаммаслакаш муфтӣ Мидҳатхоҷаи Беҳбудиро дар Қаршӣ дар соли 1919 ба дор кашиданд. Саидризо Ализода аз марги фоҷиабори дӯсташ бохабар шуда, бо ҳамдастии устод Айнӣ марсияи пурсӯзу гудоз менависад.
Ализода аз нимаи дуввуми солҳои бистум то охири солҳои сиюм ба таълифи китобу тарҷумаи осори адибони ҷаҳон ва тадрис дар мактабҳои олии Самарқанд машғул мешавад.
Бори охирин Саидризо Ализода соли 1936 бо ҷурми забондониаш (гӯё гумоштаи империализми ҷаҳонӣ бошад) гирифтори таъқиб ва шиканҷаи НКВД-и шӯравӣ мегардад, ки дар натиҷаи он дар соли 1945 (дар маъхазҳои даврони шӯравӣ соли 1938 нишон дода шудааст) баъд аз маҳрумияти 8-сола дар зиндонҳои Самарқанду Тошканду Тоболск, риштаи умраш дар зиндони шаҳри Владимири Русия канда мешавад. Дар давоми ҳашт сол Ализода ба номи сарварони Ҳукумати Шӯравӣ зиёда аз 400 нома менависад, ки ҳамааш беҷавоб мондааст.
Ҳамон сол фарзанди Саидризо Ализода - Тагӣ ва домодаш, нависандаву тарҷумон Ҳасан Ирфонро низ муддате ҳабс карда буданд.
Бади 32 соли марги ӯ яке аз наберагонаш - Фарҳод Ализода дар ҷустуҷӯйи қабри бобояш то ба маҳбаси шаҳри Владимир мерасад. Он ҷо сардори ҳамонвақтаи маҳбас Ривинскийро меёбад ва ин шахс ба Фарҳод нақл кардааст, ки дар муқоваи парвандаи Саидризо Ализода аломати хитоб гузошта буданд ва ин маънои маҳбуси хеле хатарнокро дошт. Бо вуҷуди ин, дар байни онҳо алоқаи дӯстӣ барқарор мегардад ва Ализода ба Ривинский забони ибриро меомӯзонад. Одатан маҳбусонро баъд аз иҷрои ҳукми қатл якҷоя дар хандақҳо хокпӯш мекарданд. Вале Ривинский ҷасади Саидризо Ализодаро алоҳида мегӯронад ва дар болои қабраш тахтасанге бо навиштаҷот мегузорад. Ӯ то вохӯрӣ бо Фарҳод нигоҳубини қабрро ба ӯҳда доштааст.
Соли 1986 Фарҳод Ализода устухонҳои бобояшро ба Самарқанд оварда, ҷаноза мекунад ва бо тантана ба хок месупорад. Ҳамон сол дар шаҳри Самарқанд як кӯча ва як мактабро ба номи Саидризо Ализода мегузоранд. Қабри ӯ ҳоло зиёратгоҳи мардум ва ҳамеша гулпӯш аст.
Ҷумҳур Ҷаъфарови Самарқандӣ,
«Самак»
Ҳамчуноне ишора рафт, ин матлаб аввал дар нашрияи “Самак” интишор ёфтааст ва баъдан огнро адиби тоҷики муқими Русия Ҳабиб сайид дар Фейсбук корид, ки миёни корбарони ин шабакаи иҷтимоӣ баҳси гармеро ба бор овард.
Аз баҳси ду рӯзи аввали он чанд иқтибосро лозим донистем ин ҷо орем.
Латиф Хадязода, рӯзноманигор ва пажуҳишгари тоҷик: Ин маводи хеле омузандаю муфидро бо иловаҳо ва аксҳо дар шакли ҷузва ё китоб бояд чоп кунед. Аз китобҳойи ӯ бояд устод Исрофилниё кор бигиранд. Мана мавзуъи хеле ҷолиби кори илмӣ, ки бо пайвастаги ба зиндагии Айнӣ (дар Самарқанд), Ҳасан Ирфон ва дигар фидоиёни фарҳангу маърифат сурат бигирад. Ман замони мактабхонӣ "Ду ёр аз ду диёр" ном китоби Ҳ. Ирфонро хонда будам. Фоҷиайи зиндагии Абдуқодир Муҳиддинов низ то охир норавшан аст, дар куҷо чӣ гуна қатл шуда ва ғайра, шояд дар ин авохир коре сурат гирифта, хабар надорам, Ҳар ки хабаре дорад дар фейсбук коред, шод хоҳем шуд.
Дилафрӯз Қурбонӣ, рӯзноманигор: Бисёр дилрешкунанда ва ҳамзамон хеле омузанда. Ба фарзандонам бо овози баланд хондам. Хеле мутаассир шуданд.
Давлатмурод Ҷумъаев: Аз замоне чархи гардун гирдгардон будааст,
Меҳани озодихоҳон кунҷи зиндон будааст.
Зоҳир Садуллоев, пажуҳишгар: Алҳол ман дар Госархиви шаҳри Красногорск дар ҳамин мавзуъ тадқиқот бурда истодаам. Ном гирифтани Ғуломризо Баҳор,(оҳангсоз, ҳунарпеша, режиссёр, овозхон), Рашид Абдулло (филмноманавис), Қосим Зулфиқоров (падари Темур Зулфиқоров), ки қурбони туҳмату буҳтон шуда буданд, кофист. Рӯзгори ин сарсупурдаҳои миллат то ҳол зери парда аст...
Иршод Сулаймонӣ, таҳлилгар ва рӯзноманигор: Устоди равоншод Пайванди Гулмуродзода тадқиқоте дар заминаи зиндагӣ ва кору пайкори Сайидризо Ализода анҷом дода буданд ва қисме аз онро дар китобе бо номи "Маслаки мо ҳақ" нашр намуда буданд. Дареғ ки марг амон надод, ки шоҳид корҳои бузургтарашон бошем.
Обид Шакурзода, пажуҳишгари тоҷик: Худо раҳмат кунад, Саййидризо Ализодаи шаҳидро, эшон бо ибтикори шахсӣ ва бо ҳазинаи худ маҷаллаи "Шуълаи инқилоб"-ро таъсис дода буданд, ин нашрияи пурфурӯғ то 91 шумора, то он даме ки устод Ализода тавони молии нашрашро доштанд, ба табъ расид. "Шуълаи инқилоб" дар ҳамон давра баройи қавми мо -- тоҷикон, ШОҲНОМА -и Ҳакимм Фирдавсӣ ва ё ТОҶИКОН-и академик Бобоҷон Ғафуровро мемонд. Ёдат ба хайр, эй қаҳрамони мо, ки чун Ҳабиби Юсуфӣ дар лаб номи ВАТАН ҷон нисор кардӣ...