Ва ё шарҳи он ки чи тавр бархе қаламбадастони мо волидонашонро ба дунё овардаанд
Бархе аз қаламбадастони тоҷик зоҳиран маънои вожаҳои содаи «авлод» ва «аҷдод»-ро намефаҳманд ва гоҳе онҳоро ба ҷои якдигар истифода мекунанд. Ин амр фаротар аз саҳву иштибоҳ аст ва бояд бесаводӣ унвон бишавад. Ба ҷумлаҳои зер таваҷҷуҳ фармоед:
«Империяи сохтаи Чингиз ду аср устувор монд. Аҷдодони ў амали вайро идома доданд, махсусан Ботухон ва Хубилай…» ( Фараж, 2 апрели 2009, № 13)
«Аммо соҳибкори маҳаллӣ…. ба умеди тараҳҳуми сафорати Ирон нашуда, ба умеди шафоати рўҳи ин аҷдоди паёмбари акрам Муҳаммади Мустафо салаллоҳу алайҳи вассалам даст ба таъмиру тармим ва азнавсозии қисматҳои алоҳидаи марқади алломаи бузурги машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шудааст». (Тоҷикистон, 6 феврали 2012, № 6)
«… Ҳатто имрўз академикҳои мо бо кароҳат аз авлоди худ ёд мекунанд, чӣ расад ба авомуннос. (СССР, № 24, 11 июни соли 2009).
«Мирзоҷон, мана ягон авлодам дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор намекард ва намекунад. Ман ба ҳамин Ҳукумати ҷоноҷони мегуфтагиатон ягон ғарази шахсиву авлодӣ надорам» (Нигоҳ, 4-уми марти 2010, № 50 ).
Чун медонем, ки Ботухон ва Ҳубилай набера ва абераи Чингизхони хунхор ҳастанд, пас инро ҳам медонем, ки хабарнигор «аҷдод»-ро, ки ҷамъи «ҷад» (бобо) - арабист ба ҷойи «авлод», ки низ ҷамъи «валад» (писар)-и арабист истифода кардааст.
Бино ба «мантиқ»- и муаллифи ҷумлаи дувум Алии Ҳамадонӣ, ки дар қарни 12 зиста, бобоҳои (!?) Паёмари ислом (с) аст, ки панҷ қарн пештар аз ў умр ба сар бурдааст.
Ҷумлаи севум аз мақолаест, ки адами иттилоъ ва ифтихор аз гузаштаро ба баҳс кашида ва дар он низ «авлод» балади «аҷдод» истифода шудааст.
Ба хусус истифодаи «авлод» ба ивази «аҷдод» интишори фаровон дорад. Ҳатто як нафар аз профессорони риштаи забони арабӣ аз тариқи телевизион лоф зада буд: «ман ифтихор мекунам, ки Абўалии Сино авлоди ман аст», гўӣ Бўалиро духтари ў зодааст ва гўӣ ин қаламбадастони бесавод падару модарашонро ба дунё овардаанд.
Дар забони гуфтор ҳам истеъмоли «авлод» ба маънои зодагони як хонадон («род»-и русӣ) ғалати машҳур шудааст ва бархе аз аҳли қалам низ аз ин хатои ом пайравӣ мекунанд. Дар ин маврид беҳтар аст ба ҷойи авлод аз вожаҳои дигар, масалан, гузаштагон, падару бобоён, аслоф, хонадон ва ғайра истифода карда шавад.
Абдуқодири Рустам