То замоне, ки Деҳхудо зинда буд, 4200 сафҳа аз «Луғатнома» таҳия шуда буд, дар ҳоле, ки «Луғатномае», ки имрӯз вуҷуд дорад, дар 50 ҷилд ва 26 ҳазор сафҳа ба чоп расидаст. Ишқи ҷонсӯз ба забону фарҳанги миҳан, дониши фароху жарф ва огаҳии тамом аз рухдодҳову таҳаввулоти айём авомили аслие дар такомули шахсияти бемонанди Деҳхудо буданд.
Алиакбари Деҳхудо рӯзноманигор, нависанда, танзпардоз, мутарҷим, муҳаққиқ ва шоири адаби порсист. Дар Теҳрон ба дунё омад (1880); нуҳсола буд, ки падараш даргузашт ва тарбияи ӯву се фарзанди дигари хонавода дӯшбори модар шуд. Мароҳили ибтидоии форсию арабӣ ва дарсҳои дигарро дар мактабхонаҳои қадим ҳамроҳ бо усули фиқҳу сарфу наҳви арабӣ ва каломи исломӣ фаро гирифт. Аз роҳнамоиҳои руҳонии таҷаддухоҳ Шайх Ҳодии Наҷмободӣ низ бархурдор гашт. Сипас, ба Теҳрон омад ва пас аз таҳсилот дар мадрасаи навтаъсиси сиёсӣ дар вазорати хориҷа ба кор пардохт. Он гоҳ ҳамчун муншии вазири мухтори Эрон дар кишварҳои Балкан (шомили Булғористон, Югославия, Руминия, Юнон, Албания ва қисмате аз Австрия) ба Вена рафт. Дар зарфи беш аз ду соли иқомат дар Вена ва Бухарест бо низоми давлатдорӣ, пешрафтҳои иқтисодию ҳунарию илмии Аврупо аз наздик ошно шуд ва низ маълумоти худро дар забони фаронсавӣ такмил намуд. Пас аз бозгашт аз Аврупо ба унвони мутарҷими муҳандисони белжикӣ дар умури роҳсозии устони Хуросон кор кард.
Айёми бозгашташ аз Аврупо (соли 1906) дар Эрон ҷунбиши Машрутахоҳӣ ба авҷ мерасид. Деҳхудо ба гурӯҳи ҷонибдорони машрутаву озодихоҳон гароида, ҳамзамон узви ҳайати таҳририяи рӯзномаи «Сури Исрофил» шуд. «Сури Исрофил» ба кӯшиши Мирзо Қосимхони Табрезӣ ва Мирзо Ҷаҳонгирхони Шерозӣ ба нашр мерасид (1907 – 08; танҳо 32 шуморааш аз чоп баромад) ва аз ҷаридаҳои маъруфу муҳимми садри машрутият буд. Деҳхудо ҳамчун рӯзноманигор ва адиб бо шуҷоъату ҷасорати тамом ҳама фасоди иҷтимоию сиёсии он рӯзгорро бо равиши танз дар мақолоти хеш бозтоб мекард. Дар зимн, ӯ яке аз бунёдгузорони танз дар Эрон шумурда мешавад. Мақолоти танзомезу нешдоре, ки бо унвони «Чаранду паранд» ва бо номи мустаъори Даху (мухаффафи «деҳхудо») дар ин рӯзнома мунташир мекард, сабаби шуҳрати фавқулодаи нашрияву нависандаи он шуд. Нигоштаҳои Деҳхудо оташ дар ҷони мустабиддону дарбориён меандохт. Сабки нигориши «Чаранду паранд» дар адабиёти форсӣ бесобиқа буд ва мактаби наверо дар олами рӯзноманигории Эрон ва насри муосири форсӣ падид овард.
Пас аз табаддулоти давлатии Муҳаммадалишоҳи Қоҷор (1907–09) ва баста шудани Маҷлиси Миллии Эрон баъзе аз машрутахоҳон, аз ҷумла Мирзо Ҷаҳонгирхон, эъдом шуданд, дар қатори чанд нашрия рӯзномаи «Сури Исрофил» низ баста шуд.
Деҳхудо аз бими интиқоми дарбору руҳонияти иртиҷоӣ бо чанде аз машрутахоҳони маъруф ба намояндагии дипломатии Бритониё дар Теҳрон паноҳ бурд ва баъдан ба Порис рафта, муддати якуним сол дар он ҷо монд. Ин табъид аз пурҳаяҷонтарин давраҳои зиндагияш буд. Маъмурони ҳукумат аз таъқиби хешовандону ҷонибдоронаш даст намебардоштанд, Деҳхудо худ аз афсурдагию фақр ранҷ мебурд. Ҳамроҳ бо Мирзо Қосимхони Табрезӣ ва Абулҳасани Пирниё дар Порис ва сипас дар шаҳри Ивердони Швейдсария (соли 1909) кӯшид, ки рӯзномаи «Сури Исрофил»-ро дар табъид чоп кунад. Аммо танҳо имкони нашри се шумораи он даст дод. Деҳхудо саранҷом ба Истанбул рафт ва сардабирии рӯзномаи ҳафтагие ба номи «Суруш»-ро, ки ношири осору раъйи машрутахоҳон буд, бар уҳда гирифт. Аммо пас аз 14 шумора ин нашрия варшикаст шуд. Баъд аз сарнагунии ҳукумати Муҳаммадалишоҳ ва барқарории фаъолияти Маҷлиси Миллӣ мардуми Теҳрону Кирмон Деҳхудоро намоянди Маҷлиси Миллӣ интихоб намуданд ва ӯ дубора ба Эрон бозгашт.
Деҳхудо дар дуроҳа: фарҳанг ё сиёсат?
Дар солҳои Ҷанги ҷаҳонии аввал (1914–17), ки Эрон ба ишғоли Бритониёву Русия даромад (1914), Деҳхудо дар муддати ду солу ҳашт моҳ дар яке аз деҳоти дурдаст, дар миёни кӯчиён пинҳону гӯшанишин шуд ва дар ҳамон ҷо таҳияи ду шоҳкори хеш – «Амсолу ҳикам» ва «Луғатномаи Деҳхудо»-ро поярезӣ кард. Пас аз поёни ҷанг ба Теҳрон бозгашт ва аз корҳои сиёсӣ канора гирифта, ба корҳои адабию фарҳангӣ машғул гардид. Ҳарчанд бархе аз навиштаҳои ӯ дар рӯзномаҳои «Эрон», «Офтоб», «Пайкор» ва «Шуро» интишор ёфт, аммо Деҳхудо бисёр зуд ба пажӯҳишҳои адабӣ рӯй оварда, яксара ба таълифи «Луғатнома» пардохт.
Соли 1946 дар нахустуин Кунгураи нависандагони Эрон ӯ ҷузъи ҳайати раиса буд ва дар оғози соли 1951 нахустин Ҷамъияти мубориза бо бесаводиро дар Эрон шахсан, бидуни ёрмандии давлат, таъсис кард. Ҳамзамон бо наҳзати миллӣ шудани нафт (ҳудуан соли 1950) дубора ба арсаи сиёсат ворид шуд ва бо гуфтору навиштори худ ба дифоъ аз ҳукмати миллии нахуствазир Муҳаммади Мусаддиқ пардохт, ки баъдан пас аз табаддулоти соли 1954 ва сарнагунии Мусаддиқ мавриди бозпурсиҳои ноҳинҷор қарор гирифт.
Деҳхудо – шоир
Деҳхудо гарчӣ бо ҷиддият ба шеър напардохт, аммо шоире тавоно буд. Дар қолибҳои мухталифи шеъри форсӣ (маснавӣ, ғазал, мусаммат, қитъа, дубайтӣ ва рубоӣ) ашъори ҷиддию мутоибатомез сурудааст. Ӯ бархе аз ашъорашро дар рӯзномаи «Сури Исрофил» ва маҷаллаҳое, аз ҷумла «Меҳр» ва «Яғмо» ба чоп расонда буд ва ашъори парокандаи вай пас аз маргаш гирдоварӣ шуд. Мазмуну мавзуъҳои ашъори Деҳхудо ватанпарастӣ, додхоҳӣ, русво кардани золимону ҳокимони нолоиқ ва мубориза бо риёкорию дурӯягист. Яке аз вижагиҳои шеъри Деҳхудо танзи талху газандаи ӯст, ки бо таҳлили қавию саршораш ҳамроҳ мешавад. Мусаммати «Эй мурғи саҳар!», ки шоир худ онро «Васиятномаи дӯсти ягонаи ман ё ҳадяи бародаре бевафо ба пешгоҳи он руҳи ақдаси аъло» хонда аст, машҳуртарин шеъри ӯст. Аммо сӯгнома будани шеър аз ҳадди он «дӯсти ягона» (Мирзо Ҷаҳонгирхони Шерозӣ) фаротар меравад ва онро ба маромномаи ормонхоҳони давраи машрута табдил мекунад. Ин шеър ба давраи нахусти шоирии Деҳхудо марбут аст ва бисёре аз адибони муосир онро нахустин намунаи шеъри нав ба шумор меоваранд.
Дар пиллайи сухани баланд: «Амсолу ҳикам»
Деҳхудо бо он нубуғи фавқулоддааш дар зиндагӣ як бурди дигар низ дошт. Ба фарз, агар бархе аз нобиғагони илму адаби форсӣ ҳамчун Фирдавсӣ, Шайхурраиси Сино, Носири Хусрав, Аттор, Мавлоно, ки ё мақҳури ҳокимон ё дар таъқибу пайгарди сиёсӣ ва ё дур аз даргоҳи фисқу фуҷури шоҳӣ буданд, вале бурди Деҳхудо дар он буд, ки ҳукумати давр ибтикору шойистакориҳояшро истиқбол намуда, барояш роҳи мусоъиди кору эҷод ҳамвор сохт. Аз ҷумла солҳои 1930–33 нахустин асари таҳқиқии ӯ – «Амсолу ҳикам»-ро дар чаҳор ҷилд (2706 сафҳа матн ва 180 сафҳа феҳрист) Вазорати маориф кишвар дар Теҳрон бо сармояи худ мунташир кард. Дар ин китоб қариб 30 ҳазор мадхал (унвони масал) ҳамроҳ бо ҳудудан 10 ҳазор унвони муродифу назир барои мадхалҳо (шомили масалу ҳикмат ва кинояву истилоҳ) ва ҳудуди 12 ҳазор истиноду истишҳод (мисоли шоҳид) ба ашъори шоирон ё навиштаи нависандагони муътабари форсӣ гирд омадааст. Дар гирдоварии ин китоб аз ёрии бархе шогирдону дӯстони худ, аз ҷумла Ғуломалии Раъдии Озарахшӣ баҳра гирифт. Содиқи Ҳидоят, ки худ маҷмуае дар ҳудуди дусад сафҳа дар мавзуи амсолу ҳикам гирд оварда буд, онро дар ихтиёри Деҳхудо гузорд. Деҳхудо амсолро аз гуфтаҳои мардум ва он чӣ шоирону нависандагони форсӣ ба онҳо тамсил ҷустаанд, фароҳам кардааст. Интишори «Амсолу ҳикам» дар ҷомеъаи адабии Эрон ва дар ҷаҳони порсигӯён як ҳодисаи дурахшони адабӣ баҳо гирифт.
Деҳхудо ба пайравӣ аз расму шеваи шоирону нависандагони қадими Эрон зарбулмасалҳоро на ба сурате, ки дар забони мардум буда, балки ба сурате, ки дар китобҳову девонҳо омада нақл кардааст. Ба таъбири дигар, ӯ ба гуфтаи китобҳо арҷ гузоштааст, на аз суханҳои коставу омиёнаи кӯчаву бозор!
Деҳхудо дар «Амсолу ҳикам» беш аз ҳазор иборати арабӣ овардааст, ки бештари оёти Қуръон ва аҳодиси набавӣ ва калимоти мансуб ба имомону авлиёи машҳур аст. Ӯ дар китоби худ 45 ҳазор байт аз шоъирони классик (аз ҷумла 5 ҳазор байт аз Фирдавсӣ, 4 ҳазор байт аз Саъдӣ, 2 ҳазору 500 байт аз Низомӣ, 2 ҳазору 500 байт аз Асадийи Тӯсӣ, 2500 байт аз Ҳазрати Мавлоно) овардааст. Бештари ин байтҳо шаклҳойи гуногуни як зарбулмасал аст, ки ҳар шоире ба салиқаи худ ва бо баёне хосс ба назм даровардааст.
«Луғатномаи Деҳхудо»
Танҳо «Амсолу ҳикам» кофӣ буд, ки ба Деҳхудо дар забону адаби порсӣ ҷовидонагӣ бахшад. Аммо Деҳхудо дар худ набуд, ӯро шавқу ишқу илҳоми ҷонгудоз аз мулки ҳикмату тамсил ба олами розу асрори сухан раҳнамун мекард. Деҳхудо ҳайбату ҳайкали сарзамини муъаззами худро бо вусъати азими ободиҳои бемонандаш, бо таҷаллийи нодири зебоиҳояш, бо номдорони донишписанду донишманду донишпажӯҳаш, ки тули асрҳо гавҳари хираду маърифатро гирд кардаанду гиромӣ доштаанд ва баройи мо, баъдиниён анбошатаанд, дар дар лафзи ширини модарӣ ё худ дар забони қудсийи дарӣ медид. Деҳхудо бо вожаҳо набуд, балки вожаҳо бо ӯ буданд, ки барояш аз Эрон – кишваре қалби ҷаҳон, сарзамини озодагону родмардон, мулки шаҳрёрони бо фарри Эзадӣ, қаламрави соҳибномони корзорҳои донишу ҳунару саноъат, Эроне, ки чароғи ҳидояти башарият аст, наҷво мехонданд. Аз ин рӯ донишу истеъдоду неруи нодиру фавқулъодаи хешро дареғ надошта, бо пайкори шабонарӯзӣ саъй мекард, ки тадвини «Луғатнома»-ро ба поён оварда, порсиро бо тамоми ғановату латофату шукуҳи ҷамол туфайли ин шаҳномаи шоҳвораш дар замири қалбҳо бо ҳуруфи гавҳарин ҳакк намояд ва ба он умри пойдору шуҳрати ҷаҳонӣ бахшад, бехабар аз он ки бо ин қаҳрамонӣ исми худи ӯ низ дар радифи абармардони фарҳангу адаби порсию ҷаҳон ҷовидонӣ гашт.
Деҳхудо «Луғатнома»-ро дар тули беш аз 40 сол заҳамоти шабонарӯзияш навишт. Ин асар бо назокати таълиф ва муҳтавою ҳаҷми бузургаш чи дар адаби порсӣ ва чи дар ҷаҳон аз шоҳкорҳои беназиру бемонанд аст. Ҳудуди ниме аз китоб луғоти бо маъниву шоҳид ва ними дигари он эъломи таърихию ҷуғрофиёист. «Луғатномаи Деҳхудо» ҳовии куллия луғоти фарҳангҳои хаттию чопии форсист ва дар нақли онҳо бисёре аз ғалатҳойи гузаштагон тасҳеҳ шудааст ва бисёре аз луғоти туркӣ, муғулӣ, ҳиндӣ, арабӣ, фаронсавӣ, инглисӣ, олмонӣ, русӣ ва дигар забонҳои мутадовил дар забони форсӣ низ дар ин фарҳанг омадааст. Ҳама луғоти форсию маҳаллӣ, номи шаҳрҳову рустоҳо ва калимоти илмию шохис, ҳатто луғоти арабиро метавон дар «Луғатномаи Деҳхудо» ёфт. Дар пешорӯи ҳар калима маънои луғавии он, мавориди корбурд, тарзи талаффузи саҳеҳ, ашъоре дар робита бо он ва бисёре иттилъоти дигар дар бораи луғат қарор дорад. «Луғатномаи Деҳхудо» ҳам доиратулмаъориф аст ва ҳам китоби марҷаъи улуми гуногун ва ҳам луғатнома. Вожаи луғатномаро якумин бор Асадии Тӯсӣ дар «Луғати Фурс» ба кор бурдааст ва аллома Деҳхудо барои посдошти ӯ ин номро бар рӯйи фарҳанги худ ниҳодааст. Вуҷуди ин китоб дар ҳар хона ё китобхона ё ҷойи дигаре неъмати бузург маҳсуб мешавад. Луғатномае, ки Деҳхудо бештари умри худро сарфи он кард, аз пояи се-чаҳор милён баргаи ёддошт (фиш) бунён ёфтааст, ки Деҳхудо шабу рӯз ба ҷамъоварии онҳо машғул будааст. Ба гуфтаи худи ӯву наздиконаш вай ҳич рӯз аз кори баргабардорӣ баройи луғатнома ғофил нашуд, магар ду рӯз ба хотири фавти модараш ва ду рӯз ба хотири бемории сахте, ки дошт. Он гуна ёддошт додаанд, вай чанд милюн фиш аз рӯйи матнҳои муътабари устодони назму насри форсию арабӣ, луғатномаҳои чопию хаттӣ, китобҳои таърих, ҷуғрофиё, тибб, риёзӣ, ҳандаса, ҳайъат, ҳикмат, калом, фиқҳ ва ғайра фароҳам оварда буд. Ва низ нақл мекунанд, ки Деҳхудо бештари ёддоштҳоро аз зеҳни худ менавиштааст. Худи ӯ дар ин бора чунин ёддошт додааст: «Чӣ басо луғоти зиёдест, ки дар кутуби дигар, хусусан дар ашъор омадааст, ки мо онҳоро дар ин ҷо нақл кардаем. Вале аз сӯи дигар ҳазорон луғати форсию ғайрифорсӣ дар тадовул ба кор меравад, ки то кунун касе онҳоро гирд наёварда ба чоп нарасонида аст. Мо бисёре аз ин луғотро ба тадриҷ аз ҳофиза нақл ва сипас онҳоро алифбоӣ кардаем. Вале бояд донист, ки баройи ба хотир овардани чандин ҳазор калима ва алифбоӣ кардани он умри ҳафт каркас мебояд... Ва ин кор ба ҳич фаслу қатъе берун аз бемории саъби чандрӯза ва ду рӯзи риҳлати модарам – раҳматуллоҳи ъалайҳо, таътил нашуд. Метавонам гуфт, ки бисёре аз шабҳо низ дар хоб ва миёни навму йақза (хобу ҳушёрӣ) дар ин кор будам. Чӣ борҳо, ки дар шаб аз бистар бармехостам ва палита мекардаму чизе менавиштам».
Деҳхудо барои табъи ин асар соли 1925 бо вазорати фарҳанги кишвараш қарордоде баст ва то оғози Ҷанги ҷаҳонии дуюм бо ду навбат таҷдид, ду ҷилди онро такмилу нашр кард. Бо оғози Ҷанги ҷаҳонии дуюм интишори ин асар мутаваққиф шуд. Деҳхудо то тасвиби Қонуни Табъи «Луғатномаи Деҳхудо» аз тарафи Порлумони Эрон дар соли 1946, ба ёддоштбардорӣ аз матнҳо барои такмили маводди луғатнома машғул буд ва пас аз тасвиби он тадвину тасҳеҳу табъи асарро бо дастёрии гурӯҳе аз ҳамкорони худ оғоз кард. Соли 1324 (1946-и м.) милюнҳо фишро, ки дар таҳияи Луғатнома фароҳам карда буд, тавассути Маҷлиси Шурои Миллӣ ба миллати Эрон ҳадя кард ва Маҷлис низ қонунеро тасвиб кард, ки ин мероси азим чоп шавад ва муассисае низ ба номи ЛУҒАТНОМАИ ДЕҲХУДО барои мудирияти кори чопи луғатнома ва идомаи роҳи Деҳхудо таъсис шавад. Муддате баъд аз тасвиби тарҳи чопи Луғатнома дар Маҷлиси Шӯрои Миллии Эрон Деҳхудо аз олам даргузашт. Аз он замон ба баъд кори ҳамоҳангию мудирияти ЛУҒАНОМА ба васийяти худи Деҳхудо бар уҳдаи доктор Муҳаммади Муъин гузорда шуд. Муъин, ки худ фарди фарҳехта буд ва дар адабийёти форсӣ табаҳҳури фаровон дошт ва китоби «Фарҳанги форсии Муъин» (6 ҷилд) аз осори гаронбаҳои ӯст, ба хубӣ аз уҳдаи идомаи ин кори бузургу камназир баромад. Илова бар Деҳхудову ҳамкорони авввалияи ӯ гурӯҳе аз пажӯҳандагони нухбаи илму адаби форсӣ (ҳудуан 50 нафар) тайи беш аз 60 сол дар ҳайати муаллифони Луғатномаи Деҳхудо узвият доштаанд ва ба таҳияи маводду танзими онҳо ва низ тадвину таълифи маводди гирдомада барои «Луғатнома» машғул буданд. То замоне, ки Деҳхудо зинда буд, 4200 сафҳа аз «Луғатнома» таҳия шуда буд, дар ҳоле, ки «Луғатномае», ки имрӯз вуҷуд дорад, дар 50 ҷилд ва 26 ҳазор сафҳа ба чоп расидаст. Ишқи ҷонсӯз ба забону фарҳанги миҳан, дониши фароху жарф ва огаҳийи тамом аз рухдодҳову таҳаввулоти айём авомили аслие дар такомули шахсияти бемонанди Деҳхудо буданд.
Обид Шакурзода,
корманди Энсиклопедияи
миллии Тоҷикистон