Баҳси матбуоти даврӣ ва проблемаҳои замони муосир дар Мизи гирди Пажуҳишгоҳи фарҳанг

Дар Мизи гирде, ки субҳи имрӯз дар Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон баргузор шуд, масоили марбут ба матуботи даврӣ ва таҳлили мушкилоти замони муосир мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Шариф Комилзода, Директори Пажуҳишгоҳ дар суханони ифтитоҳии худ ёдрас шуд, ки Мизи гирд дар остонаи рӯзи матбуот – 11-уми март доир мешавад ва ҳадаф аз он муруре ба вазъи матбуот ва инъикоси масоили мубрами рӯз дар расонаҳои кишвар аст.
Зиннатуллоҳи Исмоилзода, Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар мавзуъи “Такмили ихтисос ва бозомўзии мутахассисон – омили пешравии ВАО” маърӯза кард.
Профессор Мурод Муродов технолоияи замонавӣ ва рушди матбуоти давриро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Ҳозирин дар бораи маҳорат ва касбият дар матбуоти маҳаллӣ аз номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдумуъмин Қутбиддинов нуқтаи назар шуниданд.
Дар ин нишаст забони матбуоти давриро номзади илмҳои филологӣ, дотсент Меҳроб Ҷумъаев ба риштаи таҳлил кашид.
Шоири маруф Зиё Абдулло, устоди Донишгоҳи миллӣ Қироншоҳ Шарифзода ва дигарон дар бахши ниҳоии нишаст дар бораи вазъи матбуоти имрӯз ва доираи масъалаҳое, ки дар Мизи гирд мавриди суҳбат қарор гирифт, ибрози назар намуданд.
Ҳамзамон бо Мизи гирд дар Пажуҳишгоҳ намоиши китобҳои тозанашр таҳти унвони “Матбуот оинаи миллат” низ баргузор шуд

барчасп: