Рӯзе баъд аз “Рӯзи Модар”: Сурудаҳои наву куҳан дар ситоиши модарон

ВОЛОТАР АЗ ҲАМА

Як дами ҷон костани модарон
Беҳ зи ҳама муъҷизи пайғамбарон.

Як нигаҳи шуълавари модарон
Беҳ зи ҳама анҷумани ахтарон.

Як сухани бонамаки модарон
Беҳ зи ҳама ҳикмати донишварон.

Як асари маслиҳати модарон
Беҳ зи ҳама доварии доварон.

Як ҳунари ҳамдамии модарон
Беҳ зи ҳама ҷодуи санъатгарон.

Як нафаси сӯхтани модарон
Беҳ зи ҳама сӯзи дили шоирон.

Як табусӯзи ҷигари модарон
Беҳ зи ҷигардории сарлашкарон.

Як мадади фотиҳаи модарон
Беҳ зи мададгории соҳибсарон.

Як қадами беалами модарон
Беҳ зи ҳама шаш ҷиҳати бекарон.

Пас, ба қадамҳои шумо, модарон,
Хок шаванд аз ҳама волотарон.

Пас, ба қадамҳои шумо, модарон,
Кавну макон бод фидо, модарон!

ҚАСИДАИ МОДАР

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

Бишнид гар садоям дунёи сахтгӯшон,
Ангезаест шояд аз аллаҳои модар.

Гар шеъраке сурудам аз буду аз набудам,
Дар тинатам сиришта сӯзу навои модар.

Оғози офариниш дар раҳми ӯст, з-ин рӯ
Сад достон барояд аз як ҳиҷои модар.

Ман як нафас набошам бе ёди зоти қудсаш,
Аз сарсупурдагонам, ҷонам фидои модар.

Аз сатвату зи шуҳрат гар бар фалак занам сар,
Таъзим мекунам боз дар пеши пои модар.

Хира бар он касонам, к-аз хештан ризоянд,
Як бор ношунида ҳарфи ризои модар.

Ғофил аз он, ки хуршед аз Шарқ барнахезад,
Бошад тулӯъгоҳаш аз хокҷои модар.

Гардун сафо надорад, чашмаш зиё надорад,
Гар дар замин набошад нуру зиёи модар.

Дунё бақо надорад, аммо ба рағми сад марг
Бошад бақои олам маҳзи бақои модар.

Монад замин зи сайрон, афлок ҳам зи даврон,
Гар як нафас наҷунбад дасти сахои модар.

Дунё чи норасо буд, ҳастӣ чи носазо буд,
Халлоқ гар намебуд меҳри расои модар.

Тобад замини паҳно чун дашти хушксоре,
Ашке агар нарезад аз дидаҳои модар.

Як ахтаре нарахшад дар тоқи чархи мину
Бе шуълаи нигоҳи толеънамои модар.

Беинтиҳост дунё аз он, ки сӯи некӣ
Ҳеҷ интиҳо надорад ҳеҷ ибтидои модар.

Ҷуз чордарди зодан дарди дигар нахоҳад –
Аз чор самти дунё ояд садои модар.

Шоҳу гадо намонда дар аҳди мо, валекин
Мурданд ҷумла шоҳон охир гадои модар.

Ғамхору ғамшарикон аз мӯи сар зиёданд,
Аммо ба рӯзи сахтӣ холист ҷои модар.

Гар шоирони олам якҷо мадеҳа гӯянд,
Як байт ҳам наарзад андар санои модар.

Аз мармару забарҷад гар пайкара тарошанд,
Кай мекунад таҷассум ранҷу анои модар.

Фарзандгони хомаш кайҳонкушоӣ карданд,
Аз як нигоҳи дилкаш ё дилкушои модар.

Тифлони ғарқи ганҷаш дарёфтанд охир
Дунё ҷаве наарзад андар баҳои модар.

Оламситонаконаш, гарданшикастагонаш
Рафтанд, чун шикастанд аҳду вафои модар.

Дар ҷангҳои дунё уммедҳош мурданд,
Ҷовид лек зиндаст уммедҳои модар.

Дарду балои дунё бигрифт модари зор,
Нагрифт лек дунё дарду балои модар.

Гоҳо ҷафо кунад то одам шавем, илоҳо,
Дигар ҷафо намонад ғайр аз ҷафои модар.

То як шаванд халқон дар зери чархи гардон,
Бинед, яккатозон қадди дутои модар.

Ғамноку хокбарсар з-онам, ки ҳафт дарё
Аз гиря чун нахушкад рӯзи азои модар!?

* * *

Будӣ дунёи ману рафтӣ зи дунё, модарам,
Ман бурун аз хоку ту дар хок танҳо, модарам.

Аз канорат то шудам маҳрум дар айёми гул,
Шуд канорам аз сиришки шӯр дарё, модарам.

Дар баҳоре, ки табиат чун ҷавонӣ хандарӯст,
Гирярӯям дар ғамат дар боғи гулҳо, модарам.

Дар ҷавонӣ дасти шафқат аз сарам бардоштӣ,
Бекасам бигзоштӣ дар роҳи фардо, модарам.

Рӯхарошон сохтӣ, гесӯпарешон сохтӣ,
Қоматам кардӣ дуто, эй ганҷи якто, модарам.

Меҳрубониҳои дунё бо ту зери хок рафт,
Кас наёзад сӯи ман дасти тасалло, модарам.

Пасту болои ҷаҳон болои ҳам ғам медиҳад,
Бо ту яксон менамуд ин пасту боло, модарам.

Ҳамчу гӯри ту дилам аз орзуҳо сард шуд,
Эй ҷаҳони содаи ишқу таманно, модарам.

Зуд рафтӣ, зуд рафтӣ аз ҷаҳони ношикеб,
Ношикебо модарам, эй ношикебо, модарам.

Рафт дар тобути ту ҳам буд, ҳам нобуди ман,
Воалам аз дасти дунёи фиребо, модарам.

Бурдӣ аз лаб хандаам, эй шуълаи ояндаам,
Водареғо, модарам, сад водареғо, модарам!

Ато Мирхоҷа

Агар модар набошад, зиндагӣ нест,
Маҳу хуршедро тобандагӣ нест.
Набинад мақдами инсон биҳиште,
Ду оламро ягон арзандагӣ нест.

Бигӯ шукронаи хоҳар шуданро,
Бигӯ шукронаи духтар шуданро.
Худовандо, ба ҳар як духтаре бахш
Саодатмандии модар шуданро.

Озар

МОДАР ФАРИШТА БУД

Модар фаришта буд фақат болу пар надошт,
Шояд, ки дошт болу пар, аммо хабар надошт.
Ё дошт огаҳӣ зи пару боли хеш, лек,
Майли ҷудо шудан зи ману аз падар надошт...
Дар кӯдакӣ ба модари худ хостам барам,
Як ҳадя, лек ҷайби ман он лаҳза зар надошт.
Зар ёфтам ба гоҳи ҷавониву он замон,
Ҷуз ишқи ёр сина ҳавои дигар надошт,
Вақте ба ёди ҳадя фитодам, ки модарам,
Рӯи лабаш ба ғайри "видоъ эй писар" надошт..

Иззатманд Саломиён

МОДАР....

Дар ҳар сухан ки мадҳи ту дорад ба ҳар забон
Бо ҳар сифат ки «Нек..»-у «Хуш..» аст муҳтавои он
Аз гиру дори зиндагию аз фишори он
Ёдат агар накардаам
Модар, маро бубахш

Ҳар гаҳ ки тифли субҳи муборакқадам зи шарқ
Бар ҳар канору гӯшаи дунё диҳад салом
Бар куҳу дашту хушкию дарё диҳад паём
Ёдат агар накардаам,
Модар, маро бубахш

Ҳар гаҳ ки офтоб сари зарнигори хеш
Бар пойбӯси даргаҳи ин хок судааст
Олам суруди зиндагии нав сурудааст
Ёдат агар накардаам
Модар маро бубахш
Килки шафақ ба домани нилии осмон
Ҳар гаҳ ки ранги сурх ба рухсор мекашад
Бо хуни лола нақши гули нор мекашад
Ёдат агар накардаам
Модар,маро бубахш

Ҳар гаҳ ки вақт ҷомаи танро кунад сиёҳ
Поён расад таронаи як рӯзи мурғакон
Дар маҳфили саодату ёрону хушдилон
Ёдат агар накардаам
Модар, маро бубахш.

Ҳар шаб ки нури лутф сарозер мешавад
Монади шири сарзада аз ташти моҳтоб
Олам ба руй хеш кашад зарҳалин ниқоб
Ёдат агар накардаам
Модар, маро бубахш
Дар ҳар сухан ки мадҳи ту дорад дар ин забон
Бо ҳар сифат ки «Нек»-у «Хуш» аст муҳтавои он
Дар гиру дори зиндагӣ ё аз фишори он
Ёдат агар накардаам
Модар,маро бубахш

Нуралӣ Нурзод

Рўзи милоди ту эй модар, муборак бод, бод
Давлати ин субҳи бахтовар муборак бод, бод!

Аз қудумат мерасад атри гули боғи биҳишт,
Ин паёми поки пайғамбар муборак бод, бод!

Доманат беруншуданрохи парешонхотирист,
Партави ин рўзи саъдахтар муборак бод, бод.

Аз ҳузури меҳрпайванди навозишталъатат,
Тарки ғурбат, марги ғамлашкар муборак бод, бод.

Мечакад борони эҳсони ту аз гардуни мехр,
Шавкати ин оби нурофар муборак бод, бод.

Аз дуои туст қудратёрии парвозҳо,
Нусрати симурғи симинпар муборак бод, бод!

Адиба Азиз

БА ГУЛХОРАШ МУҲАББАТ ДОРАМ, ОЧА...

Нахоҳам базми ҷанги майгусорон,
Нахоҳам рақси танги гулъузорон.
Ба ёдам ашкҳои модар овард,
Ҳамин шаб гиряҳои талхи борон.

Зи бори сарнавиштат хастаӣ ту,
Дарахти сархаму бишкастаӣ ту,
Замоне як ниҳоли сабз будӣ,
Ба пуштат бори ғамро бастаӣ ту?

Аё модар, бимирам пеши поят,
Фидоят мешавам, охир фидоят.
Бубахшо модаро дар деҳа мондӣ,
Набудам духтари хубе бароят.

Дигар гаҳвораат холист, модар,
Ҳама фарзандҳо мурғони пар-пар.
Дигар дар гирди хонат кӯдаке нест,
Нигоҳат меравад то дастаи дар!

Саҳар аз шаҳри бемеҳри пурошуб,
Аз ин марди ҳаваспардози нохуб.
Кабутар мешавам, парвоз дорам,
Бишинам рӯи боми пурхасу чуб.

Дарамро мекушоӣ, модари ман!
Ғамамро мезудоӣ, модари ман!
Лаби домони покат сар гузорам,
Биҳиште аз худоӣ, модари ман.

Шибиту зира дорад деҳаи ман,
Хавои тира дорад деҳаи ман.
Наёзорад маро ҳатто саги нав,
Навори хира дорад деҳаи ман.

Ба гулхораш муҳаббат дорам, оча,
Ба девораш муҳаббат дорам, оча!
Дарахти себи мо гул карда он ҷо,
Ба ҷӯбораш муҳаббат дорам, оча!

Марав аз осмони дида, ай маҳ,
Гуселам мекунад кӣ то сари раҳ?
Мабодо лаҳзае, ки модари ман,
Равад бар пуштаҳои дур ногаҳ.

Агарчанде маро ҳам хола бошад,
Худоё, модарам садсола бошад!
Дар ин шабҳои борон боми модар,
Амон аз барфу боду жола бошад.

барчасп: