Вазири фарҳанг: Аз 450 рӯзномаву маҷаллае, ки ҳоло дар кишвар чоп мешавад, 275 тои он ҷамъиятиву хусусист

Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик, баъди зуҳри имрӯз дар бинои театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ бо суханони муқаддимавии Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода оғоз шуд.

Дар бораи ин ҷаласа матлабе хоҳем дошт. Аммо ҳоло суханронии ифтитоҳии Вазири фарҳанг, ки худ як таҳлили фарогири вазъи матбуот дар кишвар ва дурнамои он мебошад, пешкаши шумо мегардонем.

***   ***   ***

Бо як ҷаҳон таманниёти нек кулли рӯзноманигорон, аҳли эҷоду суханро ба муносибати иди касбӣ - Рӯзи матбуоти тоҷик, ки дар арафаи ҷашни бузурги миллиамон – Наврӯзи Аҷам таҷлил мегардад, табрику таҳният мегӯям.

Бешак, дар ҷомеаи демократӣ, матбуот аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа буда, нақши он баҳри расонидани иттилооти воқеӣ, раванди демократикунонӣ ва ташаккули афкори ҷомеа хеле муҳим мебошад.

Боиси сарфарозист, ки тӯли солҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон васоити ахбори омма ва табъу нашр, чун дигар соҳаҳои илму фарҳанги кишвар ба дигаргуниҳои сифативу миқдорӣ рӯ ба рӯ гашт ва то андозае хусусияти худро тағйир ҳам дод.

Имрӯз манзалати матбуоти тоҷик баланд гардида, қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи муллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ», «Дар бораи табъу нашр» барои фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма шароити муносибро фарҳам овард.

Бояд тазаккур дод, ки дар заминаи маҷмӯи асноди ҳуқуқӣ, низоми васоити ахбори омма, хусусан матбуоти даврӣ, ки дар замони шӯравӣ шакли ягонаро ташкил медод, гуногуншакл гардид. Аз як ҷониб, истиқлолияти давлатӣ, аз ҷониби дигар асноди ҳуқуқӣ боис гардиданд, ки низоми матбуоти тоҷик ҳам аз ҷиҳати шакли нашрияҳо, таъиноти онҳо, теъдоди рӯзномаву маҷаллаҳо дигаргун шавад ва рушд ёбад.

Барои далел, агар дар соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 191 адад рӯзномаву маҷалла интишор мегардид, имрӯз наздик ба 450 рӯзномаву маҷалла ба табъ мерасад, ки аз ин теъдод 275 тоаш ҷамъиятиву хусусӣ мебошад. Дар солҳои аввали истиқлолият дар кишвар танҳо 1 оҷонсӣ фаъолият мекард, имрӯз теъдоди онҳо ба 11 адад расидааст, ки 10 оҷонсӣ ғайриҳукуматӣ аст.

Ин пешравиҳо дар васоити ахбори электронӣ аз ин бештар ба назар мерасанд. Масалан, дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон танҳо 1 шабакаи радиоӣ ва 1 шабакаи телевизионӣ мавҷуд буд, ки бо вақти маҳдуд пахш мегардиданд. Ҳоло дар кишвари соҳибистиқлоли мо 46 шабакаҳои радиотелевизионӣ амал мекунанд, ки аз ин миқдор 28 шабакааш хусусӣ аст. Ҳамчунин вақти пахш барои шабакаҳои телевизионӣ зиёд гардида, барои шабакаҳои радиоӣ шабонарӯзӣ шудааст.

Дар муқоиса бо дигар соҳаҳои иқтисодиёт рушди телекоммуникатсия дар Тоҷикистон бо суръати баланд идома дорад ва ин ба ташаккули бобарори инфраструктураи хизматрасониҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд.

Мавриди зикри хос аст, ки таъсиси муассисаҳои нави телевизионӣ дар фазои иттилоотии кишвар аз қабили Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», Телевизиони бачагону наврасон «Баҳористон», Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш», телевизиони «Футбол», Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» дар баробари шабакаҳои дигари давлатии телевизион ва радио дастоварди беназир маҳсуб ёфта, қадами бузурге дар роҳи таъмини амнияти иттилоотӣ ва ғанӣ гардонидани фазои иттилоотии кишвар мебошад.

Зимнан, бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омода намудани кадрҳои соҳа «Академияи васоити ахбори умум» таъсис дода шуда, бо назардошти аҳамияти бузурги воситаҳои ахбори омма дар марҳилаи кунунии рушди ҷомеа ва афзоиши таъсири онҳо ба афкори аҳли ҷамъият аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин «Барномаи давлатии омоданамоии кадрҳои васоити ахбори омма дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017» ва «Барномаи давлатии рушди технологияҳои иттиолотию комуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардидааст, ки бешак барои рушди васоити ахбори омма нақши бориз доранд.

Ҳамзамон, таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи Садриддин Айнӣ ва Ҷоизаи Лоҳутии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон нишони қадрдонӣ аз хизматҳои арзандаву шоён дар соҳаи воситаҳои ахбори умум буда, ба тасвиб расидани Фармону Амри Президенти мамлакат «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии васоити ахбори омма», «Оид ба ташкил ва баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ», баёнгари эътибори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи матбуот ва воситаҳои ахбори омма аст.

Дӯстони азиз!

Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матбуотро ҳамчун сипари давлат арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки «Манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки васоити ахбори ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва амнияти давлат ба ҷомеа хизмат кунанд».

Дар ҳақиқат, дар замони муосир барои ҳар як мамлакат таъмини бехатарии иттилоотӣ аз масъалаи муҳим маҳсуб ёфта, нақши расонаҳо дар инъикоси ҳаёти ҷомеа ва раванди ислоҳоти давлатӣ ва ташаккули афкори ҷомеа басо муҳим арзёбӣ гардида, барои муқовимат намудан аз ҳар гуна равандҳои номатлуб ва дифоъ намудани ҷомеа аз он, васоити ахбори омма бояд нақши муассир ва самарабахш дошта бошад.

Зарурати қонеъ гардондани ниёзҳои иттилотии давлат ва ҷомеа мақоми махсуси воситаҳои ахбори оммаро муайян мекунад, чунки васоити ахбори омма имкониятҳои зиёдеро барои пешбурди сиёсати иттилоотию равонӣ ва иттилоотию имиҷии давлатро доранд.

Дар раванди ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии воситаҳои ахбори омма ин баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ, дастгирӣ ва рушди анъанаҳои асил ва фарҳанги миллии тоҷикистониён буда, дар ин замина, барои амалӣ гардидани ин вазифаҳо воситаҳои ахбори омма аз ҳама имтиёзҳо ва дастгириҳо бархурдор мебошанд.

Матбуот ҳамчун инъикосгари манфиатҳои давлат бояд воситае бошад байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои иҷтимоии ҷомеа, чунки он ба ҳайси оинаи миллат дар баррасиву муаррифии тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа нақши калидӣ дорад ва он қодир аст бо сухани созандаву саривақтӣ ва саҳеҳу нишонрас рисолати худро дар назди халқу ватан сарбаландона иҷро намояд.

Дар ин замина, нақши аҳли қалам, Вазорати фарҳанг, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Шӯрои васоити ахбори омма ва Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи миллии Тоҷикистон бояд боз ҳам назаррас бошад.

Ҳозирини гиромӣ,

Соли ҷорӣ миллати сарбаланди тоҷик 20-солагии Ваҳдати миллиро таҷлил менамояд ва бояд иброз намуд, ки барои расидан ба ин дастоварди миллӣ, ҳамзамон саҳми кормандони воситаҳои ахбори омма низ шоиста аст.

Итминони комил дорем, ки воситаҳои ахбори омма минбаъд низ дар амалӣ гаштани ҳадафҳои неки сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ саҳми арзанда мегузоранд ва бори дигар ҳузури ҳар яке аз Шумоёнро дар ин чорабинӣ хайра мақдам гуфта, бо як ҷаҳон таманниёти нек ба Шумоён ва аҳли хонаводаатон саодатмандӣ, барори кору тавфиқ, хонаи обод ва рӯзгори пурфайзро орзу менамоям.

Сарбаланду комёб бошед. Ташаккур.

барчасп: