Доир ба ҳусну қубҳи забони матбуот

Дар давоми зиёда аз сад соли охир, дақиқтараш дар муддати 105 соле, ки матбуоти тоҷик арзи вуҷуд дорад, забони матбуот низ ҷузъи муҳими забони адабӣ гардидааст, яъне дар маҷрои инкишофи забони адабии тоҷик рўзноманигорӣ равияи нисбатан навест, ки дар ибтидои қарни гузашта ба миён омада такмил ёфтааст ва чун як ҷанбаи хосаи услубиёти забон тадриҷан шакл шакл мегирад. Ҳарчанд дар солҳои охир забони матбуот дар байни олимони забоншинос ва умуман муҳаққиқону аҳли илму адаб баҳсҳои зиёд ба вуҷуд овардааст, аммо матбуот ҳамчун шакли классикии васоити ахбори омма дар тарғиби забони миллӣ нақши муҳим дорад. Аз замони пайдоиши нахустин рўзномаи тоҷикӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ – “Бухорои Шариф” то имрўз умдатарин проблемаҳои забон маҳз дар саҳифаҳои матбуот мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Баҳсҳои олимону рўшанфикрон дар охири солҳои 20-ум ва аввали солҳои 30-юми асри ХХ дар бораи ташаккули забони адабии муосири тоҷик, дар бораи алифбои нави забони тоҷикӣ, дар бораи истилоҳоти забон ва ба талаботи замони нав ҷавобгў будани забони китобҳои дарсӣдар матбуот ба вуҷуд омада буданд.

Инчунин баҳсҳои аҳли илму адаб дар охири солҳои 80-уми қарни ХХ дар бораи додани мақоми давлатӣ ба забони тоҷикӣ поку беолоиш нигоҳ доштани он маҳз дар матбуот сурат гирифтаанд. Ба ибораи дигар дар баробари омилҳои зиёди забониву ғайризабонӣ матбуот низ дар ташаккули забони миллии тоҷикӣ саҳми назаррас гузоштааст. Инчунинягон ҷинси журналистика–чи матбуот, чи радио, чи телевизион ва дар шароити кунунӣ журналистикаи чандрасонаӣ ё мултимедиявӣ низ бе забон вуҷуд дошта наметавонад, зеро дар шароити авҷи тараққиёти техникаю технология ҳам ҷузъитарин иттилоъро бидуни забон ба аудитория расондан имконнопазир аст. Аз ин рў метавон гуфт, ки агар дар сад соли охир забон барои пашрафту тараққиёти матбуот мусоидат намуда бошад, матбуот низ дар навбати худ барои пешрафти забон саҳм гузоштааст. Махсусан, нақши матбуот дар бедории афкори зиёиёну равшанфикрони давраи нави тоҷик, дар сухандониву сухангустарии мардум, дар маърифатнокии ҷомеа ниҳоят бузург аст. Дар баробари ин дар сад соли охир дар ҳаёти башарият дигаргуниҳои зиёд ба вуҷуд омаданд. Ҷамъияти инсонӣ бо суръати кайҳонӣ пеш рафт. Матбуот на танҳо ин пешрафту тараққиётро дар саҳифаҳои худ инъикос намуд, балки мафҳумҳои ифодакунандаи ҳар як ҳодисаву зуҳуроте, ки дар ҳаёт ба вуҷуд меомад, инчунин мафҳумҳои ифодакунандаи предмету ашёи ҷадиде, ки нав ихтироъ гардида ба ҳаёти инсоният ворид мегардиданд, бори аввал дар саҳифаҳои матбуот инъикос меёфтанд. Аз ин рў метавон гуфт, ки барои ба мардум шиносонидан ва дар забон ҳазм гардидани калимаву истилоҳоти нав, ки дар давоми сад соли охир ба забони тоҷикӣ ворид гардидаанду ифодакунандаи мафҳуму ашё ва ҳодисаҳои нави дар ҷамъият ба вуҷудомада мебошанд, нақши матбуот муассир аст. Ба ибораи дигар матбуот як навъ лабораторияест, ки калимаҳои нави ба забонворидшаванда, дар дастгоҳҳои он коркард шуда, суфтаву сайқал меёбанд, оммафаҳм мешаванд ва ба соҳибони забон пешниҳод мегарданд.

Матбуот барҳақ аслиҳаи тавонои муборизаи идеологии ҷамъият ба шумор рафта, дар тарғиби ғояҳои ҳукумат ва ҳизбҳои сиёсӣ нақши калон мебозад. Дар баробари ин дар барои баланд гардидани донишу маърифат ва завқу салиқаи сухандониву сухангустарии мардум хизмати шоёне анҷом дода метавонад.

Дар байни аҳли эҷод, махсусан журналистон таъбири маҷозие мавҷуд аст, ки “қалам”-ро силоҳи худ меҳисобанд, аммо дар асл силоҳи журналист сухан, яъне забон аст, зеро ҳар шахси эҷодкор маҳз ба воситаи сухани созанда, ба воситаи забони поку беолоиш ва буррову оташин ба дили хонанда роҳ меёбад.Аз ин рў забони матбуоти тоҷик ҳам баёнгари ҳолати имрўза ва тамоюли инкишофи минбаъдаи забони адабӣ мебошад.

Матбуот ҳамеша ҳамқадами ҳаёт буда, ҷараёнҳои сиёсӣ ва рўйдодҳои иҷтимоии замонро, ки ҳар рўзу ҳар соат ба амал меоянд, зуд ва фаврӣ акс менамояд. Маводе, ки барои матбуот пешбинӣ мешавад, бояд ба забони сода, ҳамафаҳм ва таъсирбахш навишта шавад, зеро матбуот ба оммаи васеи мардум, ки дорои савияи гуногуни дониш мебошанд, нигаронида мешавад. Гурўҳе онро ҳангоми сафар дар нақлиёт (дар автобус, троллейбус, ҳавопаймо ва ғ.), иддае ҳини танаффуси корӣ, зумрае баъди фориғ шудан аз меҳнати рўзона баъди хўроки шом ё пеш аз хоб қироат мекунанд. Ба ибораи дигар ҳангоми мутолиаи рўзнома имкони зиёд фикр кардан, маънои ин ё он калимаи номафҳумро аз луғатҳо ҷустуҷў намудан вуҷуд надорад. Ин ҳама талаб мекунад, ки забони рўзномаҳо сода ва оммафаҳм бошад, то хонандагон ҳар як маводи рўзномаро бе ҳеҷ душворӣ ва бо шавқи зиёд мутолиа намоянд, аз он файзёбу баҳраманд гарданд.

Ба ибораи дигар, васоити ахбори умум на танҳо муҳимтарин дастгоҳи тарғиби афкор ва идеология, балки тарғибгари забону фарҳанги миллӣ низ мебошанд. Ҳар хатои забоние, ки дар васоити ахбори умум сар мезанад, ба зудӣ оммавӣ хоҳад шуд,зеро барномаҳои радиою телевизионро қариб тамоми мардум мешунаванд ё тамошо мекунанд, рўзномаву маҷаллаҳоро қишрҳои мухталифи ҷомеа мутолиа менамоянд. Мардум ба васоити ахбори умум бовару эътиқоди калон доранд ва ба кормандони он зиёд пайравӣ мекунанд. Бисёр вақт ҳар гуфта ё ҳар навиштаи кормандони васоити ахбори умум, сарфи назар аз он ки дуруст аст ё ғалат, аз тарафи мардум ҳамчун меъёр қабул гардида ба зудӣ оммавӣ мешавад. Аз ин рў, кормандони васоити ахбори умум ҳамчун тарғибгари забону фарҳанги миллӣ низ дар назди халқу Ватан масъулияти бузург доранд. Ҳар чизе, ки онҳо мегўянд ё менависанд, бояд дар тарозуи ақл санҷида сипас баён гардад ё рўйи қоғаз оварда шавад. Ба ибораи дигар, ҳар корманди васоити ахбори омма бояд забони адабиро хуб донадва аз услубиёти он бархўрдор бошад.

Агар дар маҷмўъ ба забони матбуот назар кунем, он сол то сол беҳтар шуда истодааст, яъне назар ба охири солҳои 90-уми аври ХХ, ки давраи нави инкишофи матбуоти миллӣ ба ҳисоб меравад, имрўз забони матбуот хеле суфтаву сайқал ёфтааст. Вале, мутаассифона, на ҳама нуқсонҳои забонии мутбуот бартараф гардидаанд. То ҳанўз дар бархе аз нашрияҳои даврӣ мақолаҳое ба табъ мерасанд, ки аз гаштаву баргашта хондани онҳо маъние ҳосил намегардад. Сабаб дар он аст, ки баъзе аз рўзноманигорон муҳимтарин талаботи услуби публисистика – соддагӣ, равонӣ ва суфтагии тарзи баёнро ба инобат намегиранд. Аз тарафи дигар, агар баъзе аз рўзноманигорон навиштаҳои худро бо калимаҳои душворфаҳми арабӣ «зебу оро диҳанд», гурўҳи дигар истифодаи калимаҳои русию аврупоиро авло медонанд, гурўҳи сеюм бошанд бо сабке сухан меронанд, ки дарки маъноро ба хонанда душвор мегардонад.  

Ғалатҳои имлоиву аломатҳои китобат ва хатоҳои техникӣ ҳам дар забони матбуоти зиёд ба назар мерасанд. Шояд ба назари баъзеҳо ин ё он мафҳумро бо забони тоҷикӣ саҳеҳ баён кардан ғайриимкон бошад, ки онҳо истифодаи калимаҳои душворфаҳми забонҳои дигар ва ба рўҳу табиати забони тоҷикӣ бегонаро авло медонанд. Вале ҳангоме ки сухан дар дар бораи забон меравад, бояд як чизро ба эътибор гирем: дар мусиқӣ ҳамагӣ ҳафт адвор (нота) мавҷуд аст ва бо ёрии ин ҳафт адвори мусиқӣ чӣ қадар оҳангҳои мўъҷизанок офарида шудаасту боз офарида мешавад. Дар бораи бойигариву ғановати беинтиҳои забон, ки дорои имконоти бузурги лексикию морфологӣ ва синтаксисӣ (грамматикӣ) мебошад, ҳоҷати гап нест. Бо ёрии забон ва услуб журналист на танҳо ҳодисаю воқеаҳо, хислату характер ва қиёфаи зоҳирии қаҳрамонҳоро ба таври дақиқ тасвир мекунад, балки фардияти хоси худро низ зоҳир менамояд. Маҳз забон ва ууслуб имкон фароҳам меорад, ки журналист дар ҷомеа шинохта шавад, шахси машҳуру баобрў гардаду маводи таълифкардаи ў ба маводи дигарон монанд набуда танҳо хоси эҷоди худи ў бошад. Сарчашмаи маҳбубияти фардии журналист низ маҳз дар ҳамин аст. Беҳуда намегўянд, ки услуби нигориши фалон шахси эҷодкор (нависанда, шоир ё журналист).

Инак, 105 сол мешавад, ки дар ҷомеаи мо матбуот арзи вуҷуд дорад. Дар муддати мавҷудияти худ матбуот ҳамеша ҳамқадами замон, ҳамқадами ҷомеа буда, барои пешрафти ҷомеа бо бо сухани созанда нақши муассир гузоштааст. Чунин сухани созандаи матбуотчиён ва кормандони дигар васоити ахбори омма махсусан дар солҳои аввали замони истиқлолият, ки ҷумҳурии мо ба гирдоби кашмакашҳои дохилӣ кашида шуда буд, хеле хуб эҳсос мегардид. Журналистони тоҷик дар ин давра як нерўе буданд, ки на танҳо сиёсати ҳукумати қонуниро тарғиб менамуданд, балки бо сухани созанда мардуми парешони ҷумҳуриро ба ҳам меоварданд. Ҷомеа ҳамеша ба матбуот ва ба сухани созанда эҳтиёҷ дорад. Бовар дорем, ки кормандони матбуот ва дигар ВАО бо сухани созандаи худ минбаъд ҳам дар пешрафтфи ҷомеаи мо саҳм хоҳанд гузошт.

Меҳроб Ҷумъаев

барчасп: