Диди қирғизии Наврӯзи Аҷам

Бо фарорасии айёми хуши баҳорӣ дилҳо аз фараҳу шодкомӣ лабрез мешаванд, ҷашни суннатии ниёкони некноми мо Наврӯзи Аҷам бо бағали пур аз сабзаву гул вориди диёр мегардад. Аз қудумаш хонаву кошона рушан, боғу роғ сабзу тар, оби чашмасору дарё мусаффост. Замини хотиротамон шукуфазор мешавад, ёдҳои наву кӯҳан ба ҳам меоянд ва моро лаҳазоте аз ин олам ба олам рӯъёҳо партов мекунад ва дар пеши назар ин лаҳазот танҳо гулу сабза меояд, ки рамзи хуррамииву нишот аст.

Аммо ин ҷашни ниёкон тадриҷан аз замини форснишинони бузург берун рафтаву қавму миллатҳои ҳамсояро низ фаро гирифт. Ба ҳадде, ки туркнажодон ҳам онро моли худ медонанд. Ахиран расонаҳо мақолаи таҳлилии профессори Донишгоҳи ба номи Форобии Қазоқистон (шаҳри Олмотӣ) Назира Нуртазинаро бо номи “Наврӯз ва унсурҳои арабиву форсӣ дар фарҳанги қазоқ”-ро чоп карданд, ки хеле ҷолиб буд. Бори аввал зарфи чанд даҳсолаи охир як профессори қазоқ иддио мекунад, ки 30 дарсади луғати забони қазоқиро калимаҳои форсӣ ташкил медиҳанд. 70-80 дарсади номҳои қазоқӣ арабиву форсианд.  “Наврӯзро туркон аз Эрон ва мардуми эронинажод гирифтаанд”, - менависад профессори қазоқ Назира Нуртазина.

Дар ҳақиқат Наврӯз ягона ҷашнвораест, ки ин миллатҳои аз қадим ҳамсоя бидуни ихтилофи назар онро пазируфтаанд. Ва аз ҷумлаи ин ҳамсоягон Қирғизистон аст. Дар сӯҳбате, ки бо коршиноси тоҷики муқими Бешкек, сардабири нашрияи «Паёми Аллатао» Қодиршои Муруват доштем, пурсидем, ки Наврӯз дар Қирғизистони ҳамсоя чӣ вижагиҳо дорад?

- Бояд гӯям, ки тибқи пажуҳиши коршиносон ҷашни Наврӯз аз аҳди пешин дар сарзамини кунунии Қирғизистон бо ҳамин ном таҷлил мешудааст. Фарқияте, ки дар ин росто ба мушоҳида мерасад, он аст, ки қирғизҳо ин идро бо таваҷҷӯҳ ба вижагиҳои забонии худ «Нооруз» ёд менамоянд. Мутаасифона, дар Қирғизистон чун дар соир ҷумҳуриҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар даврони шуравии собиқ баргузории маросимҳои Наврӯзӣ мамнӯъ шуда буд. Вале боз ҳам мардуми деҳоти манотиқи ҷанубии ин ҷумҳурӣ бо номҳои дигар чун оғози баҳор, иди бобои деҳқон ва шурӯъи кишти баҳорӣ онро гиромӣ медоштанд. Чунончӣ, Саидазим Пулодӣ, сокини деҳаи Учқурғони ноҳияи Қадамҷо дар  хотироти худ ёдовар шудааст, ки деҳқонон дар айёми фарорасии 21 март ба саҳро баромада, зимни анҷоми умури кишоварзӣ Наврӯзро таҷлил менамуданд. Пулодӣ , ки аз ҷумлаи тоҷиктаборони баруманди ин диёр буда,  холо синаш аз 80 гузаштааст, дар китоби худ «Умри гузашта, роҳи тайкарда» менависад: «Дар таҷлили иди Наврӯз  тоҷикону узбекҳо ва қирғизҳои ҳамсояқишлоқҳо ширкат мекарданд».

- Пас метавон гуфт, ки Наврӯзе, ки имрӯз Қирғизистон ҷашн мегирад, Наврӯзи эҳёшуда баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ аст? 

- Дуруст аст. Пас аз касби истиқлол дар соли 1991 дар Қирғизистон Наврӯз дубора ҷойгоҳи аслии худро пайдо кард. Дар ҳамон сол бо дастури Аскар Оқоев, раиси ҷумҳури вақти Қирғизистон Наврӯз ба унвони ҷашни миллӣ  таъин шуда, 21 март айёми таътил эълом гардид. Аз он ба баъд дар саросари ин кишвар маросимҳои густрурдаи наврӯзӣ баргузор шуда, ҳазорҳо одамон ба майдонҳо баромада, хушҳолӣ мекунанд.

 - Чӣ суннатҳои хоси наврӯзӣ дар Қирғизистон ба мушоҳида мерасад ва чӣ умумиятҳои бо Наврӯзи Тоҷикистон дорад?

- Тайи чанд соли ахир бар асари таваҷҷӯҳи давлат ва саъюу талоши фарҳангиён дар Қирғизистон ойин ва суннатҳои фаромӯшшудаи наврӯзӣ аз сари нав эҳё шуда, шакли миллиро касб мекунанд. Қирғизҳо, ки аз замонҳои қадим дар ҳамсоягӣ бо тоҷикон зиндагӣ доранд,  аксар маросиму анъанаҳои наврӯзии моро  қабул карда, то имрӯз иҷро менамоянд. Чунончӣ, қигизҳо қабл аз фарорасии иди Наврӯз манозили худро тамиз карда, либоси тару тоза ба тан менамоянд. Онҳо мӯътақиданд, ки истиқболи шоиста аз Наврӯз ба кас саодату хушбахтӣ ато мекунад. Инчунин қирғизҳо ақида доранд одамони қаҳриву озурда бояд дар ин айём оштӣ намуда, кудуратро аз қалбҳояшон берун созанд.

Таҳияи ғизои рамзии ҷашни Наврӯз низ миёни қабоили қирғизӣ аз қадим то ба имрӯз побарҷо буда, шеваи пӯхтани он низ ба тарзи тоҷикии суманак шабоҳат дорад. Ба шеваи қирғизӣ ин ғизоро «сумелек» мегӯянд ва он дар дегҳои бузург пӯхта мешавад. Дар рӯзи ҷашни Наврӯз суманакро миёни хурду бузург тақсим намуда , чун таманнои файзу баракати фасли баҳору сол аз он мечашанд.

- Пойтахти Қирғизистон Наврӯзгоҳ дорад ва ё ҳар сол ҳар ҷо он баргузор мешавад?

- Аслан бо чунин ном мавзеъ ин ҷо алҳол вуҷуд надорад, вале дар солҳои истиқлолият Майдони Алатоу ба  маркази баргузории ҷашни Наврӯз дар Бишкек ва кишвар табдил ёфта аст. Қабл аз зӯҳри 21 март дар ин майдони бузург маросими театрикунонидашудаи наврӯзӣ баргузор мешавад. Дар ин чорабинӣ тамоми мақомоти олирутбаи ҷумҳурӣ ширкат намуда, маҳз аз ҳамин ҷо телевизиони миллӣ ба таври мустақим табрикоти Раиси Ҷумҳур ба мардумро пахш менамояд. Дар ин намоиш дипломатҳои кишварҳои хориҷии муқими Бишкек низ даъват шуда, барномаҳои фарҳангии наврӯзиро ба таври зинда тамошо мекунанд.

- Ҷойгоҳи қавму миллатҳои дигар дар баргузории ин ҷашнвораи таърихӣ куҷост?

- Бо ибтикори Вазорати умури хориҷии Қирғизистон тайи бештар аз панҷ соли ахир дар яке аз тафреҳгоҳҳои Бишкек маросими наврӯзии ниҳодҳои дипломатӣ баргузор мешавад. Дар ин чорабинӣ сафоратхонаҳои кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ҷамъ омада, суннату ойинҳои хосаи худро дар маърази тамошо қарор медиҳанд. Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон дар якҷоягӣ бо фаъолони Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ аз тариқи оростани суфраи наврӯзӣ маросимҳои вижаи гузаштагонро пешкаши меҳмонон мекунанд.Дар наврузи имсол низ кормандони Сафоратхонаи Точикистон якчо бо фаъолони созмони ба номи устод Рудаки чашни Наврузро басо густурдаву хотирмон доир намуданд.  Чунин иқдомот барои ривоҷи анъанаҳои нави наврузӣ миёни кирғизҳо ва соир қавмиятҳои сокини ин ҷумҳурӣ  мусоидат мекунад.

Масалан, ошноии қирғизҳо бо суфраи ҳафтсин ва ҳафтшин, ки эрониҳо ва тоҷикони муқими ин кишвар  дар ин айём ороста мекунанд, алоқамандии онҳоро ба ин суннат афзоиш додааст. Ҳоло дар миёни худи қирғизҳо зиёд афродеро метавон вохӯрд, ки фалсафаи айёми Наврӯзро бештар мувоҷеҳ шуда, аз ин гуна ойинҳо  пайравӣ менамоянд.

Муҳим аз ҳама он нукта аст, ки сокинони Қирғизистон сидқан Наврӯзро дӯст медоранд ва ба он чун эҳёи табиат ва ботини инсонҳо ишқ меварзанд. Дар як вақт онҳо иброз медоранд, ки бунёнгузори Наврӯз ақвоми форсизабон мебошанд, ки гузаштагонашон дар дуриҳои дур таҷлили ин айёми хуҷастаро оғоз карданд. Дар матолибе, ки донишмандону коршиносони қирғиз пиромуни ин ҷашн таълиф мекунанд, ҳамеша бар ин нукта таъкид доранд, ки Наврӯз истилоҳи баргирифта аз форсӣ- тоҷикӣ буда, маънояш рӯзи нав, соли нав ва зиндагии нав аст.

- Ташаккури зиёд Қодирҷон барои ин сӯҳбати самимӣ ва муфид. Наврӯз ба Шумову хонаводаи арҷмандатон муборак бошад!

- Ба шумо ҳам муборак бошад.  

Сӯҳбати Бобоҷони Шафеъ

барчасп: